толеънома

Толеъномаи 25-уми сентябри соли 2022

Ҳамал (21 март-20 апрел)

Барои расидан ба мақсад кӯшиши зиёд ба харҷ доданатон лозим меояд. Нисбати нафаре, ки ба шарофати ӯ бисёр чизҳоро ноил гашта бошед, ҳурмату эҳтиром зоҳир намоед. Нафароне, ки тиҷорати шахсии худро ба роҳ мондан мехоҳанд, бе дастгирии нафарони воломақом пеш рафта наметавонанд. Бегоҳирӯзӣ дар роҳ эҳтиёт шавед.

Савр (21 апрел-22 май)

Дар ҳаёти шахсӣ фармонфармоӣ карданро маслиҳат намедиҳем. Фаромӯш насозед, ки ду сарвар дар як ҷо созиш карда наметавонанд. Барои аз мушкилоти шахсӣ эмин мондан, бо корҳои фаврӣ машғул шавед. Эҳтимол шуморо як дӯсти деринатон ба меҳмонӣ даъват карда, ҳодисаҳои аҷиби зиёдеро нақл мекунад.

Ҷавзо (23 май-21 июн)

Дар ин рӯз корҳои муҳиматон хеле зиёд гашта, сарҳисоби корро гум мекунед. Ҳатто мулоқоти ошиқонаи бегоҳирӯзӣ низ наметавонад табъатонро болида гардонад. Аз шиносоӣ ва робитаи интернетӣ худдорӣ намоед. Қарорҳои наву шитобкорона фоида намеоранд. Ба кумаки дӯсти наздикатон умед баста метавонед.

Саратон (22 июн-22 июл)

Аз комёбиҳои ноилгаштаатон қаноатманд нагашта, минбаъд низ омӯзишу рушдёбиро давом диҳед. Агар дӯстони дерин ҷонатонро ба лаб меоварда бошанд, робитаро қатъ намоед. Ба эҳсосот роҳ надиҳед, вагарна пушаймон мешавед. Баъди нисфирӯзӣ коратон зиёд мешавад, вале фориғбол нашавед, ҳама кор бояд таҳти назорати шумо қарор дошта бошад.

Асад (23 июл-23 август)

Бо наздикон ва хешовандони калонсолатон баҳсу мунозира накунед. Бо вуҷуди ҳақ буданатон ҳамсуҳбати шумо бо нуқтаи назаратон розӣ намешавад. Ба ҳаёти шахсӣ рангу бӯйи тоза ворид намоед. Агар нияти ба хонаи хешу ақрабо сафар карданро дошта бошед, аз роҳ нагардед.

Сунбула (24 август-23 сентябр)

Рӯзи хубест барои тарҳрезӣ намудани нақшаҳои минбаъда, барои тайёрӣ дидан ба тағйироти дар пеш истода. Шитобкорӣ шуморо ба рафтори беандеша водор мекунад. Нисбати нафароне, ки дӯсташон медоред, сабру таҳаммулро пеша намоеду боилтифот бошед. Барои табобати бемориҳо рӯзи мусоид аст.

Мизон (24 сентябр-23 октябр)

Дар ин рӯз ягон ҳодисаи тақдирсоз рух намедиҳад. Барои коре, ки бар ивазаш маблағи хуб гирифта метавонед, кӯшиш ба харҷ диҳед. Дар ҷодаи муҳаббат нисбати дӯстдоштаи худ меҳру муҳаббати зиёд сарф карданатон лозим меояд. Эҳтимоли бемор шудани меъдаатон дар ин рӯз зиёд аст.

Ақраб (24 октябр-22 ноябр)

Дар ин рӯз аз роҳ додан ба ғалат эҳтиёт шавед. Нафароне, ки тиҷорати шахсии худро доранд, вазъи молиявиашон ру ба беҳбудӣ меорад. Даромадеро ба даст меоред, ки дар орзуяш набудед. Баъди нисфирӯзӣ ҳамёни худро эҳтиёт карда, бо нафарони шубҳанок робитаву шиносоӣ накунед.

Қавс (23 ноябр-21 декабр)

Нисбати атрофиён қаҳру ғазабро раво набинед. Қабл аз он, ки кореро ба анҷом мерасонед, андеша намоед, ки оё амали шумо кирои асабҳои харобгашта ва нерӯи сарфкардаатон мешавад ё не. Беҳтараш нерӯи худро на ба муноқишаву нофаҳмӣ, балки ба корҳои созанда равона созед. Дар ҷодаи муҳаббат ба касе дарди дил накунед.

Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)

Бо вуҷуди аз таҳти дил кӯшиш намуданатон муваффақ намегардед, коратон барор намегирад ё натиҷааш табъи дилатон намегардад. Дар муносибат бо шахси дӯстдоштаатон лаҳзаҳои гувороро интизор бошед. Аз баҳсу мунозира худдорӣ намоед, вагарна ҳолати руҳиятон бад мегардад.

Далв (21 январ-20 феврал)

Ташвишатон зиёд мешавад, мушкилиҳои сарзадаро бояд мустақилона рафъ намоед. Обрӯву нуфузатон назди пайвандон дучанд мегардад. Саломатиятонро ба мутахассиси бетаҷриба бовар накунед. Хусусан дар табобат намудани дандон фориғболӣ накунед.

Ҳут (21 феврал-20 март)

Дар ин рӯз дилатон танҳо истироҳату фароғат мехоҳад. Мутаассифона, кори хонаву мушкилоти дигар имкон намедиҳанд, ки табъи дил истироҳат кунед. Эҳтимол ба меҳмонӣ меравед ё ба хонаатон меҳмон меояд. Яке аз наздиконатон нотоб шуда, табъатон хира мегардад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *