Тақвими рӯз: Аз оғози сохтмони нақби “Шар-Шар” то Рӯзи ҷаҳонии ошпазҳо

Зодрӯзи шахсиятҳо:

Ғафур СОЛЕҲОВ (1932-1975), 90-солагии зодрӯзи олими соҳаи тиб.

Абдулҳаким АБДУЛЛОЕВ (1927), 95-солагии зодрӯзи олими соҳаи тиб.

Икром ҲАСАНОВ (1937-2003), 85-солагии зодрӯзи олими соҳаи геология ва минерология.

Имомназар МАВЛОННАЗАРОВ (1942), 80-солагии зодрӯзи олими соҳаи техника.

Мирзоқосим РУСТАМОВ (1917-1990), 105-солагии зодрӯзи арбоби ҳизбӣ ва давлатӣ.

Аз таърихи Тоҷикистон:

Соли 1936 — дар Сталинобод вокзали нави дуошёнаи роҳи оҳан ба истифода дода шуд.

Соли 2006 — сохтмони нақби зери ағбаи Шар-Шар оғоз гардид.

Соли 2008 — дар Душанбе дафтари нави САҲА ифтитоҳ ёфт.

Соли 2015 — сохтмони шаҳраки нави Баҳористон дар вилояти Суғд оғоз гардид.

Муҳимтарин чорабиниҳои имрӯзи таърих:

— 3-юми июни соли 2010 Маҷмаи Умумии СММ қатъномаи 64/267-ро қабул карда, ки мувофиқи он 20-уми октябри соли 2010-ро расман Рӯзи ҷаҳонии омор эълон намуд. Ин тасмим бо аҳамияти таҳияи саривақтӣ ва боэътимоди омор ва нишондиҳандаҳо барои чен кардани пешрафт асоснок карда шуд. Қисми зиёди ин маълумот барои қабули қарорҳои асосноки сиёсӣ ва мониторинги ҳадафҳои рушд заминаи заруриро фароҳам меорад. Ин ид ҳар панҷ сол ҷашн гирифта мешавад. Рӯзи дуюми умумиҷаҳонии омор 20-уми октябри соли 2015 таҳти шиори умумии «Беҳтар намудани сифати маълумот, беҳтар намудани сифати зиндагӣ» таҷлил гардид.

— Ҳамасола 20-уми октябр Рӯзи байналмилалии ҳаракати ҳавоӣ таҷлил мешавад. Дар ин рӯзи соли 1961 дар Амстердам Федератсияи байналмилалии ассотсиатсияҳои назоратчиёни ҳаракати ҳавоӣ (IFATCA) таъсис дода шуд. Аз замони таъсисёбӣ шумораи ассотсиатсияҳои аъзои IFATCA ба 137 адад расид, ки онҳоро 50 000 диспетчерҳои ҳаракати ҳавоӣ дар саросари ҷаҳон намояндагӣ мекунанд. Бехатарии мусофирон дар осмон на танҳо дар дасти ҳавонавардон ва техникҳо, балки ин одамони рӯи замин ҳам мебошад. Диспетчерҳои ҳаракати ҳавоӣ масъулияти бузург доранд ва нисбат ба касбияти онҳо талаботи олӣ гузошта мешавад. Ин мутахассисон бояд ҳаракати бехатар ва мураттаби ҳавопаймоҳоро дар рӯи замин ва ҳаво барои пешгирӣ аз бархӯрди онҳо назорат ва таъмин намоянд ва дар ҳолатҳои махсус ба экипажи ҳавопаймо ёрии зарурӣ расонанд.

— Ҳамасола 20-уми октябр ошпазон ва мутахассисони ошпаз аз тамоми гӯшаву канори ҷаҳон иди касбии худ — Рӯзи ошпазҳоро ҷашн мегиранд. Санаи байналхалқӣ соли 2004 бо ташаббуси Ассотсиатсияи умумиҷаҳонии ҷамъиятҳои кулинарӣ таъсис дода шудааст. Ин ташкилот 8 миллион нафар аъзо — намояндагони касби кулинарии мамлакатҳои гуногунро дар бар мегирад. Касби ошпаз яке аз серталабтарин дар ҷаҳон ва яке аз қадимтарин касбҳост.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *