толеънома

Толеъномаи 20-уми октябри соли 2022

Ҳамал (21 март-20 апрел)

Дар ин рӯз уҳдадориву вазифаҳои муҳимро то охир ба анҷом расониданатон лозим меояд. Аксари корҳоятон бо пул алоқамандӣ доранду аз шумо диққати зиёдро талаб мекунанд. Бо вуҷуди асабӣ ва ғазаболуд будан аз ҳама гуна баҳсу мунозираҳо худдорӣ намоед, дар акси ҳол вақту қувваи худро беҳуда сарф мекунед. Бонувон дар ҳалли масъалаҳои муҳим ба маслиҳати нафаре ниёз пайдо мекунанд.

Савр (21 апрел-22 май)

Уҳдадориву вазифаҳои фавран ё муҳим ба рафти корҳои оилавиятон таъсири худро мегузоранд. Мушкилиҳо зиёд мешаванд, вале шумо аз уҳдааш ба хубӣ мебароед. Агар аз баъзе нақшаҳои пешакиятон даст кашидан лозим ояд, руҳафтодаву ғамгин нашавед. Баъзе ҳодисаҳо барои ҳаёти дигарон моҳияти муҳим доранд ва шумо набояд садди роҳи он шавед.

Ҷавзо (23 май-21 июн)

Рӯзи хубест барои рушди корҳои молиявии шумо. Албатта, бе кӯшиш ва заҳмати зиёд ба мақсад намерасед. Ҳама гуна макру ҳилла ба кор намераванд. Дар оилаатон навигариҳо, маъракаву вохӯриҳо зиёд мешаванд. Мардони дар мучали ҷавзо тавлидёфта аз марому нияти нафароне, ки рафтори ғайриодӣ доранд, бохабар шудан мехоҳанд.

Саратон (22 июн-22 июл)

Аз ҳад зиёд содаву зудбовар нашавед ва аз нафарони дурӯяву дурӯғгӯ дурӣ ҷӯед. Вохӯриҳо бо дӯстони наву дерин пур аз эҳсосот мегардад. Дар давоми рӯз муҳаббат омили муҳимтарини ҳолати руҳии шумо мегардад. Мардони дар мучали саратон тавлидёфта аз ҳодисаҳои сарзада ба ҳайрат меоянд. Нақшаву ниятҳоятон тағйир меёбанд.

Асад (23 июл-23 август)

Дар давоми рӯз хабару иттилооти зиёде ба даст меоред, ки муҳимтарин ва муфидтаринашро бояд маҳфуз нигоҳ доред. Ин хабарҳо ба ҳаёти шахсӣ, оила ва касбу кори шумо вобастагӣ доранд. Хабарҳои аз ин муҳимтар ё ҳодисаҳои рӯз бо ҳаёти иҷтимоии шумо алоқаманд аст.

Сунбула (24 август-23 сентябр)

Бо мушкилиҳои дар хона ва ҷои кор сарзада машғул шуданатон лозим меояд. Бо таъмир, беҳбудӣ ва навовариҳои хонаи худ машғул шавед. Бо зане ҳамсуҳбат мегардед, ки ба маслиҳати шумо ниёз пайдо мекунад. Суҳбати муҳимро ба вақти дигар нагузоред, вагарна ҳеҷ гоҳ вақт намеёбед. Ошиқоне, ки дар муҳаббат самимӣ ҳастанд, ранҷу азоби ишқ мекашанд.

Мизон (24 сентябр-23 октябр)

Аз баъзе нияту нақшаҳо, ки сабабгори аз дӯстдоштаи худ ҷудо шуданатон гашта метавонанд, худдорӣ карданатон лозим меояд. Аз хабарҳои нохуше, ки дар ҳаёти пайвандон ё дӯстонатон мешунавед, ғамгин мегардед. Агар садди роҳи ҳодисаҳои сарзада нагардед, имконияти пешравии касбу коратон фароҳам меояд.

Ақраб (24 октябр-22 ноябр)

Мушкилиҳои рӯз ба ҳолати руҳии шумо бетаъсир намемонанд, асабиву ҳассос ва бадҷаҳл мешавед. Дар ин ҳолатҳо кӯшиш намоед, ки  зараратон ба дигарон нарасад. Пешниҳоду даъватномаҳоро рад накунед. Бадкирдориҳои нафаре, ки яке аз ҳамкорони шумо муайян месозад, одамшинос набудани шуморо бори дигар собит месозад.

Қавс (23 ноябр-21 декабр)

Шумо бояд нақшаи хароҷоти худро тартиб диҳед. Бо кори иловагӣ машғул шуда, сарчашмаҳои нави даромадро ҷӯед. Корҳоятон зиёд мешаванд, амалу рафтори ҳамкорон ё мизоҷони худро шарҳ надиҳед. Муносибатҳои оилавии шумо муътадил сурат гирифта, барои сари қарори муҳиме омадан маълумоти кофӣ ба даст меоред. Аз нерӯи нафарони хушчақчақ қувват мегиред.

Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)

Вазъи молиявиатон ба шарте хуб ҷараён мегирад, ки хароҷоти пулии худро ба нақша гирифта тавонед. Агар нияти нася гирифтанро дошта бошед, барои ин кор рӯзи мусоид аст. Дар хонаатон ҳодисаи хуше рух медиҳад. Мардони мучали ҷаддӣ ба саломатии худ диққати ҷиддӣ дода, баъзе нишонаҳои бемориро аз мадди назар набояд дур гузоранд.

Далв (21 январ-20 феврал)

Уҳдадориҳои касбиву корӣ, вохӯриҳо ва кор бо ҳуҷҷатҳо зиёд мегарданд. Саломатии худро аз ҳама гуна инфексия, вирус ва корҳои ҷисмонӣ ҳифз намоед. Хабару иттилооти аҷиб мешунавед. Асабонияту фишори руҳие, ки дар давоми рӯз сар мезанад, бо сабаби он аст, ки шумо барои ояндаи худ ҳарос доред.

Ҳут (21 феврал-20 март)

Нисбати атрофиёни худ сабру таҳаммулро пеша намоед. Либосу ҷиҳози худро аз гумшавӣ эҳтиёт кунед. Аз робита бо нафароне, ки ба шумо майл доранд, дурӣ наҷӯед. Танҳо бо сабабе, ки мушкилиҳои зиёде ба дӯшатон бор гардидааст, гӯшанишин нагардед. Танҳо бо корҳое машғул шавед, ки аз уҳдаашон баромада метавонеду барояшон вақту имконият доред.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *