Толеъномаи 27 июн 2018

Ҳамал ( 21 март-20 апрел)

Имрӯз ҳамаи корҳои ба дӯшгирифтаатонро ба осонӣ анҷом дода, барои истироҳату фароғат фурсат пайдо мекунед. Фикрҳои нодурустро аз сар дур кунед ва барои болидарӯҳӣ дар сӯҳбати одамони зиндадил бештар нишинед. Шомро ҳамроҳи дӯстон гузаронед,вале ба хона занг зада аз дер баргаштанатон хабардор кунед. Вагарна айшатонро ҷанҷолҳои хонаводагӣ талх хоҳанд кард.

Савр ( 21 апрел – 22 май)

Рӯз барои шумо ба махнои томаш пурбарор мешавад.  Ҳар мулоқоту муоширате бароятон манфиатбор хоҳад шуд. Бурди хурде, ки имрӯз ба даст меоваред шуморо як қадами дигар ба мақсадатон наздиктар хоҳад кард.  Рӯз барои хариди калон низ мутобиқ аст. Дар муомила бо наздикон низ ягон камбудие дида намешавад.

Ҷавзо ( 23 май-21 июн)

Имрӯз худро зиёд мустақил нишон дода бо шариконатон муомилатонро бад накунед.Зеро бо мушкилоте рӯбарӯ мегавед, ки дар танҳои ҳал карданаш мушкил. Аз рафтан ба маҷлису маъракаҳо ва ҷойҳои серодам худдорӣ намоед. Бастани ҳамагуна шартономаҳоро низ тавсия намедиҳем. Хавфи фиреб хӯрдан ё дуздонидани пулатон вуҷуд дорад.

Саратон (22 июн- 22 июл)

Имрӯз бояд дар ҳамаҷиҳата эҳтиёткор бошед. Аз сухан ва амалҳои дар сари қаҳрқ ғазабгуфтаатон баъдан пушаймон хоҳед буд. Ягон навгонь ё саныиши чизщои ношиносро имрӯз анҷом надиҳед. Вақтҳои охир ҳамеша як мушкиле дар оилаи шумо ҳаст. Агар хубтар фикр кунед банбаи онро пайдо карда, оромиву якдигарфаҳмиро барқарор мекунед. Асад ( 23 июл – 23 август)

Имрӯз бояд пеш аз ҳама фикри саломатиатонро кунед. Бештар истироҳат намоед ва камтар дар фикри мушкилоти иқтисодиатон бошед. Бо ҳамсар ва фарзандонатон ба тамошои табиат бароед. Ба аёдати падару модар равед. Анҷоми ҳама корҳои мушкилро ба рӯзи дигар гузоред.Барои рафтан ба тӯё маъракаҳо рӯзи мувофиқ нест.

Сунбула ( 24 август- 23 сентябр)

Нимаи аввали рӯз дасрди зиёди сар шуморо азият медиҳад. Ин таъсири шабнишинии дирӯза буда, бояд барои табобаташ аз гиёҳҳои табиӣ истифода кунед. Нимаи дувуми рӯз ба аёдататон шахсе меояд, ки боиси нобарории корҳоятон хоҳад гашт. Сунбулаҳои оиладор беҳтараш аз мулоқотҳои пинҳонии ошиқона даст кашанд.

Мизон ( 24 сентябр- 23 октябр)

Ҳарчанд дар кӯча бо ёру рафиқон ва одамони ношинос хушчаққақу ширинсухан ҳастед, бо ҳамсар ва наздикон баръакс рафтор мекунед. Маҳз ҳамин хислататон шуморо дар чашми наздикон бад мекунад. Имрӯз аз аспи ғурур фароед ва бо ҳамсафари ҳаётиатон меҳрубон бошед. Фаромӯш накунед, кидар ҳолати тангдастӣ маҳз ӯ дастгирӣ шумо хоҳад буд на зебосанамҳои кӯчагӣ.

Ақраб ( 24 октябр- 22 ноябр)

Мушкилоте, ки нимаи аввали рӯз шуморо азият медиҳад пас аз низфирӯзӣ бо кумаки яке аз ақрабоҳои наздикатон ҳал мешавад.  Дар ҷодаи ишқу муҳаббат бошад имрӯз шқморо нокомиву нобарорӣ интизор аст. Дӯстдоштаатон аз рашку ҷанҷоли зиёди шумо хаста шудаву кайҳо боз ишқи дигареро дар дил мепарварад. Шомро беҳтараш дар иҳотаи наздикон гузаронед на бо нӯшидани нӯшокиҳои спиртӣ.

Қавс ( 23 ноябр- 21 декабр)

Рӯзатон бо ташвишу серкорӣ оғоз меёбад. Таёрӣ ба ташрифи меҳмонҳо аз роҳи дур вақти зиёдатонро мегирад ва ба дидорбинии дӯстатон рафта наметавонед. Вале Ин меҳмонҳо бо худ хабарҳои хуш оварда, табъи азизонатонро хуш месозанд. Шом пеш аз хоб каме гардиш кунед ва ба пурхӯрӣ роҳ надиҳед. Рӯз барои рафтан ба бозору мағоза мусоид нест.

Ҷаддӣ ( 22 декабр- 20 январ)

Имрӯз аз сафари роҳи дур ва умуман мошинсаворӣ худдорӣ намоед беҳтар аст. Зеро хавфи ба садама дучор шуданатон зи1д аст. Дӯстдоштаатон ба шумо хабари ғайри оддиеро мерасонад. Чигуна истифода бурдани он аз худатон вобаста аст. Ҷаддиҳои муҷаррадро вохӯриҳои хотирмону мулоқотҳои ошиқона мунтазир аст. Саломатиатон шуморо имрӯз ташвиш намедиҳад.

Далв ( 21 январ- 20 феврал)

Аввали рӯз чун ҳамеша муқаррарӣ мегузарад. Вале нимаи дувуми он саломатии ҳамсафари ҳаётиатон якбора бад шуда, шуморо ба ташвиш мегузорад. Барои ҳалли мушкилоти молӣ аз рафиқатон ёрдам пурсиданатон лозим меояд. Асосаш рӯҳафтода нашавед, зеро дастгирии маънавии шумо ба фарзандон аз дигар вақт бештар зарур аст. Чуноне  мегӯянд банда ба умед.

Ҳут ( 21 феврал- 20 март)

Имрӯз дар ҳолати мастӣ ба азизи дилатон хиёнат мекунед ва ин хатогии худро дарк карда азоби рӯҳӣ мекашед. Сирру асрори дигаронро фош накунед то тасроратон пинҳон монад. Кунҷкобии аз ҳад зиёд боиси дарди сар хоҳад шуд. Бинобар ин биниатонро ба кори дигарон нахалонед ва аз паси зиндагии хеш шавед.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *