Толеъномаи 20-уми январи соли 2023
Ҳамал (21 март-20 апрел)
Шитобкорӣ дар ин рӯз тавсия дода намешавад, дар баъзе ҳолатҳо ҳатто хатарнок аст. Робитаро бо одамони даркорӣ қавитар созед. Саломатиятон хуб аст, вале ин маънои онро надорад, ки бепарво бошед. Ба пурхӯрӣ роҳ надиҳед. Ҳар дафъае, ки нисбати ҳамсафари ҳаётӣ ё дӯстдоштаатон сухани дуруште мегӯед, оқибаташро андеша намоед. Дар масъалаҳои молиявӣ ба имконияту қувваи худ нигоҳ карда амал намоед.
Савр (21 апрел-22 май)
Кӯшишҳоятон дар ин рӯз самара намедиҳанд. Аз ҷониби нафаре, ки пештар ҳамкорӣ доштед, пешниҳоди хуби корӣ мегиред. Бо ҳар роҳе, ки набошад, боварии шахсии дӯстдоштаатонро аз даст надиҳед, аз дурӯғ ва пинҳонкорӣ худдорӣ намоед. Эҳтимоли хурӯҷ намудани бемориҳои куҳна дар назар аст. Сабаби беморӣ дар ташвиши зиёд ва руҳафтодагӣ аст. Аз ин рӯ, ба асабоният роҳ надиҳед. Вақте расидааст, ки ба муносибатҳои ошиқона рангу нумӯи тоза бахшед.
Ҷавзо (23 май-21 июн)
Аз ҳад зиёд зудбовар нашавед, нафарони зиёде шуморо фиреб кардан мехоҳанд. Дар масъалаҳои корӣ ва молиявӣ қувваву имкониятҳои худро ба назар гиред. Бегоҳирӯзӣ эҳтимоли баландшавии фишори хунатон дар назар аст, агар шумо бемории гипертонӣ дошта бошед, пешакӣ дорувориҳои даркориро бо худ гиред. Аз қаҳва ва сигор даст кашед. Дар корҳои тиҷоратӣ ба макру фиреб роҳ надиҳед.
Саратон (22 июн-22 июл)
Дар ин рӯз ягон ҳодисаи ногувор ва мушкили ҳал ношуданӣ рух намедиҳад. Корҳои молиявӣ бобарор анҷом ёфта, даромади пулӣ имкон дорад. Аз роҳи дур хабари хуш мешунавед. Эҳтимоли сар задани бемориҳои сироятӣ ва зуком дар назар аст. Танҳо пешгирӣ кардани беморӣ боиси он мегардад, ки вақтатон сарфа мешавад ва оқибаташро пешгирӣ менамоед. Дучори мушкилиҳои рӯзгор ва нофаҳмии наздикон мегардед.
Асад (23 июл-23 август)
Воқеаҳои имрӯз ба ошиқон имкон медиҳад, ки тамоми нофаҳмиву муноқишаи байнашон рухдодаро рафъ созанд. Эҳтимоли ҷароҳат бардоштанатон вуҷуд дорад. Бемориҳои дилу рагҳои хунгардро пешгирӣ намоед. Нӯшидани қаҳваи зиёд ва чойи талхро тавсия намедиҳем. Аз робита бо нафароне, ки шуморо асабӣ месозанд, дурӣ ҷӯед. Барои расидан ба мақсад заҳмати зиёд кашиданатон лозим меояд. Бо ҳамкорони худ боэҳтиром бошед.
Сумбула (24 август-23 сентябр)
Нимаи аввали рӯз ба муваффақиятҳои бештаре ноил мегардед. Мутаассифона, баъдан бо одамони воломақом нофаҳмӣ рух медиҳад. Ба асабоният роҳ надиҳед, ташвиши беҳуда танҳо бар зарари шумо аст. Хастагӣ ва бемадорӣ имкон дорад, аз ин рӯ, барвақттар хоб равед. Истодагарӣ ва бовиҷдониятонро қадр мекунанд.
Мизон (24 сентябр-23 октябр)
Нафароне, ки пешравиҳоятон дар касбу кор аз онҳо вобастагӣ дорад, дастовардҳои шуморо қадр мекунанд. Эҳтимол бо яке аз ҳамкорон пайванди муҳаббат мебандед. Азбаски шуморо фиреб кардан кори душвор аст, бо хости дил амал намуда, дар интихоби дӯстдошта ғалат намекунед. Нафароне, ки беморанд, ҳолашон рӯ ба беҳбудӣ меорад. Роҳҳои нафасро аз беморӣ эҳтиёт кунед.
Ақраб (24 октябр-22 ноябр)
Даромади пулӣ дар ин рӯз дар назар нест, вале нақшаву ниятҳоятон самараи нек медиҳанд. Саломатӣ ташвиш намедиҳад, беҳтараш бо нав кардани сарулибоси худ машғул шавед. Ба мушкилоти оила таваҷҷуҳи бештар зоҳир намоед. Дар масъалаҳои тиҷоратӣ аз сидқи дил меҳнат карданатон лозим аст. Ба дӯстдоштаи худ дар мушкилиҳояш кумак расонед.
Қавс (23 ноябр-21 декабр)
Сафарҳо бобарор анҷом меёбанд, ҳатто сафари роҳи дур шуморо дилгир намесозад. Ба мушкилоти саломатӣ диққати хоса диҳед, бо сар задани аввалин нишонаҳои беморӣ ба табиб муроҷиат кунед. Хусусан ба ҳолати рӯдаву узвҳои ҳозима таваҷҷуҳ намоед. Бо дӯстдоштаи худ ба сайругашт баромада, табъатон болида мегардад.
Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)
Дар ин рӯз тартибу низомро риоя намоед. Ҳавои тоза дар беҳдошти саломатиятон нақши муҳим мебозад. Ҳангоми аз хона баромадан ба вазъи ҳаво нигоҳ карда, либос ба бар намоед, эҳтимоли шамол хӯрданатон дар назар аст. Нерӯи худро ба мушкилоти оилавӣ равона намуда, бо дӯстдоштаи худ якҷоя камбудиҳоро рафъ карда метавонед.
Далв (21 январ-20 феврал)
Аз уҳдаи корҳое баромада метавонед, ки атрофиён рафъ карда наметавонанд. Ба нафароне, ки хуб намешиносед, бовар накарданатон дуруст аст, эҳтимол шуморо фиреб медиҳанд. Агар аз бехобӣ азият мекашида бошед, аз чойҳои гиёҳӣ истифода баред. Барои беҳтар сохтани вазъи молиявӣ ғалатҳои ҳафтаи пешинаро рафъ карданатон лозим аст.
Ҳут (21 феврал-20 март)
Ҳодисаҳои ногувори дар ҷои кор рухдодаро сарфи назар карда наметавонед, вале оқибаташро пешгирӣ карда метавонед. Тамоми кӯшиши худро ба харҷ диҳеду бо роҳбарият муноқиша накунед. Хариди хурд кардан роиҷ аст, вале хариди калону шитобкорона тавсия намешавад. Эҳтимоли оғоз ёфтани муносибати ошиқона дар назар аст. Аз машрубот худдорӣ намоед.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ