Толеъномаи 26-уми сентябри соли 2023
Ҳамал (21 март-20 апрел)
Дар ин рӯз фаъолнокии худро нишон диҳед. Бо сабаби шитобкорӣ ва ба ақидаи дигарон гӯш накардану худхоҳӣ дучори душвориҳо мегардед. Аз робитаҳои нодаркор худдорӣ намоед, зеро аз ҷониби рақибон душманиву найранг имкон дорад.
Савр (21 апрел-22 май)
Агар барои худ душман харидан нахоҳед, ба касе ваъдаи хушку холӣ надиҳед. Ба хотири худнишондиҳӣ гапе гуфтанатон имкон дорад, ки баъдан боиси дар ҳоли ногувор афтоданатон мегардад. Ҳамзамон ба корҳое, ки аз уҳдааш намебароед, даст назанед, вагарна ба иштибоҳ роҳ медиҳед.
Ҷавзо (23 май-21 июн)
Айни замон бояд мустақилона амал намоед. Ин амалатон шуморо аз нофаҳмиҳои зиёд раҳо мебахшад. Вазъиятро санҷида, муносибатро бо нафароне, ки кумакашон ба шумо мерасад, ба роҳ монед. Аз доираи нафароне, ки одату рафторашон асабатонро хароб месозад, дурӣ ҷӯед.
Саратон (22 июн-22 июл)
Дар ин рӯз ташвишатон зиёд гашта, бояд сари қарори муҳиме омада тавонед. Мунтазам ва устуворона ба мақсади дар пеш гузоштаи худ мерасед. Айни замон дар ҷодаи муҳаббат бурдборӣ насибатон мегардад, хусусан агар шумо ҳанӯз муҷаррад бошед.
Асад (23 июл-23 август)
Имрӯз метавонед барои оғози кори нав камар бубандед. Пешниҳодҳои ҷолибро қабул кунед. Дар ҷодаи муҳаббат имконро аз даст надиҳед, ба шахси дӯстдоштаатон фаҳмонед, ки шумо ба муҳаббати дарозмуддат ниёз доред. Зимни робита бо шиносони нав ба дағалӣ роҳ надиҳед, вагарна кор бо муноқиша анҷом меёбад.
Сумбула (24 август-23 сентябр)
Дар ин рӯз ҳама коратон барор мегирад. Мушкилиҳои сарзада бо сабаби шитобкорӣ ва норозигии атрофиён сар мезананд. Барои нафароне, ки ҷои корашонро иваз кардан мехоҳанд, рӯзи мусоид аст. Давоми рӯз эҳтимоли вайрон шудани техникаи рӯзгор ё компютер дар назар аст.
Мизон (24 сентябр-23 октябр)
Мушкилоти рӯзҳои пеш аз нав сар мезананд. Ҳатман аз пайи рафъ намудани он шавед ва ба кумаки нафаре умед набандед. Шумо бояд хунсард ва ботаҳаммул бошед, он гоҳ обрӯятонро дар байни коргарон нигоҳ дошта метавонед. Наздикони худро бо ғамхорӣ фаро гиред.
Ақраб (24 октябр-22 ноябр)
Нисбати атрофиён сабру таҳаммулро пеша намоед. Агар ба кумак ниёз дошта бошед, лаҳзаи мувофиқро интизор шавед. Дар бораи бурдбориҳои худ ба ҳамкорону дӯстон нақл накунед. Рақибон интизори нобарориҳои шумо ҳастанд. Дар ҷодаи муҳаббат барор ҳамсафаратон мегардад.
Қавс (23 ноябр-21 декабр)
Вақти зиёди худро дар робита мегузаронед. Шиносони пешинаву дӯстони навро вомехӯред. Ҳатто бо нафароне муносибати хуб карданатон лозим меояд, ки чандон табъи дилатон нестанд. Ба вазъият нигоҳ карда, баъзан ҳилларо ба кор баред. Нисбати наздикони худ меҳрубон бошед.
Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)
Ба қувваву имкониятҳои худ нигоҳ карда, амал намоед. Эҳтимоли рафтору кирдори нодуруст карданатон вуҷуд дорад. Беҳтараш ҳодисаҳоро таҳлил намуда, баъдан амал намоед. Ҳангоми муошират нуқтаи назари ҳамсуҳбати худро сарфи назар накунед.
Далв (21 январ-20 феврал)
Барои расидан ба комёбиҳои касбӣ нерӯи зиёд пайдо мекунед. Бо сабаби сар задани фишори руҳӣ ва хастагӣ саломатиятон нохуб мегардад. Аз асабоният худдорӣ намуда, бо кори вазнини ҷисмонӣ машғул нашавед, вагарна эҳтимоли ба беморхона афтоданатон зиёд аст.
Ҳут (21 феврал-20 март)
Дар ин рӯз аз ҷониби нафаре, ки нисбаташ эътимоди қавӣ доштед, хиёнат мебинед. Бигзор ин ҳодиса бароятон дарси ибрат гардад. Минбаъд дӯстиро бо кори худ алоқаманд насозед, вагарна боз чандин маротибаи дигар фиреб мехӯред. Аз ҷиҳати молиявӣ яке аз рӯзҳои бобарортарин ба шумор меравад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ