Пешвои миллат дар роҳи сулҳ ва саодат

Саодати бузурге мардуми тоҷикро насиб гаштааст. Ин саодат Истиқлолияти давлатии мост, ки Ваҳдат як ҷузъи ҷудонопазири он мебошад.

Ҳама гуна пешравӣ, рушд, тараққиёт дар заминаи субот ба даст меояд. Субот меваи сулҳ, ҳамдигарфаҳмӣ, ҳамраъйӣ ва муҳимтар аз ҳама ваҳдати миллист. Албатта, ваҳдати миллӣ ба осонӣ ба даст наомадааст. Он бар асари талош, пайкор, матонат, шуҷоат, заҳматҳо, ақлу хиради бузурги Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадааст. Пайкорҳои пайвастаи Пешвои миллат дар доираи як кишвар маҳдуд намегарданд, онҳо чун нури офтоб арсаи ҷаҳонро фаро мегиранд. Аз ин ҷост, ки  имрўз кишвари мо ба макони баргузории чорабиниҳои бузурги фарҳангиву сиёсии умумиҷаҳонӣ ва ҷойгоҳи ваҳдати мардумони ҷаҳон табдил ёфта истодааст. Ин иқдом ва ташаббусҳои Роҳбари сулҳофар ва меъмори ваҳдати миллии мо акнун баҳри таҳкими пояҳои дўстии тоҷикон бо тамоми мардуми олам ва таъмини ваҳдати халқҳо замина мегузорад.

Дар ҳақиқат, ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон марҳилаи наверо дар ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ, маънавию фарҳангии мамлакат бунёд ниҳод, Тоҷикистони соҳибистиқлол, ки бар асари ҷанги шаҳрвандӣ зарари зиёди моливу ҷонӣ дида, қудрату тавонмандиҳои иқтисодиву иҷтимоии худро аз даст дода буд, дар ҳолати буҳрони шадиди сиёсиву иқтисодӣ ва маънавӣ қарор гирифт. Маҳз дар ин марҳилаи сарнавиштсози таърихӣ ва як даврони ҳассоси рўзгори мардум буд, ки бо баҳрабардорӣ аз таҷрибаҳои таърихии гузаштагони худ заминаҳои мувофиқ барои таҳкими ваҳдати миллӣ ҳам аз назари сиёсӣ ва ҳам иқтисодиву иҷтимоӣ ба миён омада, ҷомеаи моро ба сӯи созандагиву бунёдорӣ ва бунёди давлати ҳуқуқбунёд тамоюл бахшид. Андеша ва ормони асосгузори воқеии ин сулҳу меъмори ҳақиқии ин ваҳдат, талошу пайкорҳои шоистаи фарзанди фарзонаи миллати тоҷик, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон воқеан роҳи наҷотро ба мардуми хеш нишон дод ва дар кӯтоҳтарин фурсат оташи ҷанг дар мамлакат хомўш гардида, сулҳу ваҳдат тантана намуд. Ҳанўз аз минбари Иҷлосияи шонздаҳуми Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мардуми Тоҷикистон қатъан ваъда доданд, ки “ман ба Шумо сулҳ меоварам ва агар лозим шавад дар ин роҳ ҷони хешро нисор хоҳам намуд”. Ҳамин ҷумлаи содаву пур аз самимият барои тамоми мардуми тоҷик чун нўшдоруе дар эҳёи дубораи умедҳо дар қалби ҳар яке онон хидмат кард ва тамоми афроди ватандўстро водор намуд, ки дар атрофи Пешвои миллати хеш муттаҳид гардида, ба сўи сулҳу субот қадам гузоранд. Ҳадафҳои нек ва наҷиби Пешвои миллат дар ин роҳ дар кӯтоҳтарин фурсат ҷомаи амал пўшиданд.

Имрўз аз баракоти тантанаи сулҳу ваҳдати миллӣ аст, ки дар саросари Тоҷикистон шукуфоиву музаффарият, пешрафтҳои назаррас ҳукмронӣ мекунад. Кишвари мо ба унвони ташаббускори муаммоҳои сатҳи ҷаҳонӣ баромад намуда, мақом ва ҷойгоҳи он дар арсаи олам баланд мегардад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз паёмҳои хеш ба Маҷлиси Олии кишвар баён дошта буданд, ки «Рисолати давлату Ҳукумати кишвар таъмини рушди устувори иқтисодиёт ва дар ин замина баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум, тарбияи насли аз лиҳози ҷисмониву маънавӣ солим, ҳифзи сулҳу субот ва Ваҳдати миллӣ мебошад».

Мардуми сарбаланди шаҳри Хуҷанди бостонӣ низ имрўз аз он шукргузорӣ менамоянд, ки маҳз бо шарофати тантанаи сулҳу ваҳдати миллӣ, ин диёри куҳанбунёд рўз аз рўз ободу хуррам гардида, дар партави дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат мақом ва манзалати таърихии хешро барқарор мекунад. Хуҷандиҳо ифтихор аз он доранд, ки маҳз тавассути баргузории Иҷлосияи шонздаҳуми Шўрои Олии Тоҷикистон Пешвои миллати тоҷик ба арсаи сиёсати ҷаҳонӣ қадам гузошта, Тоҷикистони моро ба саросари олам чун кишвари соҳибтамаддун муаррифӣ намуданд. Аз ин рў, мо азму талош бар он дорем, ки дар баробари эҳёи маҷмўи ин нуфузу манзалатҳои таърихӣ шаҳри Хуҷанд ба шаҳри ҳақиқии ваҳдати мардуми кишвар ва ҳатто берун аз он мубаддал гардад, зеро эълон гардидани соли 2018 ҳамчун “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” ба ин диёри куҳанбунёд ташрифи шумораи зиёди меҳмононро дар пай хоҳад дошт. Сокинони шаҳри Хуҷанд дар навбати аввал рисолати аслии хешро дар ҳифзи беҳтарин суннат ва русуми ахлоқии ниёгони хеш, ки “расми хуби тоҷикон” бо “истиқболи гарми дўстон” гум накардан аст, ба шоистагӣ ба ҷо оварданд. Дар канори ин, дар фазои дўстиву ҳамдилӣ ба сар бурдани намояндагони миллату халқият ва сокинони манотиқи гуногуни Тоҷикистони азиз дар шаҳри Хуҷанд далели ин гуфтаҳо метавон буд, ки воқеан имрўз шаҳри Хуҷанд ба шаҳри ваҳдату ҳамдилӣ табдил ёфта истодааст. Фаъолияти муваффақонаи Шўрои ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар шаҳр барои расидан ба ин ҳадафи наҷиб ҳамарўза ва ба шоистагӣ мусоидат мекунад.

Эҳёи чандин обидаву ёдгориҳои таърихӣ ва инфрасохтори муосири сайёҳӣ имконият фароҳам оварда истодааст, ки ҳамарўза сафи меҳмонону сайёҳон дар шаҳр бамаротиб афзуда, нуфузи таърихии ин диёри куҳан боз ҳам бештару пештар равнақ касб намояд. Дар баробари ин, равнақи корҳои созандагиву бунёдкорӣ, таъсиси коргоҳҳои нав ба нави саноатӣ, касби тарҳи замонавии кӯчаву хиёбонҳои шаҳр маҳз файзу баракоти бемисли вуҷуди сулҳу ваҳдат, ҳамдиливу ҳамраъйии тамоми мардуми шаҳрро чун сокинони шарафманди Тоҷикистони азиз бозгўӣӣ мекунад.

Сокинони шаҳри Хуҷанд бо шукргузорӣ аз ин фазои мусоид ва ҳузури мунаввари офтоби сулҳу ваҳдат ҳар яке саҳми назарраси хешро дар ободиву шукуфоии ин як пораи хоки Тоҷикистони азиз гузоранд. Ҷоиз ба таъкид аст, ки дар партави иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” қарори раиси вилояти Суғд «Доир ба эълон гардидани 1300 рӯзи меҳнати зарбдор» ва қарори раиси шаҳри Хуҷанд «Дар бораи эълон намудани 1300 рӯзи ободонию созандагӣ ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» низ ба тасвиб расид, ки баҳри амалан татбиқ намудани санадҳои мазкур нақшаи корҳои ободонию бунёдкорӣ дар шаҳри бостонии Хуҷанд таҳия гардида, сокинони баору номуси шаҳр баҳри пиёда намудани он фаъолият намуда истодаанд.

То имрӯз дар ҳудуди шаҳри Хуҷанд тибқи нақшаи чорабиниҳои тасдиқгардида баҳри дар сатҳи баланди ташкилию омодагӣ гузаронидани ҷашнҳои сиёсӣ оиди тозагию ободонӣ, бунёдкорию созандагӣ, кабудизоркунию гулзоркунӣ, чароғонкунӣ ва таъмири намои биноҳои баландошёнаи истиқоматӣ корҳои назаррас ба иҷро расонида шуда истодааст. Аз ҷумла, аз тарафи қитъаи «Чароғонкунӣ»-и шаҳр нисбати нигаҳдорӣ, ивазкунӣ, барқарорсозӣ ва хизматрасонии чароғҳои кўчаю хиёбонҳо ва майдонҳои ҳудуди шаҳр 670 адад лампаҳо, 7080 метр ноқилҳои барқӣ, симҳои барқӣ 700 метр, 508 дона чароғакҳои ҳархела ва равшанкунакҳои светодиодӣ иваз ва насб карда шуд.

Тибқи нақшаи таъмири роҳҳои автомобилгарди ҳудуди шаҳр дар соли 2018 бояд, ки 32,5 км роҳҳо таъмир карда шаванд. То имрўз ба тўли зиёда аз 8 км роҳҳо таъмир карда шуда, корҳо дар ин самт тақвият меёбанд. Ҷоиз ба зикр аст, ки дар ҳудуди шаҳри Хуҷанд 27 адад фаввораҳо вуҷуд дошта, фаъолияти муназзам дорад. Аз тарафи корхонаи «Кабудизоркунӣ ва гулпарварӣ»-и шаҳр дар кўчаву хиёбонҳои маркази вилоят ба миқдори 4839 адад дарахтони ороишии сояафкани ҳамешасабз, ба монанди дарахти ардач 3450 адад, санавбар 303 адад, бирючина 60 адад, булут 170 адад, дроги испанӣ 106 адад, ёси ҳиндӣ 150 адад, каштан 600 адад, палма 15 адад шинонида шуда, барои хуб нашъунамо гаштани онҳо тамоми чораҳо андешида шуда истодааст. Инчунин, 394010 дона гулҳои ҳархелаи ороишӣ, гулҳои маҳаллӣ 42700 дона, буттагули садбарг 62425 адад, карнайгул 64500 адад шинонида шуда, таҳти нигоҳубин қарор дорад. Аз тарафи идораи «Кабудизоркунӣ ва гулпарварӣ»-и шаҳри Хуҷанд дар ҳудуди корхона 5 адад гармхонаҳои куҳна ба масоҳати 4950м2 пурра барқарор карда шуда, тухми гулҳои баҳорӣ кошта шудааст.

Имрӯз дар шаҳри Хуҷанд 415 адад биноҳои баландошёна, бо 21726 ҳуҷраҳо вуҷуд дорад, ки аз он 20324 адад хусусӣ ва 1402 адад давлатӣ мебошад. То ин дам, таъмири намои биноҳо 24 адад, таъмири бом ба масоҳати 10420м2 ба иҷро расонида шудааст. Тозагию ободонӣ, созандагию бунёдкорӣ, корҳои таъмирию барқарорсозӣ ва чароғонкунию гулзоркунии ҳудуди шаҳр дар мадди назари роҳбарияти шаҳр ва корхонаю муассисаҳои зерсохтори он қарор дорад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқоташон бо намояндагони ҷомеаи кишвар ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон санаи 12 –уми майи соли равон, аз ҷумла таъкид доштанд, ки: «Дар ин моҳи муборак хизматчиёни давлатӣ, соҳибкорону тоҷирон, ходимони дин ва умуман, ҳамаи шахсоне, ки имкони мусоиди моддӣ ё ба гуфтаи халқамон “дасти хайр” доранд, дар анҷом додани амалҳои нек, аз ҷумла ба ягон маҳалли аҳолинишин об овардан, мактаб, маркази саломатӣ ё бунгоҳи тиббиеро бунёд ё таъмир кардан, пуле сохтан ё қитъаи роҳеро обод намудан низ кӯшиши бештар карда, соҳиби савоби ҷория мешаванд ва бо ин амалҳои некашон дар ободии Ватани маҳбубамон саҳми арзишманди худро мегузоранд».

Дар асоси ин ҳидоятҳои раиятпарварони Пешвои миллат бо мусоидати раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода азнавсозии муассисаи таҳсилоти ҳамагонии №5-и шаҳри Хуҷанд амалӣ карда шуд. Ба василаи ин иқдоми шоиста ва ибратбахш боз як гӯшаи шаҳрамон ободу зебо ва хуррам гардид. Ин имкон медиҳад, ки хонандагони ин мактаб бо дили гарму хотири ҷамъ ва бо хониши хубу аъло таҳсил намуда, ҳамчун мутахассиси баландихтисос ба воя расида, баҳри ободии Ватани хеш суботкорона меҳнат намоянд.

Шоистаи таҳсин аст, ки шаҳрвандон бо иқдомҳои хайрхоҳонаю бунёдкоронаи хеш баҳри ободӣ ва созандагии шаҳр саҳмгузорӣ намуда истодаанд. Чанде қабл, дар партави дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқоташон бо ҷомеаи шаҳрвандӣ, ба муносибати 1 июн –Рӯзи байналхалқии ҳифзи кӯдакон ва Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар шаҳри Хуҷанд аз ҷониби соҳибкори ватандӯст Фарангис Исмоилова як муассисаи таҳсилоти томактабии хусусӣ бо номи «Ҷаҳони орзу» бунёд ва ба истифода дода шуд.

Дар муассисаи навбунёд тамоми имконот ва шароити муосир барои таълиму тарбияи кӯдакон пешбинӣ гардида, дар навбати аввал 80 нафар кӯдакон ба он фаро гирифта мешавад ва наздик 20 нафар мураббиёну кормандон ба кор қабул мегарданд. Ҳамин тавр, миқдори кӯдакистонҳои шаҳри Хуҷанд ба 42 адад расид, ки аз он 10 ададашро хусусӣ ташкил медиҳад.

Бо иштироки раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода шиногоҳи соҳили дарёи Сир, воқеъ дар кӯчаи Сирдарёро баъди азнавсозӣ ба истифода дода шуд. Ҷоиз ба зикр аст, ки шиногоҳ ҳанӯз замони собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ фаъол буда, беш аз 20 сол инҷониб бинобар номутобиқатӣ ва хатарнок буданаш шаҳрвандон аз он истифода намебурданд. Хушбахтона, бо дастур ва дастгирии раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ин шиногоҳ дуюмбора фаъол ва ройгон ба шаҳрвандон пешниҳод карда шуд.

Дар радифи корҳои ободониву созандагӣ чанд рӯз қабл майдончаи нави футбол дар лаби дарёи Сир, шафати варзишгоҳи «20 — солагии Истиқлолият» бо фарогирии 200 ҷойи нишаст, утоқҳои ивази либос, оббозӣ ва тамрин сохта ва ба истифода дода шуд.

Ба ифтихори эълон шудани соли 2018 – «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» бо дастгирии Сафоратхонаи Ҷумҳурии Мардумии Чин ва бо мусоидати Кумитаи иҷроияи марказии Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд маркази таълимию дӯзандагӣ ташкил гардид. Дар ин марказ минбаъд бо мошинаҳои чокдӯзии туҳфанамудаи Сафоратхонаи Ҷумҳурии Мардумии Чин, ки 17 ададанд, занони хонашин ва бе шуғл метавонанд ба касбомӯзӣ машғул шуда, шароити иҷтимоии хешро беҳтар намоянд.

Дарвоқеъ, ин пешравиҳо бо саъю кӯшиши ҳар як сокини мамлакат, аз ҷумла мутахассисону муҳандисон, омӯзгорону зиёиён, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва роҳбарону масъулони тамоми сохторҳои давлатӣ ба даст омадаанд ва бори дигар аз иродаи қавӣ, заҳматпешагӣ ва ҳисси баланди ватандӯстона доштани кулли шаҳрвандони Тоҷикистони муқаддасу маҳбубамон дарак медиҳанд.

Ҷоиз ба зикр аст, ки дар остонаи ҷашни Ваҳдати миллӣ дар шаҳри Хуҷанд як силсила иншооти иҷтимоию иқтисодӣ ба истифода дода мешаванд. Аз ҷумла, коргоҳи нав дар заминаи ҶДММ «Арча» дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» бо номи “Арча-мебел” фаъол мегардад, ки дар ҳамкории ҷумҳуриҳои Тоҷикистону Туркия амалӣ карда мешавад. Ин коргоҳ истеҳсоли мебелро барои муассисаҳои соҳаҳои маориф, тандурустӣ, фарҳанг ва хизматӣ-маишӣ роҳандозӣ менамояд.

Ҳамзамон, муассисаи таълимии томактабии №28 барои 320 кўдак дар маҳаллаи “Навбаҳор”-и шаҳри Хуҷанд мавриди истифодабарӣ қарор мегирад. Дар ин радиф, аз ҷониби ширкати «Иморатсоз» маҷмааи хонаҳои истиқоматии баландошёна, маркази савдо, чойхона, кошонаи ҳусн ва кўдакистон барои 240 нафар низ мавриди истифодабарӣ қарор дода мешавад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо таъкид месозанд, ки: «Вазифаи муҳимтарини вакилони мардум, аъзои Ҳукумат, роҳбарони тамоми идораву муассисаҳо, вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, ташкилоту муассисаҳо, кулли хизматчиёни давлатӣ, ҷавонону бонувон, аҳли зиё ва умуман, хурду бузурги мамлакат аз он иборат аст, ки минбаъд низ саъю кӯшиши худро, дар навбати аввал, ба хотири ҳифзи сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ дар кишвари азизамон сафарбар созанд».

Яъне, мо вазифадорем, ки боз ҳам бештар заҳмат кашида, ба иҷрои ҳадафҳои стратегии миллиамон – таъмини истиқлолияти энергетикӣ ва истифодаи самарабахши неруи барқ, аз бунбасти коммуникатсионӣ баровардан ва ба кишвари транзитӣ табдил додани Тоҷикистон, ҳифзи амнияти озуқаворӣ ва дастрасии аҳолии мамлакат ба ғизои хушсифат ноил гардем, диёрамонро то гӯшаҳои дурдасттарини он боз ҳам ободу зебо гардонем, корхонаву коргоҳҳои нав бунёд кунем, барои сокинон ҷойҳои корӣ муҳайё намоем ва сатҳу сифати зиндагии халқамонро аз имрӯза дида баланд бардорем. Зеро мардуми шарифи Тоҷикистон ҳуқуқи маънавии зиндагии шоистаро доранд. Танҳо бо сабру таҳаммул, иродаи мустаҳкам, иттиҳоду сарҷамъӣ, саъю талоши аҳлона, заҳмати содиқонаву софдилона, масъулияти баланд ва ташаббусҳои созанда мо метавонем ба ҳадафҳои дар наздамон қарордошта муваффақ шавем.

МАЪРУФ МУҲАММАДЗОДА, РАИСИ ШАҲРИ ХУҶАНД

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *