Ҳама дуздон даст шуянд.

Устоди шодравон Лоиқ Шералӣ аз зумраи ашхосоне буданд, ки ҳама вақт ба суханони бадкешону ноинсофон гӯши худро ба карӣ мезаданд тавакал ба ҳудованд намуда, ҳамчун одамӣ хокӣ накӯкорӣ ва ростиро чун сокини замин-модар ҳифз мекард..

 Устод Лоиқ Шералӣ баҳору тирамоҳ,тобистону зимистони умри инсонро пеши назар оварда, самараю ҳосил, камбудию норасоиҳои умрро ба мизони ақл андоза намуда, бо таассуф дармеёбад, ки  чархи гардун дар ин фасли рӯзгор ба самту суръати дилхоҳ нест. Вақт беш аз ҳама ҳамонеро мекушад,ки ӯ кӯшиши  куштани вақтро мекунад. Шоири шаҳир ҳамин лаҳзаи зиндагиро дар шеъри»Вақт»чунин танинандоз намудааст.

      Гарчӣ дирӯз ба сад саҳфу хато бигузашт,

     Рӯзи дигар бо дусад саҳву хато мегузарад.

Вақто ки ин байт зери қалбам танинандоз гардид , гирди подшоҳи мулки сарам саволе ҷавлон кард, иллат ва ҳикмати ҷоизулхатои инсон дар набардҳои зиндагӣ дар чист. Казову қадар ва хатогии ҳис ва ақл ба ҳам чӣ рабт доранд. Магар дар сарнавишти мо хатою иштибоҳе, ки рух мезанад аз шахсияти мо ва нақши ахлоқ вобаста нест,зеро ҳар як шахс ҳусну қубҳи маънавии  худро дорост.

   Дар шеъри «Чавонӣ меравад…» Лоиқ симою сирату  сурати ҷавонӣ, мӯи сиёҳи чун шабистони зангӣ, абрӯи ранги камонмонанд, чашмони бодомӣ,лабону даҳони ангубини, ҷавониро ки мисоли шабу рӯз раду бадал мешавад тасвир  намуда, қайд мекунад, ки ҷавони мисли сабзаю шамсу қамар нест ,зеро ҳар фасли сол боз аз нав меоянду мераванд  офтобу маҳтоб низ ,аммо бо ҳазорон таассуф,ки ҷавонӣ дигар намеояд.

                                     Чавонӣ меравад аз ман, ҷавонӣ меравад охир,

                                    Нахоҳам рафтанашро, лек аз ман меравад ором.

                                    Дурахши чеҳраву мӯи сиёҳ, чашмони бодомӣ,

                                   Хама хоҳанд шуд раду бадал монанди  рӯзу шом.

                                   Чавонӣ сабзае не,то ба ҳар факсли баҳор аз нав,

                                   Дамад аз хоку боз оро диҳад саҳрои урёнро.

                                   Чавонӣ офтобе не ,ки  бегоҳ рафта субҳ ояд,

                                   Чавонӣ моҳ не,ҳар маҳ нахоҳад гашт ӯ пайдо.

Устоди чирадаст ва бо ақл закию донандаи таъриху тамаддуни инсонӣ, болафз ва каломи басо маҳину нишонрас,одам ва тарки ӯ ин олами фониро бо ташбеҳҳои басо ҷолиб ва бо мавқеъу бомаром бо ибораҳои «ҷамъу парешон меравем», «хандону гирён меравем»,»аз дунёи печутоб»,чун дарё печпечон меравем» шарҳу эзоҳ дода,инсони хокиро танҳо дар талоши зиндагии хуш ва ба даст овардани мақсадҳои басо наҷиби инсонӣ ва сурату сирати поктинат мебинад.

Лоиқи бузургмеҳр ва бузургандешаро ба мисоли шере,ки бо шербачаи худ сӯи сайди худ наъра мезанад, дар сурате,ки анбуҳи чӯпонон бар зиддӣ вай ҷамъ мешаванд, вале вай аз садои онҳо наметарсад ва ба ҳаёҳуи онҳо сар хам намекунад шабоҳат дорад.

Дар шеъри устод Лоиқ Шералӣ фавту куштори билъатпарастону дунёсозон,маҳкум шуда, садои беолоиши дили пуриқтидори шоири баркамолу варзида,ҳамчун фарзанди барӯманди миллату давлат таҷассум ёфтааст.Устоди шодравон дар ҳар лаҳзаи зиндагии худ дард, ғам, ғурбат , мусибати ҳар хонадонро дарк намуда, ҳамшарик ба онҳо буда,онро бо дилу дидаи нек ба риштаи назм дароварда, бо шодию ширинии онҳо  ҳамовозу ҳамнишин гардида,зина ба зина саропеч дар гирдоби  олами ҳастӣ умр ба сар мебурд.У бахт тахт, ғам ,ғурбат, шодию нусрат, ободию зебоии мардуми кишварро дар дӯши худ мебардошт ва ҳама вақт бо ободию зебоии кишвар ва хушию пирӯзии мардум талош мекард.

Дили устоди шодравон мисли оне буд, ки дар тамошохонаи дунё нишаста,олами гирду атрофашро бо андозаи хиради хеш, таранум намуда, суханони волою шево мегуфту андешаашро дар пироҳани салтанати шеър тобон медод.

    Лоиқ Шералии дар ғуссаи марг ҳамнишин дар шеъри «Илтиҷо қабл аз тарки дунё»бузургтарин ҳиси инсонӣ шунавоӣ, биноӣ,бӯй, маза, ламсро аз дарки эҳсоси иҳотакарда медонад ва бо андешаҳои файласуфона ибрози назар мекунад,ки  ман мурда бошам  ҳам дарк мекунам,ки дар ин олами фонӣ инсонҳо ба чикору бор машғӯланд.

                            Агар ман мурдаам,

                          гӯшам мешунавад.

                          Хар чӣ аз дил ояд,бигӯяд

                          мешунавам дар гӯр ҳам

                          фарёди шуморо,

                          навҳаву  мӯя,

                          оҳу доди шуморо.

                         Чашмонам баста,

                         забонам гиреҳхӯрда,

                         мағзам сокит

                         бӯеро намешунавам

                        дилам таркида

                        ҳама аъзоям қатъан оромида.

 У инсоне буд, ки руҳи бузургу нотакрораш он қадар бо мардум пайванди ногусастанӣ дошт, ки боҳазорон меҳру самимият одамонро бо покдоманию поксириштӣ,  сиратан болидадилу суратан руҳафзо,ҳидоят мекарду бо як фаросати баланди инсонӣ бо арзу ихлоси баланд умеди бо некӣ ёд карданашро тамано мекард.

                             То бидонам сазоворам ё не

                              ба дӯои шумо,

                              ба як бел хоке,

                              ки меафканед

                              ба боми гӯрам.

 Устоди равшанзамиру хирадпеша,дурбину дилошно, дорои маънавиёти бузурги маликуашъор ҳар ҳарф, ҳар гуфтор,ҳар рафтор,ҳар нишасту хез,ҳар дидору пиндор, ҳар умеду орзу,ҳар нӯшидани бодаи хирадро, бо  дилу дидаи пок , пеш аз он, ки майиташро ба хок супуранд бо илтиҷо садо баланд мекунад,ки аз ӯ бипурсанд аз ки қарздору  киро ноӯмед кардаш  то,ки дар гӯр оромона бихуспад.

                                  Ҳар чӣ бигузарад аз дилатон,

                                бигӯед,

                                дар сари хокам,

                                то барои охирин бор

                                садоҳоятонро шунида,

                                ором бихуспам

                                 бо дили пок,

                                дар дили хок.

  Фикр кардан кори аз ҳама мушкилу сангин аст бинобар ин дақиқ аст, барои чӣ одамони хеле кам ба он машғӯл мешаванд. Лоиқ Шералӣ  истеъдоде буд, ки дар ӯ ҳама з-ебо метофт ва ӯ ба ҳама монанд буд, вале касе ба ӯ монанд шуда наметавонист.

 Дар олам се навъи инсонҳо вуҷуд доранд, оне,ки мебинад, оне,ки вақто,  нишон медиҳед мебинанд, оне, ки намебинад.Лоиқ шахсе буд, ки бо чашми сар медиданду  бо подшоҳи мулки сарашон- ақл дар мизони зиндагӣ дидаҳою шунидаашро чену андоза намуда, бо ритми нотакрор дар риштаи назм медаровард. Устод борҳо мегуфтанд расом дар асари худ таҷасум  бояд ёбад чи тавре,ки Худо дар коинот. Аз ҳама аламовар он аст,ки сухани қимат гуфташудаи ту дар гӯши ахмақ мемурад.

  Устод Лоиқ дар шеъри «Панди кӯҳна»менависанд.

            Ёрон! Ба коф пиёлаву дар дил ғубор чист ?

           Имрӯз ҳам гузашт,ғами рӯзгор чист?

           Охир дигар чӣ ҳоҷати панду насиҳат аст

           Хар дам ғанимат аст,

           Одам ғанимат аст.

            Ёрон баҳори ошиқи бо гулфишон гузашт,

           Дарёи дил зи соҳили суду зиён гузашт,

           Ин дил, ки ранҷ мекашад то кай саломат аст,

           Хар дам ғанимат аст,

           Одам ғанимат аст.

Одам ғанимат аст, ҳар дам ғанимат аст. Ин дунёи фонӣ ба касе вафодорӣ накардааст.Дар рӯи замин то ин дам 8 млр. одамҳог ин ҷаҳонро падруд гуфтаанд,вале бохуд чизе набурдаанд., чунончи шоир гуфтааст «аз боду буди Яман бар ман расид як кафан».Мо бояд шукронаи дидори якдигар кунем .Дар китобҳои муқадас омадааст. Ман ,Худо инсонро дар образи худ офаридам ,барои он,ки инсон дар фазо бо парандагон, дар хушкӣ бо ваҳшиён ва дар баҳр бо моҳиён ҳукмрон бошад вай бояд маълумотнок бошад.Инсон то худшинос нагардад вай наметавонад ,ки образи Худованд инсонро эҳтиром намояд. Инсон ҳуқуқи якдигарро сухани бад гуфтан,якдигарро ранҷонидан,. беҳуда носазо сухан гуфтанро надорад.

   Лоиқи ширинтабъу равшангуфтор бо ҳасосияти баланд дар бораи ҷаҳон, инсон ва замин сухан меронду бо дилу дидаи хирадмандона онро васф мекунад.

Ҷаҳонеро ба мо мерос доданд,

Фазоеро паи парвоз доданд.

Чу моро модарон зодаанд рӯзе,

 Заминро ҳамчу пояндоз додаанд

Дар шеъри Лоиқ зебоӣ хусусан табиату мавҷудиёти табиат бо чунин хуби тасвир карда шудааст,ки ҳар калимааш дар хонанда шавқу завқи эстетикиро бедор мекунад ва барои ботини . зебою зебопарастии шахс мактаби бузурги маънавӣ мегардад.

                    Гул аз гул ранги бӯи нав бигирад.

                   Хам аз хуршеду маҳ партов бигирад.

                   Гаҳ устод ақл омӯзад зи шогирд,

                   Гаҳе роҳбар паи пайрав бигирад.

     Дар ин рубои сухан дар хусуси ташбеҳе меравад,ки инсонҳо танҳо дар муносибати байни якдигар,бо шишту хези худ, муоширати байни ҳамдигар,одоби ахлоқи ҳамидаи худро сайқал медиҳанду бо нури хуршедӣ ба якдигар нурафшонӣ мекунанд.Мактаби бузурги инсонӣ он аст, ки гаҳе устод  бо донишу таҷрибаи воло доштанаш аз мактаби шогирд низ сабақ мегирад чӣ тавре ки роҳбар паи изи пайрав гом мегузораду ташакул меёбад.Устод мегуфтанд,ки»шарти шоири дилсӯхтагӣ аст»Чунки шоири бузургмаънӣ дар шеъру рубоиҳояш зиндагиро таранум мекунад.Агар дар шеър орзую умед набошад он гоҳ зиндагӣ аз марг душвортар аст. Устод забони модариро бузургтарин омил дар рушду такомулёбии миллат медонанд ва бо ҳазорон эҳтирому самимят қайд мекунанд, ки аз ҳолати забон дарк карда метавонем, ки ҳамон халқе, ки бо ин забон гап мезананд чи гуна зиндагӣ мекунанд. Агар миллат барои тозаю покиза нигоҳ доштани забон мубориза набарад забон зери омилҳои хатарнок аз байн рафтанаш имконпазир аст. Чи тавре ки ҳаёт ва марг дар як саф қадам мезананд, вале дар бораи якдигар чизе намедонанд. Бинобар ин ҳаёт ин фоҷеа аст, агар онро дар нақши калон бинӣ ва агар аз дур назар андози мисли мазҳака мебинӣ.

Бузургнишону бузургтабъу бузургандешаю бузурггуфтор,бузургхираду бузурггуфтор, бузургмеҳру бузургдил,ҳамнишину ҳамбин, ҳамеша мурданро аз азал медонист ва бо фарёди фарёднорас мегуфт Моро пас аз мурдан биҷӯед, ки бо кадом ақлу фаросат дар дилу дидаи Шумо ҷо дорем, чӣ хато кардем,ё чӣ бахте овардем, аз рӯи он баҳо диҳед.

                                  Нишони мо пас аз мурдан биҷӯед,

                                Хатои мо пас аз мурдан биҷӯед.

                                Чӣ гулҳо,ки надидему начидем,

                                Пас аз мурдан аз хоки мо бирӯянд.

   Фалсафаи зиндагӣ низ ҳамин аст, инсон пас аз маргаш ҷисмаш ба хок табдил меёбад ва ҳазорон гулҳо  аз хоки ӯ қад боло мекунанд  аз инсони хуб гулҳои  зебо мерӯянду аз инсони нохуб  хору .хас Агар мо қадру қимати  ҳаётро надонем  ҳеҷ гоҳ чи будани маргро нахоҳем донист. Инсон як бор ба ҳаёт меояд, бинобар ин ба қадри зиндагӣ расидан  кори саҳлу осон нест  пайраҳои мушкилдгузари ӯ мо инсонҳор водор месозад, ки аз таҷрибаи  ибратомӯзи зиндагӣ омӯзему омӯзонем.Барои он,ки аз хатогиҳо эмин бошем бояд таҷриба гирем барои он,ки таҷриба бигирем бояд хато кунем.

  Лоиқ бо ҳазор умеду орзуҳо ба олами имрӯза ва кишвари бомушкилиҳои сангин истиқлолияро ба даст оварда, роҳҳои  ноҳамвору санглохро бо сарбаландӣ тай карда, бо дастоварҳои назаррас ноил гардидааст изҳори шукрона мекард ва бо дилу дидаи нек мегуфт ,агар ин сарро  сарбон ҳаст умед ба ҳама чиз аст. Ҳама мушкилиҳои азим паси сар гашт ва имрӯз кишвар ба орзую умеди Лоиқи маликулашъор созгор гардид.

                                  Диле гар ҳаст , умеди дилбаре ҳаст,

                                Саре гар ҳаст ,умеди сарваре ҳаст.

                                Гузашт имрӯзу парвое надорем,

                                Дили мо пур, ки рӯзи дигаре ҳаст. 

Мо бисёр чизҳоро мехоҳем, вале агар ҳамаи майлу хоҳиши мо амли гардад он вақт мо хушбахт намешудем. Зеро дар ҳаёти инсонҳо ду фоҷиа мавҷуд аст. Аввал дастрас карда натавонистани  майлу хоҳиши арзандатарини худ.Дувум дастрас карда  тавонистани он майлу хоҳиш .

    Он,ки дӯсти худ намебошад ва бо ҳам ҳамсӯҳбат нест, чӣ шунидан ва чӣ будани худро намедонад. Ӯ танҳо аст, ӯ бечора аст, ӯ ғариб аст ӯ дур аз илму маърифат аст.Худшиносӣ мактаби бузурги  миллатшиносист. Бидуни  он мо наметавонем, ки дари бузурги муҳабат ва самимиятро дарку эҳсос кунем. Лоиқ Шералӣ дар нигоҳ доштани поси хотири дӯстӣ хамто надошт. Дӯстии ӯ бо Одина Хошим , Муҳаммадҷон Воҳидов ,Чӯрабек Муродов, Давлатманд Холов, Абдуҳамид Самадов ,Алиакбар Абдуллоев  садҳо дигар фарзандони барӯманди минтақаҳои гуногуни кишварамон мактаби намуна  мебошад ва ин мактаб метавонад садҳо ҷавнони бузургу нисбати ин меҳану ин миллат вафодорро тарбия намояд.Дӯстон ин ганҷинае  ки басо қимат мебошад,вале ганҷинаи дӯстиро бо ҳар қимате бихарем, арзон аст

      Устод дар хусуси ҷон ва руҳи инсон, ки яке дар талоши фатҳу кушоиш дигаре дар орзуи мадҳу ситоиш дар олами фано умр ба сар мебаранд бо маҳорати закӣ онҳоро  мӯшикофона тавсиф намуда, ҳолати пирии инсонро ,ки ба тифл монанд мешаванду  мӯҳтоҷи  навозиш мебошанду нолиши дардомезашон аз ғаши кӯдак бешаст сухан ронда қайд мекунанд ,ки онҳо акнун ба кӯмаки фарзандони болиғ мӯҳтоҷанд ва  фарзандони болиғ вазифадоранд,ки қарзи фарзандиро адо намоянд.

                               Ҷони инсон ташнаи фатҳи кушоиш будааст,

                              Руҳи инсон ташнаи мадҳу ситоиш будааст.

                              Пир беш аз кӯдаки гаҳвора ғашен мекунад,

                              Одамӣ як умр мӯҳтоҷи навозиш будааст.

 Устод дар хусуси ишқу муҳабати инсонӣ шеър ва рубоиҳои зиёде гуфтаанд, ки қимати баланди  тарбиявӣ дошта мардумро ба роҳи росту адолат ҳидоят мекунад.

                                   Ҳама дуздон аз дуздӣ даст шӯянд,

                                 Гар чу мо бӯсаи дуздӣ рабоянд.

                                                  

Абдуҳалим Ғаффоров

Вакили Маҷлиси намояндагони

 Маҷлиси  Олии Ҷумҳурии  Тоҷикистон    

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *