Толеъномаи 28 май 2017

Ҳамал ( 21 март-20 апрел)

Нимаи аввали рўз барои робитаву вохўриҳо мусоид аст. Агар дўстон ё ҳамкорон ба кори муштарак даъват намоянд, саросемавор розӣ нашавед. Баъди нисфирўзӣ нерўи ҳаётиятон паст гашта, худро нотоб ҳис мекунед. Маблағи пулие, ки интизор ҳастед, имрўз ба даст оварда наметавонед.

Савр ( 21 апрел – 22 май)

Рўзи санҷишу имтиҳон, тавбаву истиғфор аст. Аз тамоми ташвишу мушкилоти рўзгор худро канор гиред. Маҳз бо ҳамин амал вазъиятро ҳаллу фасл карда метавонед. Дар хоб дидани раъду барқ ё осмони софу беғубор аз рух додани ҳодисаҳои ногувор дарак медиҳад. Барои ба мағозаву бозор рафтан рўзи бобарор аст.

Ҷавзо ( 23 май-21 июн)

Дар ин рўз шумо ҳамсуҳбати хуб намешавед, зеро нуқтаи назари худро ҳатто дар масъалаҳое, ки чизеро намефаҳмед, пайгирӣ мекунед. Бо ин сабаб муноқиша рух медиҳад. Бо вуҷуди асабонияти зиёд худро ба даст гиред. Дар масъалаҳои ошиқона рўзи бобарор аст. Маблағи худро захира намоед, аз пеш хариди калон карданатон имкон дорад.

Саратон (22 июн- 22 июл)

Аз нафароне, ки бо хирагӣ ба шумо наздик шудан мехоҳанду ба доираи дўстонатон дохил намешаванд, ҳадяву туҳфаҳоро қабул накунед. Нафаре, ки ба шумо туҳфа медиҳад, бо ин роҳ мехоҳад шуморо мутаҳам намояд. Ҳодисаҳои ногувор мносибататонро бо дўстон вайрон месозад.

Асад ( 23 июл – 23 август)

Рўзи хубест барои истироҳати фаъол, корҳои вазнини ҷисмонӣ ё фаъолият дар ҳавои тоза. Имкони муноқиша карданатон ё дилранҷӣ бо дўстон имкон дорад, зеро пайгирӣ намудани нуқтаи назаратон боиси асабонияти эшон мегардад. Агар харидани чизеро дар нақша дошта бошед, аз паяш шавед.

Сунбула ( 24 август- 23 сентябр)

Агар вақтҳои охир машақати зиёд мекашида бошед, вақте расидааст, ки истироҳат кунед. Зиндагии худро рангину гуворо созед. Аз робита бо нафароне, ки ғашатонро меоранд, худдорӣ намоед. Баъди нисфирўзӣ ташвишу хавотирии зиёд меорад. Дар муносибатҳои ошиқона ҳама чиз аз шумо вобастагӣ дорад.

Мизон ( 24 сентябр- 23 октябр)

Дар ин рўз ба кўмаку дастгирии нафаре сахт эҳтиёҷ пайдо мекунед. Дар ин давраи умр маҳз дўстону шиносон ба кўмакатон мешитобанд. Мушкилиҳои хурд ташвиши зиёд меоранд. Аз муноқиша бо шахси дўстдоштаатон худдорӣ намоед, вагарна оштӣ шуданатон душвор мегардад.

Ақраб ( 24 октябр- 22 ноябр)

Дар ин рӯз кореро ба нақша нагиред. Чандон рӯзи бобарор нест ва бар замми ин, бемадориву камқуватиро эҳсос карда, эҳтимоли нотоб шуданатон зиёд аст. Аз ин рӯ, истироҳати бофароғат кунеду аз корҳои вазнини ҷисмонӣ худдорӣ намоед. Нафароне, ки бо фурӯши маҳсулоти хӯрока машғуланд, маблағи хуб ба даст меоранд.

Қавс ( 23 ноябр- 21 декабр)

Дар касбу коратон муваффақияти зиёд ба даст намеоред, вале натиҷаҳои хуб ба даст оварда метавонед.  Уҳдадориҳои дигаронро ба дӯши худ нагиред, бо ин амалатон дар чашми ҳамкорону роҳбарият обрӯ намеёбед, баръакс мушкилатон зиёдтар мегардад. Табъатон хираву камқуватиро эҳсос мекунед.

Ҷаддӣ ( 22 декабр- 20 январ)

Нимаи аввали ҳафта чандон мусоид нест, дар амалӣ сохтани орзуву ниятҳоятон камбудиҳои ночизу нофаҳмиҳо халал мерасонанд. Хастагиву асабоният боиси он мегардад, ки бо шахси бароятон азиз муноқиша мекунед. Баъди нисфирӯзӣ вазъият рӯ ба беҳбудӣ меорад.

Далв ( 21 январ- 20 феврал)

Рӯзи душвор аст, уҳдадориву ташвишҳои иловагӣ ба саратон бор мегардад. Хабари ногувор ё маълумоти дурӯғ сабабгори ба ғалат роҳ доданатон мегардад. Маблағи зиёдатонро сарф кардан лозим меояд. Қабл аз он ки ба мағозаву бозор меравед, рӯихати чизҳои даркориро тартиб дода, хароҷоти беҳуда накунед.

Ҳут ( 21 феврал- 20 март)

Дар ин рӯз дар ҷодаи муҳаббат комёб мегардед, хушчақчақиву меҳрубониятон боиси ҷалб шудани шарикони корӣ мегардад. шиносони нав бароятон такягоҳ мегарданд. Аз ҳузури фарзандон ҳаловат мебардоред.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *