Дар Турсунзода бибӣ бо ду наберааш дар коми оташ сӯхт

 

 Салима Ҷӯрақулова бисёр зани меҳрубон буд ва набераҳояшро аз ҷонаш бештар дӯст медошт.

Вай набераи хурдиашро ба синааш пахш карда аз коми оташ баровардан мехостааст, вале ин кор ба ӯ муяссар нагашта, беҳушу беёд меафтад. «Вақте ки ҷасадҳоро аз коҳдони сӯхтагӣ  бароварданд, ҳамаамон ба ҳолаки шок афтидем. Наберааш Парвизҷон апаи Салимаро маҳкам оғӯш карда, дар оғӯши бибиаш ҷон додааст. Ҷасадҳои бибию набераро базӯр аз ҳамдигар ҷудо карда шустанду бо чашми гирён ба хок супориданд»,- афсӯс хӯрда мегӯяд ин шоҳиди ҳодиса.

 (Идомааш дар шумораи №26- ҳафтаномаи “Оила”)

         Никоҳи духтари ҷӯгӣ бо «мурда»

Овозаҳо дар бораи тӯйи лӯлиён то куҷо ҳақиқат доранд?

Домоди урёнро дар сони сафед печонида оварданд, гӯё ӯ мурдаи кафанпеч бошад. Шаҳи кафанпечро дар болои як қабат кӯрпача хобонданд ва пирони авлод дар атрофаш ҳалқа зада нишастанд. Муллои никоҳгар аз ҳама боло, дар болои сари «мурда» нишаста буд. Чанд нафар занҳои сабзинаи холдор ба сари арӯс чодир партофта, ӯро ба хона дароварданд. Арӯсак  дуртар аз домуло ғунча шуда нишаст ва маросими никоҳ оғоз ёфт. Мулло аз лӯлидухтари арӯсак мепурсад:

-Шумо, ки Гулшаной бинти Тошмурод ҳастед, ҳамин мурдаи кафанпечро ба шавҳарӣ қабул кардед?

Арӯс сар ба зер афканда чизе намегуфт. «Сукут аломати ризост» — садо баровард, аммаи арӯс.

Мулло боз ба арӯс рӯ оварда, бо оҳанги омирона мепурсад:

-Хӯрондану пӯшондани ин мурдаи бе кафанро бар дӯш мегиред?

-Қабул мекунам,-нимғурма ҷавоб медиҳад арӯс.

 Бо шунидани ин сухан аз забони арӯс ҳама даст ба рӯ кашида аз хона берун мешаванд. Дар ҳуҷра танҳо арӯсу домоди урён мемонанд….

 (Идомааш дар шумораи №26- ҳафтаномаи “Оила”)

            Ишқи «индийский»-и Согдиана

   Согдиана  бисёр зани меҳрубон буд ва набераҳояшро аз ҷонаш бештар дӯст медошт. Вай набераи хурдиашро ба синааш пахш карда аз коми оташ баровардан мехостааст, вале ин кор ба ӯ муяссар нагашта, беҳушу беёд меафтад. «Вақте ки ҷасадҳоро аз коҳдони сӯхтагӣ  бароварданд, ҳамаамон ба ҳолаки шок афтидем. Наберааш Парвизҷон апаи Салимаро маҳкам оғӯш карда, дар оғӯши бибиаш ҷон додааст. Ҷасадҳои бибию набераро базӯр аз ҳамдигар ҷудо карда шустанду бо чашми гирён ба хок супориданд»,- афсӯс хӯрда мегӯяд ин шоҳиди ҳодиса…

(Идомааш дар шумораи №26- ҳафтаномаи “Оила”)

Марде, ки 3 шавҳар дорад

Ман як аблаҳ , худозада ва беимон ҳастам. Гуноҳи разилонаи ман ин аст, ки бо мардҳо ишқварзӣ намуда, мисли зан бо онҳо дар як болин сар мегузорам.

Чунон ба васвасаи шайтон дода шудаам, ки агар як рӯз ин кори ҳаромро накунам, бемор мешавам. Ҳама маро “голубой” мегӯянд, вале дигар ба ин калимаи таҳқиромез аҳамият намедиҳам, чунки ин ҳақиқат аст. Ҳақиқати талхи ҳаёти сагонаи мани рӯсиёҳ!..

 (Идомааш дар шумораи №26- ҳафтаномаи “Оила”)

 

      Зиндагӣ дар тағора

Рама Харуна аз шаҳри нигериягии Кана 19 –сола аст, вале дар ҷисми тифли шашмоҳа дармонда, ҷисмаш дигар инкишоф наёфтааст.

Бо вуҷуди бемор буданаш Рама духтараки зиндадил буда, умед ба рӯзҳои нек дорад. Рама аз замони ба дунё омаданаш на даст дораду на пой ва пайваста аз дарди ҷонкоҳ азоб мекашад. Бо сабаби он ки ҷисми носолимаш дар аробачаи маъюбӣ ҳам ҷой намегирад, наздиконаш Рамаро дар тағораи пластикӣ гирифта мегардонанд. Модари Рама мегӯяд, ки то шашмоҳагӣ духтараш комилан солим буд, вале нав нишастанро ёд гирифт, ки ин балои азим ба сарашон омад.  Дар шашмоҳагӣ Рама ба бемории номаълуме гирифтор гашт ва ҷисмаш аз инкишоф бозмонд…

 (Идомааш дар шумораи №26- ҳафтаномаи “Оила”)

 

Мардҳои тоҷик, аз худ шери нар натарошед!

Ман ҳамаи дузанаҳоро дар назар надорам, вале аксарияташон пуле надоранд, ки нос харанд, аммо пояшонро ба пойи бойҳо дароз карда зани дуюм мегиранд.

Зану кӯдаконашон рӯзи дароз гуруснаю ташна мегарданд, дар танашон либоси дуруст надоранд, вале ин мардҳои гушнамаст зани дуюм гирифта, кайфу сафо кардан мехоҳанд. Гумон мекунанд, ки зани дуюм фаришта аст ва ҳеҷ чиз намехӯрад, вале баъд зиндагии дутарафа зӯрашон меояду ҳарду занро бо кӯдаконашон партофта, роҳи Русияро пеш мегиранд, то ки ба қавли худашон “аз ҷақ-ҷаки занҳо” халос шаванд.

Эй мардони ба қавли худатон “шери нар” дар кисаатон як тини пучак надоред, номаъқул карда зани дуюм мегиред….

 

(Идомааш дар шумораи №26- ҳафтаномаи “Оила”)

 Обуна шудан мехоҳед ва ё барои дастрасӣ мушкилӣ мекашед, пас ба рақамҳои 918-63-31-63 занг зада, сари вақт дастрас намоед!!!

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *