Самӣ Шариф ҲАМИД, раиси ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе

Зиндагинома. Самӣ Шариф Ҳамид 22-юми апрели соли 1957 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллуд шудааст, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ.

Соли 1979 Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимиро бо ихтисоси муҳандиси барқ ва соли 2006 Академияи хизмати давлатии Россияро бо ихтисоси идоракунии давлатӣ ва маҳаллӣ хатм намудааст.

Фаъолияти меҳнатӣ. Фаъолияти меҳнатиашро соли 1979 дар Идораи махсуси «Гидроспетсстрой» дар ноҳияи Данғара ҳамчун челонгари барқи дараҷаи 1-ум оғоз намуда, то соли 1995 дар вазифаҳои механики азнақббарории ҳамин идора, муҳандис, муҳандиси калон, иҷрокунандаи вазифаи сардор, ҷонишини сардор, сардори Идораи сайёри махсуси механиконидашудаи №42-и Ширкати «Тоҷик-ирмонтаж»-и ноҳияи Данғара фаъолият намудааст.

Солҳои 1995-1999 муовини аввали раиси шаҳри Қӯрғонтеппа буд.

Солҳои 1999-2002 дар вазифаҳои муовини раиси Ширкати давлатии саҳомию холдингии «Барқи Тоҷик» ва муовини вазири энергетикаи Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият намудааст.

Солҳои 2002-2005 раиси шаҳри Нораки вилояти Хатлон ва солҳои 2005-2006 раиси ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе буд.

Солҳои 2006-2009 дар вазифаи раиси Ширкати саҳомии холдингии кушодаи «Барқи Тоҷик» ва солҳои 2009-2010 ба ҳайси директори Нерӯгоҳи барқии обии “Норак” ба номи Турсун Ӯлҷабоев кор кардааст.

Аз соли 2010 то соли 2014 ба ҳайси раиси шаҳри Қӯрғонтеппа (имрӯза Бохтар)-и вилояти Хатлон фаъолият намудааст.

Аз 21-уми феврали соли 2014 то 12-уми январи соли 2017 директори Муассисаи давлатии «Мудирияти минтақаи зериобшавандаи Нерӯгоҳи барқи обии «Роғун» буд.

Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12-уми январи соли 2017 иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе ва аз 4-уми апрели соли 2017 раиси ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе таъин гардид.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *