Толеъномаи 21-уми майи соли 2022

Ҳамал (21 март-20 апрел)

Аз субҳи содиқ худро ба даст гиред, ба эҳсосот дода нашавед. Рӯзи бобарор аст. Корҳои зиёдатонро ба анҷом мерасонед, ҳатто аз уҳдаи корҳое, ки чанд муддат пеш дастнорас буданд, баромада метавонед. Нимаи дуюми рӯз хабарҳои хуш мешунавед, аз нафарҳои бароятон азиз хушхабар меояд. Ҳурмату эҳтироматонро атрофиён қадр мекунанд. Имкони дар муносибатҳои ошиқона рафъ намудани мушкилиҳоро пайдо месозед.

Савр (21 апрел-22 май)

Аввали рӯз душвору серташвиш меояд. Дар ин рӯз диққати бештари худро ба корҳои бегонагон равона сохтанатон лозим меояд. Бо ҳамин сабаб нақшаҳоятон тағйир ёфта, сахт ба ғазаб меоед. Кӯшиш намоед, ки нафарони азизтарини худро дар сари қаҳр озор надиҳед. Нимаи дуюми ҳафта бобарор меояд. Баъзе зодагони мучали савр корҳоеро ба анҷом мерасонанд, ки барояш вақту нерӯи зиёд сарф карда буданд.

Ҷавзо (23 май-21 июн)

Ҳама гуна масъалаҳои муҳимро нимаи аввали рӯз ҳаллу фасл намоед. Ҳар нофаҳмиеро, ки дар муносибатҳои шахсиатон вуҷуд дошта бошад, сари вақт рафъ намоед, вагарна хафагиву ранҷиш зиёд мегардад. Наздикон ба дастгириву меҳрубониятон ниёз доранд, кӯшиш намоед вақти бештари худро бо онҳо сипарӣ созед. Дар ин ҷода баъзе нақшаҳои худро тағйир дода метавонед. Барои хариди калон рӯзи мусоид нест.

Саратон (22 июн-22 июл)

Рӯзи серташвиш аст, шуғлҳои аҷиб пайдо мекунед. Кӯшиши ба анҷом расонидани ҳама корро накунед, диққати худро ба корҳои муҳимтарин равона созед. Зимни робита бо нафароне, ки бароятон азизанд, ба дағаливу густохӣ роҳ надиҳед. Ҳарфҳои ноҷои гуфтаатон сабабгори муноқишаву хафагӣ мегардад.

Асад ( 23 июл-23 август)

Аз нобарории корҳо руҳафтода нашуда, ба пеш ҳаракат намоед. Устуворӣ намуда, ба натиҷаи назаррас ноил мегардед. Дар робита бо атрофиён сабур бошед. Аз фишору ҳуҷум худро ҳимоя намуда, ба нафароне, ки аз хубиятон истифода бурдан мехоҳанд, имкон надиҳед. Нимаи дуюми рӯз барои корҳои муҳим созгор меояд. Аз нигоҳи зираки шумо хатое намегузарад.

Сунбула (24 август-23 сентябр)

Мушкилиҳои сарзадаро бо табъи болида рафъ месозед. Ҳар душвориеро, ки пеш меояд, бобарор бартараф сохта метавонед. Хеле муҳим аст, ки ба шитобкорӣ роҳ надиҳед, хусусан агар дар танҳоӣ амал мекарда бошед. Нимаи дуюми рӯз сафарҳои аҷиб ва вохӯрӣ бо нафарони ғайриоддӣ имконпазир аст. Кунҷкобии зотӣ имкон медиҳад, ки маълумоти даркориро ба даст биёред.

Мизон (24 сентябр-23 октябр)

Рӯзи серташвиш бошад ҳам, онро душвор номидан мумкин нест. Баъзе аз зодагони мучали мизон ҷуръат надоранд, қисмати дигар амал кардан намехоҳанду мунтазири вазъияти мусоид меистанд, қисмати сеюм ба қувваи худ шубҳаи зиёд доранд. Таҷрибаи пештар андӯхтаатон фоидабахш мегардад. Ҳодисаҳоеро, ки чанде қабл аз сар гузаронида будед, бори дигар андешаронӣ намоед, он гоҳ ғалатҳои кардаи худро дубора такрор намекунед.

Ақраб (24 октябр-22 ноябр)

Рӯзи бад нест. Дар корҳои зиёди худ муваффақ мегардед. Аксаран дар ин кор дилёбии шумо нақш мебозад. Шумо ба атрофиён маъқул ҳастед, шуморо дастгирӣ мекунанд, хурсанд месозанд. Вале баъзан атрофиён бо меҳрубонии худ аз ҳад мегузаронанд ва имкон намедиҳанд, ки мустақилона амал намоед. Нимаи дуюми рӯз ба садои қалби худ гӯш диҳед.

Қавс (23 ноябр-21 декабр)

Рӯзи бобарор, самарабахш ва аҷиб аст. Корҳоятон зиёд мешаванд, вале шумо аз чизе шикоят намекунед, чун барои чӣ заҳмат кашидани худро хеле хуб дарк менамоед. Ҳатто нафарони танбал хеле хуб меҳнат мекунанд. Нимаи дуюми рӯз шиносоиҳои гуворо ва изҳори муҳаббат имконпазир аст. Аксари зодагони мучали қавс аз дидор бо дӯстони дерин шод мегарданд.

Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)

Агар нақшаҳои бузург дошта бошед, аз субҳ барои амалӣ сохтанашон омодагӣ бинед. Рафту кореро ба таъхир гузоред, ҳеҷ гоҳ онро амалӣ намесозед. Вохӯриҳои кориву шахсиро то нисфирӯзӣ ба анҷом расонед. Нимаи дуюми рӯз барои суҳбатҳои бемаънӣ ва баҳсу мунозира созгор аст. Баъзе зодагони мучали ҷаддӣ сирру асрори худро ба нафаре фош месозанд, ки барояшон дӯст нестанд.

Далв (21 январ-20 феврал)

Рӯзи душвор аст. Табъи хушро нигоҳ доштан мехоҳед, вале бо душворӣ муваффақ мегардед. Вазъиятро идора кардан бароятон имконнопазир мегардад. Баъзе зодагони мучали далв гапу коре мекунанд, ки баъдан пушаймон мешаванд. Хатоҳои пешинаи худро такрор накунед. Аз таҷрибаи бегонаҳо истифода баред. Аз пурсидани маслиҳат аз нафароне, ки нисбаташон эътимод доред, шарм надоред. Нисбати наздикон ботаҳаммул бошед.

Ҳут (21 феврал-20 март)

Аввали рӯз осону аҷиб меояд. Хабару навигарҳои зиёд мешунавед, дар кори муҳиме муваффақ мегаред. Бо вуҷуди барор нагирифтани коратон руҳафтода намешавед, муътақид ҳастед, ки баъдан ба мақсад мерасед. Нимаи дуюми рӯз ҳодисаҳои ногувору дилмондагӣ имкон дорад, ҳатто бо нафарони наздиктарини худ забон ёфтанатон мушкил мешавад. Масъалаҳои муҳимро ба таъхир гузоред.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *