Аз таҳти дил бихандед!
Савол ва посух
Рӯзноманигор аз марди сарватманд интервю мегирад:
– Шумо чӣ гуна сарватманд шудед?
Марди сарватманд:
– Ақидаи онро, ки “пул дар зиндагӣ муҳим нест, танҳо кор муҳим аст”, сармашқи зиндагӣ қарор додам.
Рӯзноманигор:
– Бо ҳамин ақида бой шудед?
Марди сарватманд:
– Не, ман вақте сарватманд шудам, ки андешаи зердастонамро дар ин ақида устувор намудам.
Бо палто
Шавҳар аз занаш мепурсад:
– Занак, барои чӣ ба занги телефон ҷавоб надодӣ?
Зан мегӯяд:
– Дар ҳаммом будам.
Шавҳар мегӯяд:
– Луб-лучак будӣ?
Зан мегӯяд:
– Не, мисли Ипполит бо палтоям!
Ғижжак
Марде ба ҳамсояаш занг зада, мегӯяд:
– Ҳамсоя, зуд ғижжакнавозиро бас кунед! Безори ҷон шудам, агар чунин давом кардан гирад, ман девона мешавам.
Ҳамсоя дар ҷавоб:
– Шумо аллакай девона шудед. Мо ғижжакро як ҳафта пеш фурӯхта будем.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ