толенома

Толеъномаи 21-уми сентябри соли 2023

Ҳамал (21 март-20 апрел)

ҳамал

Дар ин рӯз кӯшиш намоед корҳои бештареро ба нақша гиред. Бо нафароне дидорбинӣ намоед, ки бароятон қадрдонанд, вале бо сабабҳои гуногун кайҳо боз якдигарро надидаед. Харидани ашёи даркорӣ табъатонро болида месозаду хоби бароҳат боиси бардамӣ мегардад.

Савр (21 апрел-22 май)

савр

Имрӯз сараввал амал намуда, баъдан андеша намоед. Ҳар қадаре бисёр фикру таҳлили зиёд намоед, ҳамон андоза коратон дӯлоб гашта, сарҳисоби корро гум мекунед. Ба нуқтаи назари атрофиён кам гӯш дода, беҳтараш бо амри дили худ амал намоед.

Ҷавзо (23 май-21 июн)

ҷавзо

Бо корҳои муҳим ва вохӯриҳои дилписанд машғул шавед. Ягон лаҳзаи худро беҳуда нагузаронед. Аз маъракаҳои дилхушкунанда низ дурӣ наҷӯед. Ҳар қадаре заҳмат кашидед, ҳамон андоза фоидаашро ба даст меоред. Фикри фардоро карда, як қисми маблағи дар даст доштаатонро сарф накунед.

Саратон (22 июн-22 июл)

саратон

Рӯзи бобарор аст. Бо табъи болида меҳнати зиёд карда, истироҳат мекунед. Сайругашти бегоҳирӯзӣ хобатонро бароҳат месозад. Хоҳиши дӯстонеро, ки аз шумо кумак мепурсанд, рад накунед. Хасташавӣ боиси пастшавии масунияти бадан ва сар задани фишори руҳӣ мегардад. Барои истироҳат ҳатман вақт пайдо намоед.

Асад (23 июл-23 август)

асад

Ягон кори ҷиддиро ба нақша нагиред. Вақти истироҳат ва ором сохтани асабҳоятон фаро расидааст. Агар чунин имкон надошта бошед, танҳо корҳои муҳимро иҷро кунеду уҳдадориҳои зиёдро ба дӯш нагиред. Аз маъракаву вохӯриҳо дурӣ наҷӯед, дар зиндагиятон нафаре пайдо мешавад, ки нақшаҳоятонро тағйир медиҳад.

Сумбула (24 август-23 сентябр)

сумбула

Дар ин рӯз ба баҳсу мунозира роҳ надиҳед. Қобилияти ба гап дароварда тавонистани ҳамсуҳбати худро аз даст медиҳед ва чанд муддат таҳти таъсири нафарони бегона қарор гирифта метавонед. Мушкилоти шахсиро шитобкорона рафъ накунед, вагарна ба худатон зарар мерасонед.

Мизон (24 сентябр-23 октябр)

мизон

Дар ин рӯз ба гирдоби ҳодисаҳо ворид мегардед. Гуфтушунидҳои зиёди аҷиб натиҷаҳои ногаҳонӣ медиҳанд. Дар суҳбат фишор наоред, агар ҳамсуҳбататон дар посух гуфтан омода набошад, нисбаташ дағалӣ накунед. Ҳар як инсон ҳуқуқи таваққуф намуданро дорад.

Ақраб (24 октябр-22 ноябр)

ақраб

Имрӯз шумо шуълаяки хурдеро мемонед, ки бо гармии худ на танҳо атрофиёнро гарм мекунед, балки ба дилҳо фараҳу шодӣ мебахшед. Дар ҷодаи муҳаббат лаҳзаҳои хотирмони ошиқона ва шиносоиҳои судманд имкон дорад. Даромади пулӣ ва дастгирии наздиконро интизор шавед.

Қавс (23 ноябр-21 декабр)

Айни замон дар вазъияти душвор қарор гирифта метавонед. Аз як тараф корҳои зиёдатон барор мегираду аз ҷониби дигар дар муносибат бо шахси наздик душворӣ сар мезанад. Аз муноқишаву ҷанҷол дурӣ ҷуста, сабру таҳаммулро пеша намоед. Ба хобҳои пурҳаяҷон диққат диҳед.

Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)

ҷаддӣ

Нақшаи корҳоятонро тартиб дода, аз пайи корҳои нисбатан муҳим шавед, имрӯз бароятон бобарор мегардад. Корҳоятон зиёду сабру таҳаммул ва меҳнатдӯстиятон ба шумо нерӯ мебахшад ва бе ягон душворӣ аз уҳдаи кори зиёд мебароед. Қарзҳоятонро дар ин рӯз бояд баргардонед.

Далв (21 январ-20 феврал)

далв

Дар ин рӯз эҳтимоли сар задани ягон ҳодисаи манфӣ имкон надорад. Баръакс гардишҳои аҷибу ногаҳонии қисмат ояндаи шуморо беҳтар месозанд. Бештар бо атрофиён дар робита бошед, зеро маҳз бо кумаку дастгирии шиносони нав дари муваффақиятро боз карда метавонед.

Ҳут (21 феврал-20 март)

ҳут

Дар ин рӯз ҳушёриро пеша намуда, ба натиҷаҳои назаррас ноил мегардед. Бо нафароне, ки ҳамкорӣ кардан мехоҳед, забон ёфтанатон муҳим аст. Аз ҳолатҳое, ки боиси фишори руҳӣ ва ҷароҳат бардоштанатон мегарданд, дурӣ ҷӯед. Нисбати дӯстдоштаатон меҳру муҳаббати худро бештар зоҳир намоед.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *