толенома

Толеъномаи 28-уми августи соли 2023

Ҳамал (21 март-20 апрел)

ҳамал

Нимаи аввали рӯз муносибататон бо шарики умр ё яке аз ҳамкорон вайрон мешавад. Фаромӯш насозед, ки шумо барои шахсони бароятон азиз ҷавобгар ҳастед. Инчунин бо нафаре, ки хеле эҳтиромаш мекунед, низоъ карданатон имкон дорад. Умуман барои робита бо атрофиён рӯзи мусоид нест. Нимаи дуюми рӯз барои ошиқон созгор меояд.

Савр (21 апрел-22 май)

савр

Нимаи аввали рӯз саломатиятон каме ноҷур мегардаду дар ҷойи кор мушкилӣ пеш меояд. Қуввататон кам гашта, аз уҳдаи корҳои ҳаррӯза намебароед. Корҳои нисбатан муҳими худро ба вақти дигар вогузоред, зеро дар коргоҳ шуморо нокомиҳо пайгир мешаванд. Нимаи дуюми рӯз вазъият куллан тағйир меёбад. Ба наздикони худ диққати зиёдтар ҷудо карда, ягон кори барои хона муфидро ба анҷом расонед.

Ҷавзо (23 май-21 июн)

ҷавзо

Нимаи аввали рӯз муносибатҳои ошиқонаву дӯстонаатон бесубот мегарданд. Нақшаҳои якҷоя бо дӯстдоштаатон кашидаро муноқиша бо дӯстатон вайрон месозад. Ҷавзоҳои оиладор ба мушкилоти тарбияи фарзандон ва масъалаи ҳамаҷониба таъмин намуданашон гирифтор мегарданд. Нимаи дуюми рӯз хабари хушу муфид мешунавед.

Саратон (22 июн-22 июл)

саратон

Нимаи аввали рӯз дар муносибат бо наздиконатон нофаҳмӣ рух медиҳад. Бо сабаби серкорӣ ба ғазаби наздиконатон гирифтор мешавед. Аъзои оила аз серкории шумо меноланду сардоратон бошад, аз шумо масъулияти бештарро талаб мекунад. Нимаи дуюми рӯз роҳи ҳалли баъзе мушкилиҳои молиявии худро пайдо месозед. Даромадатон зиёд гашта, барои манзили худ чизи даркориву муфидро дастрас мекунед.

Асад (23 июл-23 август)

асад

Нимаи аввали рӯз мушкилоти пулӣ пеш меояд. Кори зиёд мекунед, вале бар ивази кор маблағи кироӣ ба даст намеоред. Аз имкон дур нест, ки як қисми дороиятонро аз даст медиҳед. Хеле эҳтиёткор бошед, дар ин рӯз эҳтимоли ба доми ҳаннотону дуздон афтоданатон зиёд аст. Нимаи дуюми рӯз барои истироҳату кунҷи танҳоӣ нишастан мусоид меояд. Барои барқарор сохтани қуввату саломатӣ ба ҳаммом равед.

Сумбула (24 август-23 сентябр)

сумбула

Нимаи аввали рӯз нафарони дар ин моҳ тавлидёфта мустақилона амал карданро авло дониста, фикру ақидаи наздикону ҳамкоронро ба инобат намегиранд. Азми шуморо атрофиён чандон хуш қабул намекунанд, аз ин хотир, ба дастгирии аъзои оила ва хешовандон умед бастанатон бефоида аст. Нимаи дуюми рӯз пули зиёд ба даст меоред, вале ҳамон сон ба зудӣ аз даст медиҳед.

Мизон (24 сентябр-23 октябр)

мизон

Нимаи аввали рӯз ақрабҳо гирифтори нокомиҳо мегарданд. Тамоми кӯшишҳоятон барои рафъи вазъият бебарор анҷом меёбанд. Агар шумо зуд-зуд ба ҳолати яъсу ноумедӣ меафтода бошед, дар ин рӯз хурӯҷ намудани ин мушкилиҳои равонӣ зиёд аст. Аз имкон дур нест, ки мушкилиҳо бо сабаби бадшавии саломатӣ, заиф гаштану хастагии зиёдатон пайдо мешаванд. Шахси наздиктаринатон ба вазъияти нохуш афтода, ташвишатонро зиёдтар месозад.

Ақраб (24 октябр-22 ноябр)

ақраб

Агар қавсҳо нимаи аввали рӯз кореро ба нақша гирифта бошанд, вазъият куллан тағйир ёфта, миёнаи рӯз нақшаҳои пешинаатонро фаромӯш карданатон лозим меояд. Тамоми фикру зикратонро ба дӯстон равона карда, бо ин амалатон қаҳру ғазаби наздиконро зиёд мекунед. Дар баъзе оилаҳо кор бо ҷудоӣ анҷом меёбад. Нимаи дуюми рӯз барои сафарҳои дур, мубодилаи афкор ва муошират дар шабакаи интернет хеле мусоид аст. 

Қавс (23 ноябр-21 декабр)

қавс

Нимаи аввали рӯз хоҳишу мароми ба мақсад расидан дар дилатон зиёд мегардад. Мутаассифона корҳоятон барор нагирифта, қувваи зиёдеро сарф мекунеду ягон фоида ба даст намеоред. Айёми мусоидест барои раҳоӣ ёфтан аз ҳар чизе, ки садди роҳи пешравиҳоятон мегардад. Гап сари на танҳо нафароне меравад, ки ба дилатон задаанд, баъзе одатҳои бади худро низ пеши назар биёред.

Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)

ҷаддӣ

Нимаи аввали рӯз хабаре мешунавед, ки ҳеҷ ба ҳақиқат доштанаш боваратон намеояд. Инчунин ҳангоми сафар бо мошини шахсӣ эҳтиёт шавед, дар роҳ вайрон шудани қисмҳои техникии мошин дар назар аст. Нимаи дуюми рӯз барои беҳтар сохтани муносибат бо ҳамсафари ҳаётӣ хуб аст. Бо маслиҳат уҳдадориҳоро дар оила байни худ тақсим кунед. Корҳои зиёди нобасомоне доред, ки рӯзе мисли борони баҳорӣ ба саратон мерезанд, аз ин хотир, аз пайи ба анҷом расиданашон гардед.

Далв (21 январ-20 феврал)

далв

Нимаи аввали рӯз ҳутҳо гирифтори воқеаҳои ногаҳонӣ мегарданду дар натиҷа корҳояшонро як тараф мегузоранд. Хатари аз даст додани маблағи пулӣ дар назар аст. Дар навбати аввал дороии худро муҳофизат кунед. Аз тамоми намуди маблағгузорӣ худдорӣ намоед. Бар асари беморӣ ё ҷароҳат бардоштанатон вазъи саломатиятон бад мешавад. Ба ягон амале, ки боиси ҷароҳат бардоштанатон мегардад, даст назанед. 

Ҳут (21 феврал-20 март)

ҳут

Имрӯз дар ҳаёти ҳамалҳо андаке душворӣ пеш меояд. Агар оиладор бошед ё дӯстдошта доред, бо рашки беасос ҷони ёратонро ба лаб наоред. Инчунин бо шахси дӯстдоштаатон якҷоя ба вохӯрии дӯстон наравед, вагарна байни онҳо моҷаро рух дода, дар ҳоли ногувор мемонед. Миёнаи рӯз барои рафъи масъалаҳои ҳуқуқӣ ва судӣ чандон вақти хуб нест. Вақте расидааст, ки ғами саломатии худро хӯред.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *