Толеъномаи 22 апрел 2018

Ҳамал ( 21 март-20 апрел)

Барои анҷоми корҳоятон қувваи зиёд сарф менамоед. Дар муносибатҳои  ҳамалҳои оиладор нофаҳмӣ ба вуҷуд меояд, ки ҳатто ба ҷудоӣ  оварда мерасонад. Дар охири рӯз хушхабар мешунавед.  Барои бо дӯстдоштаатон ба тамошо рафтан вақти мусоид аст.

Савр ( 21 апрел – 22 май)

Ҳолати равониатон хуб нест бинобар ин кӯшиш кунед аз марази тамошои одамон дур бошед. Рафтан ба маъракаю ҷашнҳоро низ тавсия намедиҳем.  Барои беҳтар кардани ҳолати рӯҳиятон  тамошои кино ё гӯш кардани мусиқии ором тавсия дода мешавад.

Ҷавзо ( 23 май-21 июн)

Имрӯз ҳаммаи ҳушу хаёлатон ба шахсони наздикатон банд мешавад. Зеро яке аз онҳо ба нохушие дучор мешавад. Рӯҳафтода нашавед шумо бояд устувор бошед ва ба ӯ умед диҳед. Аз пурсидани кумак шарм надоред, дӯстон дар чунин рӯзҳо даркор мешаванд.

Саратон (22 июн- 22 июл)

Барои ба эътидол даровардани саломатӣ ва таровати бадан ба шиноварӣ ва варзиши сабук машғул шавед.  Серкорӣ ва синну сол баҳона уда наметавонад. Фаромӯш насозед, ки ин кор барои оромии асабҳо низ кумак мерасонад. Барои харидани лавозимоти хона вақти хуб аст.

Асад ( 23 июл – 23 август)

Шумо зиёд меҳнат кардед ва ҳаққи онро доред, ки имрӯз ба бозору мағоза равед, барои худ харид кунед. Имиҷи худро низ бояд тағйир диҳед ин дар пешравии коратон мусоидат мекунад. Охир одамро авваан аз либоспӯшиаш баҳо медиҳанд баъдан аз ақлу саводаш.

Сунбула ( 24 август- 23 сентябр)

Ба касе аз камбудиҳои рӯзгоратон имрӯз ҳарф назанед, зеро гапҳои шуморо ҳатман ба шахсе мерасонад, ки набояд донад. Зиёд рӯҳафтода нашавед ба саломатиатон зиён моварад. Бо азизи дилатон лаҳзаҳои хотирмонро мегузаронед ва табъатон болида мегардад.

Мизон ( 24 сентябр- 23 октябр)

Барои бартараф кардани баъзе мушкилот ба шумо кумаки хонуми калонсоли авлод лозим меояд. Дар муошират бо пайвандон дағалӣ накунед. Кӯдаконро ба тамошои табиат ё лоакал ба театр баред. Дар муносибатҳои ошиқона ягон навгоние дида намешавад. Саломатиатон давоми рӯз шуморо ташвиш намедиҳад.

Ақраб ( 24 октябр- 22 ноябр)

Аз воқеаҳое, имрӯз ба саратон рӯҳафтода нашавед, балки баръакс онро барои худ дарс шуморед.  Агар сабаби ба чунин вазъият афтоданатонро дарк намуда онро дигар такрор накунед ҳамеша хушҳолона умр ба сар мебаред. Барои мулоқотҳои маҳрамона рӯзи мувофиқ нест. Даромади пулии хурде дар назар аст.

Қавс ( 23 ноябр- 21 декабр)

Аз оне, ки атрофиён ҳар лаҳза бо саволҳои гуногун ба шумо муроҷиат мекунанд асабӣ нашавед. Баръакс бояд хушҳол шавед, ки дигарон аз шумо чизе моамӯзанд.  Сарфи маблағи зиёд ба манфиати киссаи шумо нахоҳад буд. Дар ҳавои тоза бештар сайру гашт намоед, ин амал ба хоби орому бароҳат мусоидат мекунад.

Ҷаддӣ ( 22 декабр- 20 январ)

Имрӯз дар ҳаёти шахсиатон тағйиртоте ба амал меояд. Онеро ба даст меоваред, ки дер боз интизораш будед.  Хушии худро бо дӯстон ҷашн гирифтан фикри хуб аст, аммо зиё нанӯшед.  Азизи дилатонро ин лаҳзаҳо набояд танҳо гузоред.  Дар интихоби номи тифл аз асарҳои гузаштагон кор баред.

Далв ( 21 январ- 20 феврал)

Имрӯз  аз ҷониби касе кумаку дастгирӣ мебинед, ки душмани хеш меҳисобидед. Баръакс аз амали баъзеҳое, ки дӯсташон меҳисобидед хашмгин мешавед. Беҳтар мебуд дар танҳои бошед ва ба хабарҳои носанҷида бовар накунед. Дар ҳавои тоза танҳо сайругашт намоед. Бо асабҳои ноором ронандагӣ накунед.

Ҳут ( 21 феврал- 20 март)

Аввали ҳафта зиндагӣ шуморо дар сари дуроҳа қарор медиҳад ва шумо бояд якеашро интихоб кунед. Дар интихоби роҳ на аз маслиҳати дигарон, балки аз ҳиссиёти хеш кор гиред. Дил баъзе вақтҳо аз ақл бештар амали даркориро дарк мекунад.  Бояд худхоҳ набошед ва дар бораи оне, ки амалатон ба ҳаёти пайвандонатон чи таъсир мерасонад низ фикр кунед.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *