Дар Деваштич муаллим муаллимро зада кӯр кард

Санаи якуми май, дар рӯзи ид омӯзгори мактаби миёнаи таҳсилоти ҳамагонии №50-и деҳаи Қалъаи дӯсти ноҳияи Деваштич (собиқ Ғончӣ) Бурҳон Ҳидоятов барои дупула гап муаллими ҷавони мактаби мазкур  Лоиқ Тӯйчиеви 27-соларо зада кӯр кард.

Ҷабрдида дар ҳолати вазнин ба беморхонаи марказии вилояти Суғд оварда шуда, айни замон дар шуъбаи амрози чашми бемористони мазкур бистарӣ аст. Аз суханони ҷабрдида чунин бармеояд, ки Ҳидоятови 55-сола ӯро бо мушт зада ба ин ҳол гирифтор кардааст, аммо мудири шуъбаи амрози чашм Комил Икромов бар он назар аст, ки муаллими куҳансол муаллими ҷавонро бо мушт не, бо ягон ашёи дигари бисёр сахт зада, себаки чашмашро кафондааст. Барои фаҳмидани сабабҳои сар задани ин моҷаро мо ба аёдати ҷабрдида рафтем.

Лоиқ Тӯйчиев:

Як саволи одиро додаму  аз чашм мондам

 Аслан  ҳамон рӯзи ҳодиса ман ягон гапи ба иззати нафси муаллим мерасида назада будам. Принтери компютери мактаб вайрон буд, онро бо сад азоб таъмир карда ба кор даровардем. Вақтҳои охир нағз кор мекард. Ман, ки  аз фанни МЭҲ (мошинаҳои электронии ҳозира) дарс медодам, ҳамеша ба компютер ва дигар таҷҳизоти техникии мактаб аҳамияти хоса медодам. Рӯзи 1-уми май ба мактаб омада дидам, ки компютер боз кор накарда истодааст. Санҷида дидам, иллат дар принтер буд. Ба ҳамин принтер боз  кадом одами намедонистагӣ даст расонидааст гуфтаму дар бало мондам. Ҳидоятов фикр кард, ки ман аз рӯйи мақоли “дар ба ту мегӯям, девор шунав” амал намуда, ин гапро ба ӯ расонидан мехоҳам. Якбора сурху кабуд шуд ва “ту чиҳо гуфта истодаӣ?” гӯён, бе ягон фикру андеша ба ман часпид ва дар мактаб буданашро фаромӯш карда чашмамро зада кафонд. Муаллим, агар заррае андеша карда, худро ба даст мегирифт, албатта ба умқи гап сарфаҳм мерафт ва шояд ин ҳодиса рӯй намедод, вале афсӯс, ки…

Дар “Соли ҷавонон” нотавон шудам

Лоиқ Тӯйчиев як сол қабл ба сифати омӯзгор ба мактаби мазкур ба кор омадааст ва мегӯяд аввали сол писардор шуда, вай умедвор буд, ки соли ҷавонон барояш бобарор меояд, аммо як мушти муаллиме, ки дар айёми кӯдакӣ ба ӯ дарс гуфта барояш мисли падар буд, тамоми орзуву умедҳояшро барбод дода, ӯро аз беҳтарин ганҷ-биноӣ маҳрум гардонд. Ҷабрдида оҳи сард кашида мегӯяд:

-Аз он хурсанд будам, ки дар “Соли ҷавонон”  бо ҷои корӣ таъмин ва аз муаммои бекорӣ озод ҳастам, аммо мушти фалокатбори муаллими худам, ки дар риштаи забону адабиёт дарс мегӯяд ва 10-12 сол пештар ба ман “адаб” меомӯхт, маро маъюби якумра гардонд. Мо дар оила ду писар ҳастем ва нонёби хонаводаамон ман будам. Акнун бо ин ҳол на дар мактаб кор карда метавонаму на кори хоҷагӣ. Ду кӯдаки хурдсоли маро кӣ мехӯронаду мепӯшонад?!

Лоиқ Тӯйчиев умедвор аст, ки ҳомиёни қонун аз рӯйи инсоф ва адолат ба ин моҷарои қисматсӯз баҳои ҳуқуқӣ дода, нисбати ин муаллими муштзӯр, ки пас аз зада кафондани чашмаш аз ӯ ҳатто бахшиш ҳам напурсидааст, чораҳои зарурӣ меандешанд.

-Аламовараш он аст, ки баъди бо мушт зада чашмамро кафонидан ва сару рӯямро ба хун оғушта кардан, вай аз ман на бахшиш пурсид ва на маро ба духтур бурд. Хуллас, барои каме ҳам бошад, шустани гуноҳаш коре накард,-мегӯяд муаллими ҷавони аз чашми бино маҳрумгашта.

Директори мактаб:

       Муаллимонро халос карда натавонистам

Ростӣ, ман директори мактаб бошам ҳам, ҳамон рӯз пеш аз занозанӣ байни ин ду омӯзгор чӣ гап гузашт, намедонам. Якбора овози шӯру мағал баланд шуд ва ман бошитоб ба сӯйи ҳуҷраи компютерӣ, ки садои доду вой аз он ҷо ба гӯш мерасид, давидам. Аллакай 5-6 нафар муаллимон Тӯйчиев ва Ҳидоятовро печонида гирифта буданд, вале касе ҷанҷоли онҳоро халос карда натавонист,-мегӯяд директори мактаби №50-и деҳаи Қалъаи дӯст Ҳоҷӣ Рустам  Иноятов.

Ба қавли директор, ки бародари омӯзгори муштзӯр аст, муаллими ҷавон ҳам бегуноҳ набуда, вақти ҷанҷол бо ном гирифтани узваш зери лаб ҳақорату дашномкунон ким-чиҳо гуфтааст. Ин гапро додарам шунида “акнун муаллими то имрӯз ба ту дарс додагӣ ба фалонат баробар мӣ?” гуфта,  ғазабнок мешавад  ва худро ба даст гирифта натавониста, ба сари  шогирдаш мушт мебардорад. Намедонам дидаю дониста зад ё тасодуфан, вале ҳамин ҳодисаи нохуш рух дод. Касеро дилаш намекашид, ки маҳз дар рӯзи ид чунин ҳодисаи нангин дар даргоҳи илму маърифат амалӣ шавад, вале кори шудагӣ шуд…

Масъулин чӣ мегӯянд?

Ба гуфти сардори ШВКД-и ноҳияи Деваштич Пиров М. К дар асоси ҳодисаи байни ду омӯзгори мактаби таҳсилоти миёнаи №-50 –и деҳаи Қалъаи дӯсти ҷамоати Ваҳдат санаи 1. 05. 2017 рӯйдода, ки дар натиҷаи он омӯзгори ҷавони муассисаи мазкур Лоиқ Тӯйчиев ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта аз биноӣ маҳрум гаштааст, нисбати Бурҳон Ҳидоятов  бо қисми 2-и моддаи 110-и Кодекси  ҷиноятии ҶТ парванда боз шудааст ва айни замон номбурда дар боздоштгоҳ қарор дошта, тафтишот идома дорад.

Духтур: Тамоми бофтаҳои нозуки чашм нобуд шудаанд!

Лоиқ Тӯйчиев санаи 1-уми майи соли 2017, тақрибан соатҳои 5-6-и бегоҳ бо ҷароҳати вазнини чашм ба беморхонаи вилоятӣ оварда шуд. Вазъи саломатии ҷабрдида беҳад ташвишовар буд. Роҳи дароз (аз деҳаи Қалъаи дӯст то  шаҳри Хуҷанд  108 километр роҳ аст) ҳолати беморро боз ҳам вазнинтар кардааст,-мегӯяд мудири шуъбаи амрози чашми Беморхона вилояти Суғд, Комил Икромов ва меафзояд:

-Дар атрофи чашм ба истилоҳи тиббӣ косахонаи чашм мавҷуд аст, ки онро себаки чашм низ мегӯянд. Зарбаи сахт ана ҳамин себаки чашмро кафондааст. Ман фикр мекунам, ки дар дасти он муаллим қалам ё калид будааст, чунки танҳо бо мушт задан касро ба ин ҳол оварда намерасонад.  Мо ҳамон гавҳару парда ва дигар қисматҳои чашми ҷабрдидаро, ки пора-пора шуда берун баромада буданд, дарун карда медӯзем, вале биноии чашми беморро аз нав барқарор кардан ҳатто бо кӯмаки навтарин таҷҳизотҳои тиббӣ низ имкон надорад.  Зарба, агар ягон сантиметр дуртар мезад, хира бошад ҳам, биноии чашмро барқарор кардан мумкин буд, мутаассифона себаки чашм кафидааст…

Муаллим: тақдирсоз ё тақдирсӯз?

Аслан пешаи омӯзгорӣ муқаддастарин касби рӯи олам маҳсуб меёбад. Муаллим шахсест, ки дар ташаккули ақлӣ, зеҳнӣ ва ахлоқии ҳар як инсон нақши муҳимро мебозад. Аз ҳамин хотир муаллим, омӯзгорро устоди нахустини инсоният номида, дар ҳаққаш достонҳо месароянд. Магар месазад муаллимеро, ки барои дупула гап дар рӯзи равшан дар пеши назари ҳамкасбонаш чашми шогирд ва ҳамкасбашро зада кӯр кардааст, омӯзгор номид? Бачаҳо аз чунин муаллими муштзӯр чиро меомӯзанд?

Фарзона Муродӣ

Хуҷанд-Деваштич-Хуҷанд

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *