толеънома

Толеъномаи 27-уми декабри соли 2023

Ҳамал

ҳамал

Дар ин рӯз аз ҳар кори майда чуйда асабӣ мешавед. Аз нобарориҳои ночиз саргум  мезанед, вале мушкилоти калони ба саратон омадаро мардона таҳаммул менамоед. Руҳафтода нашуда, аз пайи рафъ кардани мушкилоти ҷиддитар шавед. Хусусан корҳоеро ба анҷом расонед, ки дар танҳоӣ аз уҳдааш мебароед.

Савр

савр

Дар ин рӯз ба эҳсосот дода шуда, дар ҷустуҷӯи ҳақиқат бо ҳар нафари фиребгару дурӯғгӯ дар низоъ мегардед. Беҳуда кӯшиши ба касе чизеро исбот карданро накунед. Баъди нисфирӯзӣ эҳтимоли шамол хӯрданатон зиёд аст.

Ҷавзо

ҷавзо

Дар ин рӯз барои расидан ба мақсад роҳи ростро интихоб намоед. Хоҳед, ки барор ҳамроҳу пеши коратон кушода бошад, аз ҳама гуна найрангу фиреб ва кӯшиши чизеро пинҳон кардан худдорӣ намоед. Танҳо самимият ва росткорӣ шуморо ба мақсад мерасонад.

Саратон

саратон

Аз субҳ коратон зиёд шуда, дар анҷом расонидани баъзе мушкилиҳо душворӣ мекашед. Зуд вазъиятро ислоҳ карданатон лозим аст, вагарна ба қаҳру ғазаби атрофиён гирифтор мешавед.

Асад

асад

Ҳар мушкиле, ки имрӯз садди роҳатон мегардад, бо ақлу заковати дучанд рафъ месозед. Нисбати наздикон дағалӣ накунед. Баъди нисфирӯзӣ ба меҳмонӣ рафтанро тавсия намедиҳем.

Сунбула

сумбула

Андешаҳои аҷибе, ки имрӯз ба саратон меоянд, боиси бо осонӣ беҳтар сохтани вазъи молиявиатон мегарданд. Дар сурати татбиқ сохтани нақшаҳо, онро фаромӯш насозед. Агар ошиқ бошед, бе дудилагӣ изҳори муҳаббат намоед.

Мизон

мизон

Нерӯи ногаҳоние, ки имрӯз эҳсос мекунед, атрофиёнро ба ҳайрат меорад. Бо нуқтаи назари дигарон созиш карданатон танҳо ба хотири аз рақибон халосӣ ёфтан аст. Дар ин рӯз қарз гирифтанро маслиҳат намедиҳем.

Ақраб

ақраб

Кӯшиши худро ба даст гирифтанатон дар ин рӯз бебарор меанҷомад. Агар асабонияти худро нишон додан нахоҳед, қаҳру ғазабро пинҳон карданатон беҳуда аст. Беҳтараш ҳар гапе, ки дар дил доред, рӯирост гуфта дилатонро холӣ созед.

Қавс

Дар ин рӯз пули зиёд сарф карданро маслиҳат намедиҳем. Бо вуҷуди сарфакорӣ, саховатмандиятон зиёд гашта, нисбати нафарони бароятон азиз чизеро дареғ намедоред. Саховатманд буданатон хуб аст, вале охири моҳ бепул мемонед.

Ҷаддӣ

ҷаддӣ

Рӯзи ором менамояд, вале дар асл чунин нест. Дар асл шумо мехоҳед аз мушкилоти молиявӣ лаҳзае нафаси осуда гиред. Баъзан ба мушкилиҳо чашм пӯшидан ба манфиати кор аст, вале фаромӯш насозед, ки камбудиҳоро бояд рафъ намоед.

Далв

далв

Дар ин рӯз кӯшиши зиёд намудани маош бенатиҷа анҷом меёбад. Рафтори беандешаи шумо боиси ранҷиш ва ҳатто аз кор хориҷ гаштанатон мегардад. Беҳтараш мушкилоти пулиро мустақилона рафъ намоед. Масъалаи зиёд кардани маошро ба рӯзи дигар гузоред.

Ҳут

ҳут

Дар ин рӯз ҳар чизи наву ғайриодӣ диққати шуморо ҷалб месозад. Чизҳои муқаррарӣ шуморо руҳафтода месозанд, бештар майли навигариҳо мекунед. Барои қаноатманд гаштанатон таваккал карданатон лозим меояд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *