Толеъномаи 22 май 2018

 

 

Ҳамал ( 21 март-20 апрел)

Имрӯз орзуи деринаатон амалӣ мегардад.  Шиносоие, ки имрӯз сурат мегирад метавонад тақдирсоз ё баръакси он тақдирсӯз бошад. Нимаи дуюми рӯз даромади калон ба даст меоваред, вале агар бепарвоӣ кунед онро дар як лаҳза сарф карданатон мумкин. Барои рафъи дарди меъда ба  худтабобаткунӣ машғул нашавед.

Савр ( 21 апрел – 22 май)

Корҳоятон ривоҷ меёбанду даромади калон ба даст меоред. Дигаргуниҳои бузурге дар ҳаёти шахсиатон рух медиҳанд. Дӯсти наватон бароятон як “Хизмати хирсона” мекунад, ки оқибаташромуддати тӯлонӣ ҷамъу гир хоҳед кард. Сафар ба шаҳри афсонавӣ дар назар аст. Вале аз саломатии хеш бохабар бошед, зеро боду ҳавои он шаҳр ба шумо чандон мувофиқ нест.

Ҷавзо ( 23 май-21 июн)

Дар гирдоби ҳодисаҳои гуногун дармонда ҳатто барои сархорӣ вақт пайдо намекунед. Нимаи дувуми рӯз бо сабаби нофаҳмие миёни шумо ва роҳбаратон муносибатҳо муташанниҷ мегарданд. Охири рӯз хабареро мешунавед, ки дер боз интизораш будед. Нисбат ба ҳамсари хеш бетафовут набошед, зеро  хавфи аз хиёнатҳои шумо огаҳ шуданаш мавҷуд аст.  Агар сӯхтан нахоҳед ба оташи рашки ӯ равған напошед.

Саратон (22 июн- 22 июл)

Бояд нисбатан эҳтиёткор бошед, зеро рашку ҳасуди душманон метавонад саратонро ба балоҳо гирифтор кунад. Эҳтимол ошиқи рафтаатон пушаймон гашта ба наздатон бармегардад, вале фаромуш накунед оне, ки як маротиба хиёнат кард маротибаи дувум низ чунин хоҳад кард. Аз оғози шиносоии нав худдорӣ намоед беҳтар аст. Охири рӯз каме даромади пулӣ бадаст меоваред.

Асад ( 23 июл – 23 август)

Бояд ба саломатиатон диққати бештар диҳед вагарна хастагию беҳолӣ шуморо аз по меафтонад. Дар коргоҳ навгониҳое мешавад, ки табъатонро болида месозад. Боварии раисро ба даст овардан хоҳед ба макру фиреб даст назанед. Ошиқатон шуморо ба сафари берун аз шаҳр даъват мекунад.

Сунбула ( 24 август- 23 сентябр)

Ба нақша гирифтани корҳои навро тавсия намедиҳем.  Нимаи дувуми рӯз  дар як ҳолати ногуворе мемонед, ва шуморо аз ин ҳолат на дӯстон, балки душмани ашадиатон ғайри ихтиёр мебарорад. Даромади пулиро  метавонед мунтазир нашавед. аз истеъмоли хӯрокҳои серравған худдорӣ намоед.

Мизон ( 24 сентябр- 23 октябр)

Рӯз аз нигоҳи иқтисодӣ бобарор мешавад, вале аз лиҳози муносибатҳои шахси чандон бобарор нест. Ҳамсафари ҳаётиатонро меранҷонед ва дуюмбора ба даст овардани дили ӯ ба осонӣ муясар намешавад. Ба харидории чизҳои нолозим роҳ надиҳед. Охири рӯз  шунидани хабари хуш табъатонро болида месозад. Ба ягон ҷангу ҷанҷол ҳамроҳ нашавед то бори ҷавобгариро танҳо накашед. 

Ақраб ( 24 октябр- 22 ноябр)

Саломатиатон яку якбора бад шуда эҳтимол барои барқарорсозиаш кӯшиш ва фурсати зиёдеро сарф хоҳед кард.  Нимаи дувуми рӯз дӯсти аёми донишҷӯиятон ба аёдататон меояд. Муҳимаш рӯҳафтода нашавед ва зуд ба пой мехезед. Шарики кориатон дар ин муддат барои ривоҷи тиҷорат ба шумо кумак хоҳад кард.  Эҳтимоли гум кардани ҳамён ё ягон чизи қимматбаҳо вуҷуд дорад.

Қавс ( 23 ноябр- 21 декабр)

Имрӯз ба шумо лозим меояд зиёд меҳнат кунед то номатон дар қатори коргароне, ки ба роҳбар писанд нестанд наафтад. Аз имзои ҳуҷҷатҳои муҳим ва хариду фурӯши манзил худдорӣ намоед. Охири рӯз барои хониши фарзандон бояд маблағгузории калоне кунед.  Қавсҳои муҷаррадро вохӯриҳои ҷолиби ошиқона ва шиносоиҳои нав мунтазиранд.

Ҷаддӣ ( 22 декабр- 20 январ)

Бо шарикони кориатон дағалӣ накунед, зеро то кадом андоза пешрафт кардани фаъолияти шумо аз муносибати хуби онҳо вобастагӣ дорад. Фирефтаи таърифҳои дурӯғин гашта онҳоро аз худ дур накунед. Нимаи дувуми рӯз имкони ба даст омадани пул ҳаст. Дар ҳаёти шахсиатон тағйиротҳои ҷиддӣ ба амал меоянд. Бо ҳар сабаби ночизе ҳамсаратонро сарзаниш накунед.

Далв ( 21 январ- 20 феврал)

Шумо аз бевафогии ёратон ранҷ мекашед. Беҳуда худатонро гунаҳгор наҳисобед ва зиёд озурда нашавед. Ҳар коре, ки мешавад ба манфиати шумост. Ёри аслиатонро шумо ҳоло вонахӯрдаед. Нимаи дуюми рӯз вазъи саломатиятон каме бад мешавад, бемориҳои куҳнатон хурӯҷ мекунад. Беҳтараш сари вақт ба табиб муроҷиат намоед.

Ҳут ( 21 феврал- 20 март)

Вохӯрии ногаҳонӣ шуълаи меҳру муҳаббатро дар дилатон бедор мекунад. Вале зиёд  саросема нашавед  шояд ин ҳанӯз шоҳзодаи орзуҳоятон нест. Аз хушбахтии хеш ба ҳар кас нагӯед фаромӯш насозед, ки бахт оромиро дӯст медорад. Дар ҷодаи кору фаъолият ягон навгонии ҷиддие ба назар намерасад. Охири рӯз пешниҳоди нави кори муваққатиеро мегиред. Агар ба ин пешниҳод розӣ шавед даромади калон ба даст меоваред.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *