Савганди ҳарбии сарҳадчиён 

 

Бахшида ба ҷашни 21-солагии рӯзи «Ваҳдати миллӣ» дар Маркази таълимии «Пойтахт»-и Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ, маросими бошукӯҳи тантанавӣ бо  баровардани байрақи ҷангии қисми ҳарбӣ, зиёда аз 320 нафар сарбозони навдаъвати баҳори соли 2018 Савганди ҳарбӣ ёд карданд.

Чорабинии тантанавиро бо суханҳои табрикоти Сардори Маркази таълимии «Пойтахт» полковник Мирзозода А., оғоз бахшида дар назди меҳмонон ва сарбозон баромад намуда қайд кард, ки  «Ҳамаи Шумо бояд дарк кунед, ки Сарбоз – ҳомии амнияту Ватан  аст. Мақсади хизмати ҳарбӣ сабақгирӣ аз мактаби обутоби малакаи низомӣ ва дар ҳолати зарурӣ бо қӯшунҳои низомии касбӣ дар ихтиёри Ватан будан аст. Ҷавонони шарафманду ватандӯст бояд анъанаҳои беҳтарини ҳарбии ниёгонро сармашқи кори худ қарор дода, дар ҳифзи якпорчагии марзу буми кишвар, таъмини амнияти он, боло бурдани обрӯю эътибори Тоҷикистон дар арсаки ҷаҳонӣ саҳми арзанда гузоранд»

Ҳамаи шумоёнро фарорасии 21-умин солгарди  ҷашни Ваҳдати миллиро самимона табрик гуфта, ба ҳар яки Шумо саломатӣ, бурдбориҳо, сарбаландӣ ва сулҳу оромиро  орзу менамоям.

Инчунин намояндаи сарҳадии Федератсия Русия дар ҶТ полковник Раженко В., падару модарони сарбозон хусейнов Абдуғафур, Аслонова Муқаддам, Саидова Зӯҳро дар назди ҳозирин баромад намуда ба онҳо хизмати софдилонаро дар ҳифзи марзу буми кишвар орзу намуда, қайд карданд,  ки маҳз бо шарофати садоқату ҷасорати касбӣ, фидокориву ҷоннисорӣ ва хизматҳои шабонарӯзӣ, имрӯз дар ҷомеаи мо сулҳу суббот пойдор гардида, мардум зиндагии осоишта доранд.

Хизмат кардан ба Ватан-Модар бояд ба ҳар як сарбозу афсар ифтихору шараф бошад ва онҳо Ватанро ҳамчун модари худ дӯст доранд ва мисли гавҳараки чашм эҳтиёт намоянд.

Вазифаи аввалин дараҷаи ҳар як хизматчии ҳарбӣ ин садоқат ба Ватан ва Савганди ҳарбӣ мебошад.

Дар навбати худ сарбози навдаъватшуда дар назди ҳозирин баромад намуда, қайд кард, ки ин ҷашни фархундаро дар фазои сулҳу осоишта ва бунёдкориву созандагӣ истиқбол мегирем ва ба ин муносибат ҳамаи хизматчиёни ҳарби ва ҳозиринро аз номи сарбозон самимона табрику муборакбод намуд.

«Мо низ барои бозҳам дар сатҳи баланд тарбия ва тайёр намудани ҷисму ҷони худ саҳму кӯшиши зиёд ба харҷ медиҳем, ки сазовори боварии роҳбарияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мардуми Тоҷикистон бошем.

Пас аз маросими савганд ёдкунӣ, сарбозону афсарони Маркази таълимии «Пойтахт» бо марши тантанавӣ аз назди меҳмонон гузаштанд,

Дар анҷом аз тарафи ансамбли ҳарбии«Марзбон»-и Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ ба иштироккунандагон концерти идона намоиш дода шуд.

 

Маркази матбуоти

Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *