толеънома

Толеъномаи 20-уми декабри соли 2023

Ҳамал

ҳамал

Агар худро нотоб ҳис кунед, зудтар аз пайи беҳдошти саломатӣ шавед. Дар ҳама кор аз ҷониби атрофиён дастгирӣ мебинед. Бештар бо дӯстонатон дар робита бошед, вале кореро, ки иҷро карда наметавонед, ваъда надиҳед. Ба вазъият нигоҳ карда амал намоед, ба ҳодисаҳои рухдода мисоли бегона аз дур назорат накунед. Нобарориҳоро ҷасурона қабул намуда, аз гуфтани гапи ҳақ наҳаросед.

Савр

савр

Рӯзи хубест барои рух додани тағйиротҳои куллӣ дар зиндагӣ. Ин тағйиротҳо дар ояндаи шумо нақши ҷиддӣ мебозанд. Нисбати дигарон аз ҳад зиёд хурдагир набошед, вагарна табъатон хира гашта, боиси бемор шудани узвҳои ҳозима мегардад. Ба наздикони худ меҳрубон бошед.

Ҷавзо

ҷавзо

Дар ин рӯз нисбати нафароне, ки нисбати шумо душманӣ ё рӯирост дағалӣ мекунанд, муборизаро оғоз менамоед. Дар баробари ин, дӯстони худ ё ҳамаи онҳоеро, ки бегуноҳ ҷабр дидаанд, пуштибонӣ кардан мехоҳед. Дар ин шабу рӯз кӯшиш намоед, ки гирифтори зуком нагардед.

Саратон

саратон

Бо нафарони даркорие, ки аз илтифоташон пешравии корҳои шумо вобастагӣ дорад, вохӯрда муносибати хуб барқарор менамоед. Робитаҳои дар ин рӯз барқароргашта хеле манфиатовар мегарданд, аз ин лиҳоз, риштаҳои дӯстиро канда насозед. Бар зидди роҳбарият амал накунед.

Асад

асад

Ҳодисаҳои ин рӯз душворанд, вале шуморо ба тағйиротҳое водор месозанд, ки сахт ниёз доштед. Атрофиён нисбати шумо бо дили софу самимияти беандоза рафтор менамоянд, аз вазъият истифода бурда, ҳамкориҳои судмандро ба роҳ монед. Қабл аз гаперо ба даҳон овардан нағзакак андеша намоед.

Сунбула

сумбула

Дар ин рӯз мисоли оҳанрабо диққати атрофиёнро ба худ ҷалб месозед. Чизе гуфтану коре карданатон лозим нест, хомӯшии шумо ҷазобияти бештар дорад. Бо нафарони даркорӣ шинос шуда, барои худ такягоҳ захира намоед. Бо як табассум ё нигоҳ дил ба даст меоред.

Мизон

мизон

Дар ин рӯз бо атрофиён хеле хуб забон ёфта, аз пойи иҷрои корҳои муҳиму аҷиб мегардед. Бо ободонии хонаву дари худ, таъмири мошин машғул шавед. Кореро ба анҷом нарасонида, аз пайи иҷрои кори дигар нашавед, вагарна корҳоятон нотамом мемонанд.

Ақраб

ақраб

Имрӯз навигариҳои гувороро интизор бошед. Дар ҷодаи муҳаббат комёб мегардед ё маблағи пулиеро мегиред, ки кайҳо боз дар интизораш будед ва ё хабари хуш мешунавед. Агар дар дил нақшаву нияте дошта бошед, ҳамин рӯз барои амалӣ кардан хеле бобарор аст.

Қавс

Кӯшиш намоед, ки вақту диққати худро ба корҳои дуюмдараҷа сарф насозед. Дар ин рӯз тамоми диққати худро ба рафъи мушкилиҳои шахсӣ равона созед. Бегоҳирӯзӣ нафареро вомехӯред, ки чанд муддат аз ӯ дурӣ меҷустед. Бо нафароне, ки гирифтори зукоманд, дар як утоқ нишастанро тавсия намедиҳем.

Ҷаддӣ

ҷаддӣ

Дар ин рӯз тобу тоқати шунидани нуқтаи назари дигаронро надоред, қаҳру ғазаб боиси сардшави муносибат бо атрофиёнатон мегардад. Ақидаи дигаронро ба эътибор нагирифтану ғалат шумориданатон ба вазъи молиявӣ таъсири манфӣ расонида, боиси ҷудоӣ бо шахси дӯстдоштаатон мегардад.

Далв

далв

Имрӯз ба доми дасисабозиҳои дигарон афтиданатон имкон дорад. Бегуноҳии худро исбот карданатон маънӣ надорад, беҳуда вақту асабатонро хароб месозед. Дар ин рӯз аз ҷойҳои серодам дурӣ ҷуста, ба баҳсу мунозира ҳамроҳ нашавед ва бо сардор баҳс накунед.

Ҳут

ҳут

Дар ин рӯз бо сабаби сарфи маблағи зиёд байни шумову наздиконатон нофаҳмӣ рух медиҳад. Муноқишае, ки байни шумову дӯстдоштаатон рух медиҳад, муносибатҳои ошиқонаи шуморо ранги тоза мебахшад. Ҳангоми сари қароре омадан ба садои қалби худ гӯш наандозед, беҳтараш аз таҷрибаҳо панд гиред.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *