Туркия намехоҳад, ки «Евровидение 2019» дар Байтулмуқаддас гузарад.

          Озмуни мусиқавии  байналмилалии  «Евровидение 2019», дар Изроил, дар шаҳри Тел-Авив баргузор баргузор мегардад.

           Айни замон намояндагони ин озмуни бонуфуз бо ҳукуматдорони Изроил гуфтушунид карда истодаанд. Тақрибан маблағи озмуни ояндаи «Евровидение»  16,6 то 22,1 миллион доллари амрикоиро ташкил хоҳад дод. Инчунин то оғози озмун, бояд дар ҳар шаҳру мамлакатҳои аъзо озмунҳои алоҳида гузаронда шавад ва ғолиби озмунҳои минтақавӣ ба «Евровидение 2019» роҳ хоҳанд ёфт.

          Изроил ин имконятро баъд аз ғолиб омадани намояндааш Нетта Барзилайи  дар озмуни ба даст овард. Ин сарояндаи ҷавон бо суруди Toy ғолиб омада буд. Пас аз ин сарвазири Изроил  Бинямин Нетаняху гуфт, ки озмуни навбатии «Евровидение»  дар Байтулмуқаддас баргузор мегардад. Ин изҳорот норозигиро миёни давлатҳои аъзоро, аз ҷумла Туркияро ба миён овард. Ин ба он хотир аст,  ки мақоми Байтулмуқаддасро бисёре аз давлатҳои дунё  қабул надоранд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *