толеънома

Толеъномаи 24-уми декабри соли 2022

Ҳамал (21 март-20 апрел)

Имрӯз ба ягон муноқишаву моҷаро ҳамроҳ нашавед. Ҳатто дар сурати ғолиб омадан, ба зудӣ мағлуб мегардед. Як қадами ноҷо гузоштаатон тамоми ояндаатонро барбод медиҳад. Беҳтараш то бегоҳ худро бо коре андармон сохта, қадаматонро дониста гузоред.

Савр (21 апрел-22 май)

Дар ин рӯз беҳтараш ба рафти ҳодисаҳо нигоҳ карда амал намоед. Ба тағйироту рӯйдодҳо бетафовут бошеду имкони амалӣ сохтани ниятҳои деринаро аз даст надиҳед. Бо вуҷуди душвории вазъият фаъол бошед, вагарна пушаймон мегардед.

Ҷавзо (23 май-21 июн)

Имрӯз тамоми ниятҳои некатон гирифтори монеаву душвориҳо мегарданд. Барои пешгирӣ намудани чунин ҳолат ба қувваи худ бовар карда, бо атрофиён дар робитаи фаъол бошед. Имкони тағйир додани чизеро дар ҳаёти худ аз даст надиҳед.

Саратон (22 июн-22 июл)

Дар ин рӯз камтарин камбудӣ дар назаратон бузург менамояд. Сари калобаатонро гум карда, намедонед кадом корро дар аввал ба анҷом расонеду кадомашро баъдан. Дар натиҷа чанд корро якҷоя сар карда, аз уҳдаи иҷрои ягонтояш намебароед. Барои он ки рӯзро беҳуда нагузаронед, бояд дар корҳоятон тартиботро ҷорӣ намоед.

Асад (23 июл-23 август)

Барои расидан ба мақсад танҳо роҳи ростро интихоб намоед. Роҳи рост роҳи кӯтоҳтарини расидан ба марра аст ва мо аксаран онро фаромӯш менамоем. Имрӯз аз фиребу найранг ва пинҳонкорӣ худдорӣ намоед. Дар ҷодаи дӯстиву кор ва муҳаббат самимиву поквиҷдон бошед.

Сумбула (24 август-23 сентябр)

Имрӯз ба ҳодисаҳои рухдода диққати зиёд доданатон нодуруст аст. Бо ҳар сабаб ба ваҷд омадану руҳафтода шуданатон ба атрофиён хуш намеояд. Барои он ки сафи душманонатон зиёд нагардад, дар ин рӯз касеро ғайбату бадгӯӣ накунед.

Мизон (24 сентябр-23 октябр)

Худатон нафаҳмида сабабгори паҳн сохтани хабаре мегардед, ки заррае ҳақиқат надорад. Кӯшиш намоед, ки баробари хабаркашӣ ба танқиди нафаре роҳ надиҳед, вагарна муносибататон бо атрофиён вайрон мегардад. Бегоҳирӯзӣ нишонаҳои бемории зукомро ҳис мекунед.

Ақраб (24 октябр-22 ноябр)

Имрӯз дар рафтору гуфторатон дағаливу дуруштӣ эҳсос карда мешавад. Фаромӯш насозед, ки муносибати шумо боиси малоли хотири атрофиён мегардад, вагарна тамоми рӯзатон бо муноқишаву ҷангу ҷанҷол сипарӣ мегардад.

Қавс (23 ноябр-21 декабр)

Рӯзи хубест барои оғоз намудани корҳои нав. Бонувони танҳо бахти худро пайдо менамоянд. Агар хариди калон ё ҷашни идона баргузор карданӣ бошед, рӯзи бобарор аст. Эҳтимол бо нафарони аҷибе шинос мешавед, ки аз робита бо эшон фоида ба даст меоред.

Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)

Дар ин рӯз ягон ҳодисаи муҳим рух намедиҳад, вале бояд аз гуфтори сахту рафтори беандеша худдорӣ намоед, вагарна ба муноқишаҳои ҷиддӣ гирифтор мегардед. Нафаре дар фикри бадии шумо асту бо роҳи фиреб пулҳоятонро соҳиб шудан мехоҳад. Барои пешгирӣ намудани чунин ҳодиса ҳушёриро пеша намоед.

Далв (21 январ-20 феврал)

Дар ин рӯз бо кӯдакону ҷавонон забон ёфтанатон осон аст. Агар дар масъалае бо кӯдакон маслиҳат карданӣ бошед, ин рӯзро истифода баред. Бо ҳамсафари ҳаётӣ ё шахси дӯстдоштаатон муносибатҳоятон бад гашта, ҳатто кор бо муноқиша анҷом ёфта метавонад. Аз ин лиҳоз, бо баҳонае дидорбиниро мавқуф гузоред.

Ҳут (21 феврал-20 март)

Барои он ки рӯзро бо баҳсҳои беҳуда сипарӣ насозед, оташи ғазаби худро паст намуда, ба нафарони наздикатон фишор наоред. Ба доми ҳаннотону дуздон афтодану аз даст додани маблағҳои пулӣ имкон дорад. Аз нӯшидани нӯшокиҳои спиртӣ худдорӣ намоед. Ба пешниҳодҳое, ки ваъдаи ба зудӣ сарватманд шуданро медиҳанд, бовар накунед.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *