толенома

Толеъномаи 25-уми августи соли 2023

Ҳамал (21 март-20 апрел)

ҳамал

Дар ин рӯз бе ягон ҳарос ба корҳои нав даст занед, бо шахсоне, ки дар зиндагӣ ва коратон нақши калидиро мебозанд, вохӯриҳо гузаронед. Нимаи дувуми рӯз бо маслиҳати аҳли оила аз пайи таъмири пурраи хона мешавед. Ҳамалҳои муҷаррад барои худ ҷуфти муносиб меёбанд, ба шарте, ки андаке ҳушёрӣ пеша намоянд. Ҳамалҳои оиладор метавонанд муносибатҳои каме пештар вайронгаштаашонро бо оила ва ё ақрабояшон ба танзим дароранд.

Савр (21 апрел22 май)

савр

Ба ҳеҷ ваҷҳ аз омад накардани коратон ғамгин нашавед. Нафароне, ки майл ба қиморбозиву қартабозӣ доранд, аз ин машғулиятҳо даст кашиданашон беҳтар аст. Дар муносибатҳои ошиқона дурандеш бошед, дили ёратонро наранҷонед. Нафари мансабдоре дар тиҷорат ва пешравии корҳоятон ба шумо кумак мерасонад.

Ҷавзо (23 май-21 июн)

ҷавзо

Дар ин рӯз фиребгарон, нафарони руҳан носолим ё майхора ба шумо майл менамоянд, аз ин лиҳоз, ҳушёриро пеша намуда, аз нафарони ношинос дурӣ ҷӯед. Нимаи дувуми рӯз барои ба даст овардани чизи дилхоҳатон хеле босабру ботаҳаммул бошед. Шумо камбудиҳои кору рафтори худро намебинед, аз ин хотир, ба танқиди атрофиён гӯш андозед. 

Саратон (22 июн-22 июл)

саратон

Бо хариду фурӯш машғул нашаведу пули зиёдро сарф накунед, вале барои нафароне, ки роҳҳои нави даромадро меҷӯянд, аёми мусоид аст. Нафароне, ки ба хотири нав кардани сарулибосашон пулро беистиҳола сарф мекунанд, ба ғазаби наздиконашон гирифтор мешаванд. Занги телефонӣ бегоҳирӯзӣ нақшаҳоятонро барбод медиҳад. Бемории баногаҳ пайдошударо бо худтабобаткунӣ рафъ карда наметавонед.

Асад (23 июл23 август)

асад

Дар бораи нобасомониҳои тақдиратон бисёр андеша намуда, билохира ба хулосаи дуруст меоед. Шумо дарк мекунед, ки маҳз беғайратӣ душмани қаттолу ягонаи шумо аст, ки садди роҳи пешравиҳои коратон мегардад. Асадҳое, ки табиатан саломатии хуб доранд, дар ин айём нерӯяшон дучанд гашта, аз бемориҳо эмин мемонанд. Нафароне, ки меъдаву дили бемор доранд, беморияшон хурӯҷ карда, хатари ҷароҳат бардоштанашон вуҷуд дорад.

Сумбула (24 август-23 сентябр)

сумбула

Миёнаи рӯз тамоми корҳоятонро аз атрофиён пинҳон медореду ба касе рози дил гуфтан намехоҳед. Барои худ машғулияти зеҳнӣ пайдо намоед, он гоҳ барои беҳуда дарди дил кардан имкон пайдо намекунед. Дар саломатиятон ҷурме дида намешавад, ба шарте, ки худро сахт хаста насозед. Сари вақт хӯрок хӯред, кам хӯрданатон боиси пайдо шудани бемориҳо мегардад.

Мизон (24 сентябр-23 октябр)

мизон

Дар ин рӯз аз сирру асрори нафаре огаҳ гаштанатон имкон дорад. Нимаи дувуми рӯз корҳое, ки пинҳонӣ ба анҷом мерасонед, ҷомаи амал мепӯшанд. Агар шумо хӯрокҳои зарарнокро истеъмол намекарда бошед, ба саломатиятон хатаре таҳдид намекунад. Кӯшиш намоед хӯроки кам хӯрда, бештар ҳаракат кунед. Пеш аз хоб телефони дастиятонро хомӯш созеду нағзакак дам гиред.

Ақраб (24 октябр-22 ноябр)

ақраб

Дар ин рӯз ба яке аз хешовандони калонсолатон кумаки шумо лозим меояд. Миёнаи рӯз доираи дӯстони кордону муътабарро васеъ гардонед. Охири рӯз хабари пешравӣ дар вазифа ё зиёд шудани маош табъатонро болида мегардонад. Ақрабҳои сигоркаш камқувват мешаванд, хатари ҷароҳат бардоштанашон вуҷуд дорад. Охири рӯз аз давуғеҷ ва анбуҳи одамон дурӣ ҷӯед.

Қавс (23 ноябр-21 декабр)

қавс

Қавсҳо сарфакориро фаромӯш карда, чизеро, ки кайҳо дар орзуи харидорӣ намуданаш буданд, бо нархи гарон ба даст меоранд. Ин амалатонро ҳамсафари ҳаётиатон дастгирӣ намуда, якҷоя барои ба даст овардани маблағи даркорӣ кӯшиш мекунед. Бо кумаки дӯстону наздикон ба мақсад мерасед, вале фикри баргардонидани қарз табъатонро хира мегардонад. Ба саломатии худ диққати ҷиддӣ диҳед. Нимаи дувуми рӯз бо ҳалли корҳои ҳаррӯза машғул нашавед, беҳтараш истироҳат кунед.

Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)

ҷаддӣ

Муносибати ҷаддиҳо дар ин рӯз бо дӯстдоштаашон қавитар гашта, меҳру муҳаббаташон ба якдигар дучанд мегардад. Дар касбу коратон пешравӣ дида мешавад. Роҳбарияти коргоҳ заҳматписандиву кордониятонро қадрдонӣ мекунад. Агар нияти қарз гирифтанро дар сар дошта бошед, бароятон давраи мусоид фаро мерасад. Ҷаддиҳое, ки ҷойи кори худро иваз кардан мехоҳанд, бояд нағзакак фикр намоянд.

Далв (21 январ-20 феврал)

далв

Имрӯз атрофиён аз худхоҳиву худпарастии далвҳо ба ҳайрат меоянд. Дар ҷойи кор роҳбарият шуморо бештар ҳурмат мекардагӣ мешавад. Дар хона ҳангоми ҳалли масъалаҳои муҳим сарварӣ намоед, ҳамсари худро аз хариди калон нигоҳ дошта, аз муфлисшавӣ наҷот меёбед. Аз муноқиша бо сардор, ҳамкорон ва хешу ақрабо худдорӣ намоед, вагарна корҳоятон дӯлобу табъатон хира гашта, чанд муддат ба худ намеоед.

Ҳут (21 феврал-20 март)

ҳут

Стресси ҷамъшуда садди роҳи зиндагии осоиштаатон гашта, худро бад ҳис мекунед. Агар рафти зиндагии ҳозираатонро тағйир диҳед, аҳволатон рӯ ба беҳбудӣ меорад. Асабатон ором гашта, ба худ эътимод пайдо мекунеду руҳафтодагиятон пурра рафъ мегардад. Сафарҳои корӣ бобарор анҷом меёбанд. Кӯшиши якбора ба анҷом расонидани чанд корро накунед, баъзе нақшаҳои шумо амалинашавандаанд. Охири рӯз аз пайи осон намудани мушкили дигарон нашавед.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *