Толеъномаи 24 июн 2018

      Ҳамал ( 21 март-20 апрел)

Дар ин рӯз бо таъмири хона машғул шуда, фишори руҳиро рафъ карда метавонед. Корҳои нав саркардаатон бобарор анҷом меёбад. Хеле боэҳтиёт бошед, ба муноқиша роҳ надиҳед. Пас аз нисфирӯзӣ чунон танбал мешавед, ки аз уҳдаи ягон кор баромада наметавонед.  А Ҳангоми кор бо асбобҳои барқии техникӣ ва зимни ҳодисаҳои асабхарош боэҳтиёт бошед. Бо заҳмати зиёд ва ҷидду ҷаҳд имкони ба даст овардани маблағи хубро пайдо менамоед.

Савр ( 21 апрел – 22 май)

Нимаи дувуми рӯз мушкилиҳои молиявӣ ба зудӣ ва натиҷабахш анҷом меёбанд. Муноқишаатон бо аҳли хонавода анҷом ёфта, ба таъмири манзил машғул шудан мехоҳед. Аз бадкирдории ҳамкорон ё собиқ шиносҳоятон ҷафо мекашед. Вақти бештари худро дар ҳавои тоза гузаронида, саломатиятон беҳтар мегардад. Барои хариди калон пул сарф карданро тавсия намедиҳем.

Ҷавзо ( 23 май-21 июн)

Он чизеро, ки кайҳо боз дар орзуи хариданаш будед, ҳамин рӯз ба даст меоред. Мутаассифона ин амалатон боиси хароҷоти иловагӣ мегардад. Ҳангоми кор бо асбобҳои техникӣ ҳушёриро пеша намоед, бо сабаби фориғболӣ ҷароҳат бардоштанатон имкон дорад. Аз амали рӯирост ва боисрор худдорӣ намоед. Қабл аз кореро ба анҷом расонидан оқибаташро андеша намоед. Дар муносибатҳои ошиқона тағйиротҳои куллӣ дар назар аст.

Саратон (22 июн- 22 июл)

Орзуҳоятон имрӯз амалӣ мешаванд, миёнаи рӯз корҳои пинҳониятонро ба анҷом мерасонед. Дар ин рӯз ҳамсуҳбати хуб мегардед, рафтору гуфтори диққатҷалбкунандаатон боиси зиёд гаштани доираи дӯстон мегардад. Нимаи дуюми ҳафта рашки бемавриди ҳамсар ё ошиқатон ва ҷангу ҷанҷоли беохираш ба дилатон зада,  фикри ҷудо шудан ба саратон меояд. Саросемагӣ накунед, ки оқибат пушаймон мешавед. Беҳтараш чанд рӯз ӯро ба ҳоли худаш гузоред, то ором шавад, баъд метавонед бегуноҳиатонро исбот намоед.

Асад ( 23 июл – 23 август)

Барои нафароне, ки бо тоату ибодат машғуланд, рӯзи хуб меояд. Ҳар қадаре дар атрофатон ташвишу моҷаро зиёд бошад, ҳамон андоза худро бад эҳсос мекунед. Дар танҳоӣ амал намудану қаҳру ғазаби худро пинҳон нигоҳ доштан муяссаратон мегардад. Кормандони соҳаи матбуот дар корҳояшон пешравӣ эҳсос мекунанд. Нақшаи корҳои худро барои рӯзҳои наздик тартиб диҳед, аз пайи ислоҳ намудани камбудиҳоятон шавед.

Сунбула ( 24 август- 23 сентябр)

Дар ин рӯз вақти бештари худро бо дӯстону рафиқон мегузаронед. Қобилиятҳои пешгӯӣ кардани ҳодисаҳоро пайдо намуда, аз нохушиҳо эмин мемонед. Дар маъракаҳои серодам ширкат наварзед. Нимаи дуюми рӯз дар гуфтор бодиққат бошед, қаҳру ғазабро аз худ дур намоед. Меҳнатдӯстӣ ва ихтироъкории сунбулаҳо натиҷаи хуб медиҳад.  Ба саломатии худ бодиққат бошед, аз ҳолатҳое, ки боиси фишори руҳӣ ва хавотириятон мегардад, худдорӣ намоед.

Мизон ( 24 сентябр- 23 октябр)

Дар ин рӯз нафарони воломақом ба шумо мароқ зоҳир мекунанд. Дар маркази диққати атрофиён қарор мегиред, дар бораи шумо гап мезананду ба хислату рафтор ва коратон баҳо медиҳанд. Нимаи аввали рӯз ҳангоми дучори монеаҳо гаштан, аз наздикони худ кӯмак пурсида метавонед. Нимаи дуюми рӯз уҳдадориҳое, ки ҳамкорон ба дӯшатон бор мекунанд,  иҷро намуда, мукофотпулӣ мегиред.

Ақраб ( 24 октябр- 22 ноябр)

Сабаби дар ин рӯз худро нотоб ҳис карданатон дар он аст, ки шумо тарзи ҳаёти солимро пеш намебаред. Хусусан дар сафар нисбати саломатии худ фориғболӣ мекунед. Нимаи дуюми рӯз ба меҳмонӣ рафтанӣ шуда, хароҷоти калон мекунед. Дар ин рӯзҳо содадилӣ ва самимияти худро нишон дода, дар масъалаҳои зиёде бурд мекунед. Эҳтиёткор бошед, эҳтимоли аз асбобҳои нӯгтез ва халанда, инчунин аз оташ ҷароҳат бардоштанатон вуҷуддорад. Аз хӯроки вазнин ва зарарнок худдорӣ намоед.

Қавс ( 23 ноябр- 21 декабр)

Нафароне, ки дар ҷустуҷӯи ҷойи кор ҳастанд, муваффақ мегарданд. Кӯшиш намоед, ки ба молу ҷиҳози нафаре зарар нарасонед. Нимаи дувуми рӯз нақшаву ниятҳои худро тағйир доданӣ шуда, ба иштибоҳ роҳ медиҳед. Ба корҳои хатарнок  ва қонуншиканӣ роҳ надиҳед. Дар масъалаҳои молиявӣ коратон омад намекунад. Хароҷоти ногаҳонӣ имкон дорад  ва эҳтимол наздикон аз шумо қарз мегиранд. Зихнагӣ накунед, маблағро сари вақт бармегардонанд.

Ҷаддӣ ( 22 декабр- 20 январ)

Дар ин рӯз муносибатҳои заношавҳарӣ ва кориро беҳтар намуда, масъалаҳои баҳсӣ ва зиддиятро рафъ месозед. Аз ногаҳон беҳтар шудани вазъият табъатон болида мегардад. Ягона чизе, ки боиси малоли хотири нафарони муҷаррад мегардад, ин муноқиша бо шахси дӯстдошта ва ҳатто аз ҳам ҷудо шуданатон аст. Аз чунин ранг гирифтани ҳол заррае мушавваш нагардед, рӯзҳои наздик шумо оштӣ мешавед. Агар имкони ба сафари истироҳатӣ баромадан пайдо шавад, рад накунед.

Далв ( 21 январ- 20 феврал)

Ин рӯз фикру зикратон танҳо ба чӣ тавр баргардонидани қарзҳоятон банд шуда, дастатон ба ягон кор пеш намеравад. Кӯшиш намоед, ки худро ба даст гирифта аз пайи кор шавед, зеро бо фикр кардан аз осмон пул намеборад. Меҳнат кунед, самараашро мебинед. Нимаи дуюми рӯз имкони пули калон кор карданро доред, агар муносибатро бо роҳбарон хуб ба роҳ монед. Давлҳои оиладор бояд нисбати аҳли хонадонашон бепарво набошанд.

Ҳут ( 21 феврал- 20 март)

Имрӯз хавфи канда шудани робитаҳои корӣ вуҷуд дорад, бинобар ин, кӯшиш намоед, ки муносибатро бо ҳамкорон ва шарикони тиҷоратиатон вайрон насозед. Нимаи дуюми рӯз ягон ашёи қиматбаҳоятонро гум мекунед, агар беҳуда бозору мағозагардӣ кунед. Дар оилаи баъзе зодагони бурҷи ҳут нофаҳмиҳо сар мезананд. Беҳуда нагуфтаанд, ки ақлҳоро ақлҳо ёрӣ диҳанд, шарм надошта ба касе, ки бовар доред, дар бораи мушкилатон бигӯед ва маслиҳат пурсед.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *