Толеъномаи 22-юми марти соли 2022
Ҳамал (21 март-20 апрел)
Дар оилаатон рух додани нофаҳмиву низоъ имкон дорад. Баъди ин ҳодиса муносибати хешовандонатонро нисбати худ муайян месозед. Аз рӯйи нақшаи аниқ амал намуда, маблағи хуб ба даст меореду қарзҳоятонро бармегардонед. Бо намояндагони ҷинси муқобил вохӯриҳои аҷиб, вале кӯтоҳмуддат имкон доранд.
Савр (21 апрел-22 май)
Ҳар ҳодисаеро, ки имрӯз ба саратон меояд, сабурона таҳаммул кунед. Муҳимаш, воҳима накунеду худро ба даст гиред, он гоҳ мушкили зиёдеро рафъ мекунед. Фаромӯш насозед, ки поёни шаби сиёҳ сафед аст. Хеши куҳансолатон маслиҳати судманд медиҳад, ҳатман ба гапҳояш гӯш андозед.
Ҷавзо (23 май-21 июн)
Хабаре, ки дар ин рӯз мешунавед, бароятон хеле муҳим аст. Рӯзи хубест барои ба назди дандонпизишк ва табиби узвҳои даруна рафтану аз ташхис гузаштан. Бо дӯстдоштаи худ оштӣ шуда, худро хушбахти ҷаҳон эҳсос мекунед. Аз ҷойҳои серодам дурӣ ҷӯед, хатари аз бемориҳо сироят ёфтанатон зиёд аст.
Саратон (22 июн-22 июл)
Дар ин рӯз аз касе маслиҳату кумак напурсед. Бо сабаби содадиливу меҳрубониятон ба доми иғвогарон меафтед. Ба касе имкон надиҳед, ки бинияшро ба корҳоятон халонад. Бештари рӯзро дар танҳоӣ гузаронед. Табобати бемориҳои музмин босамар анҷом меёбад ва сайругашт пеш аз хоб манфиатбахш мегардад.
Асад (23 июл-23 август)
Дар ин рӯз қувваву имкониятҳои худро ба инобат гирифта, амал намоед, то ки ба саломатиятон зарар нарасад. Баъзе орзуҳоятон амалӣ мешаванд. Вохӯрии ошиқонаро беҳтараш ба таъхир гузошта, аз кори иловагӣ рӯ нагардонед. Бо вуҷуди кам будани музди меҳнат аз пайи кор шавед.
Сунбула (24 август-23 сентябр)
Рӯзи душвор аст, лаззати ҷудоӣ ва дилмондагиро мечашед. Аслан шумо ба чунин гардиши қисмат омода набудед, вале ҳодисаҳои рӯзҳои охир аз чунин пешомад гувоҳӣ медоданд. Саломатиятон дар ин рӯз хуб аст, вале табобат кардани бемориҳои куҳна шарт ва зарур аст.
Мизон (24 сентябр-23 октябр)
Имрӯз дар бораи дӯсти қадрдону деринатон хабаре мешунавед, ки табъатон хира мегардад. Хайру сахои дар ин рӯз кардаатон дучанд шуда бармегардад. Ҳангоми суҳбат бо дӯстдоштаатон ба ҳар як ҳарфаш диққат диҳед. Танҳо бо ҳамин роҳ муносибатҳоятон рӯ ба беҳбудӣ меоранд.
Ақраб (24 октябр-22 ноябр)
Ҳатто дар ҳолатҳои душвортарин худро ба даст гиреду сабру таҳаммулро пеша намоед. Бо вуҷуди мушкилиҳо ором шаведу нағзакак андеша намоед. Дар муносибатҳои ошиқона низ ба воҳима роҳ надиҳед. Агар шахси дӯстдоштаатон аз шумо гурехта, ба зангҳоятон ҷавоб надиҳад, ӯро ба ҳолаш гузоред.
Қавс (23 ноябр-21 декабр)
Аз субҳи барвақт танбаливу бемадориро эҳсос мекунед. Корҳоятон дар ин рӯз зиёданд, вале шумо хоҳиши коркунӣ надоред. Барои аз чунин вазъият берун шудан, беҳтараш корҳоятонро дар хона ба анҷом расонед. Пулро беҳуда сарф накунед, вагарна маблағи ҷамъкардаро аз даст медиҳед. Бегоҳирӯзӣ ба сафари роҳи дур баромаданро тавсия намедиҳем.
Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)
Имрӯз ҳангоми гуфтор ба парешонӣ роҳ дода, риштаи суханро гум мекунед, зеро ҳамсуҳбати хубу дурандеш пайдо карда наметавонед. Ба гапҳои беҳудаву ғайбати дигарон ҳамроҳ нашуда, аз пайи кор шавед ва бегоҳирӯзиро бо нафаре гузаронед, ки ҳамроҳаш хушбахтиро эҳсос намоед.
Далв (21 январ-20 феврал)
Дар ҳаёти оилавиятон ҳодисаҳои ногувор рух медиҳанд. Шумо ҳатто тасаввур намекардед, ки мушкилоти пулии дигаронро ҳал кардан чӣ қадар душвор аст. Дилтангӣ накунед, ин мушкилӣ ба шумо низ дахл дорад. Барои нафароне, ки нияти ба хонаи нав кӯчиданро доранд, рӯзи мусоид аст.
Ҳут (21 феврал-20 март)
Бо нафароне, ки бо тиҷорат сарукор доранд, риштаҳои дӯстиятонро мустаҳкам намоед. Агар байни дӯстонатон нафаре дар тиҷорат ва тарғиби савдо таҷрибаи бой дошта бошад, аз ӯ маслиҳат пурсед. Дар муносибатҳои ошиқона саросемавор хулосабарорӣ накунед. Аз дағаливу шитобкории шумо чизе тағйир намеёбад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ