Клуби «Ҳоҷӣ Шариф» ба Қазоқистон меравад

Дастпарварони Клуби варзишии «Ҳоҷӣ Шариф» дар мусобиқаи бонуфузи байналмилалии даставӣ оид ба гӯштини ҷудо, ки дар шаҳри Алматои Ҷумҳурии Қазоқистон доир мешавад, иштирок менамоянд. Дар ин хусус Федератсияи ҷудои Тоҷикистон хабар медиҳад.

Ин мусобиқа 21 декабр байни 17 клуби ҷудои беҳтарини Аврупо ва Осиё доир мегардад. Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ин мусобиқаи сатҳи баланд Муллораҷаб Халифаев дар вазни то 66 кг, Абубакр Шеров ва Маҳмадшариф Наҷмидинов дар вазни то 73 кг, Курбан Кудиев дар вазни то 81 кг, Умедҷон Раҷабов дар вазни то 90кг ва Раҳмон Мансур дар вазни +100 кг муаррифӣ менамоянд. Хотиррасон мешавем, ки фонди ҷоизавии мусобиқа 100 000 долларро ташкил медиҳад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *