Толеъномаи 28-уми ноябри соли 2022
Ҳамал (21 март-20 апрел)
Дар ҷодаи касбӣ ва муносибатҳои ошиқона шуморо бурдборӣ интизор аст. Ҳамаи ин натиҷаи кӯшишу заҳматҳои рӯзҳои қаблиятон аст. Рафту то ба имрӯз даст болои ҳам гузошта нишаста бошед, ба умеди муъҷиза нашавед. Баъзеҳоро вохӯриҳои ногаҳонӣ интизор аст.
Савр (21 апрел-22 май)
Дар ин рӯз роҳҳои расидан ба қуллаи музаффариятро пайдо месозед. Ба пешравиҳоятон нафарони зиёде ҳасад мебаранд. Барои баъзе саврҳои муҷаррад рӯзи тақдирсоз аст. Эҳтимоли иваз намудани ҷойи зист, фурӯши хона ё бастани ақди никоҳ дар назар аст. Таваккалан ба коре машғул нашавед.
Ҷавзо (23 май-21 июн)
Ба касе чизеро ваъда надиҳед ва ба гапи атрофиён бовар накунед. Бо коре, ки аз уҳдааш баромада наметавонед, машғул нашавед, инчунин ба ҷойҳои шубҳанок наравед. Агар тавсияҳои қайдшударо риоя намоед, рӯзи бобарор мешавад. Аз ҷониби наздикон дастгирӣ меёбед.
Саратон (22 июн-22 июл)
Дар касбу коратон ягон тағйироти ҷиддӣ дида намешавад, вале беҳтар мебуд, ки бо корҳои аз уҳдааш мебаромада машғул шавед. Дар ҳаёти шахсиятон баъзе нофаҳмиҳо рух медиҳанд. Хиёнати шахси дӯстдошта қалбатонро озор медиҳад. Беҳуда худро азоб надиҳед, руҳафтодагӣ боиси бемориятон мегардад.
Асад (23 июл-23 август)
Рӯзи бобарорест, пешравиҳои касбу коратонро ба атрофиён гуфта меболед. Кӯшишу ғайрати худро ба корҳое равона созед, ки самарабахш бошанд. Баъди нисфирӯзӣ нафаре ба вохӯрӣ даъват мекунад, ки сахт эътимод доред. Қарз додану қарз гирифтанро маслиҳат намедиҳем.
Сумбула (24 август-23 сентябр)
Дар масъалаҳои молиявиатон воқеаи гуворо рух медиҳад. Сунбулаҳое, ки дӯстдошта доранд, оиладор мешаванд. Тамоми мушкилотеро, ки азиятатон медиҳанд, рафъ карданатон лозим аст. Мушклиҳои ҳуқуқӣ бе душворӣ рафъ мегарданд.
Мизон (24 сентябр-23 октябр)
Дар як ҷой истоданро маслиҳат намедиҳем. Шумо имкониятҳои беҳтарро аз даст додаед, аз ин рӯ, бо доштаи худ қаноат намоед. Бар зидди ҳунару маҳорати шумо рақибон чизе гуфта наметавонанд. Дар масъалаҳои молиявӣ бодиққат бошед, қарз гирифтанро маслиҳат намедиҳем.
Ақраб (24 октябр-22 ноябр)
Хеле рӯзи бобарор аст, мушкилиҳои сарзадаро бо осонӣ бартараф месозед. Ҳатто дар мушкилоти оилавӣ ҷиҳатҳои мусбатро пайдо намуда, дар масъалаҳои молиявӣ бошад, дӯсти наздикатон кумак мерасонад. Дар ҷодаи муҳаббат ба инҷиқӣ роҳ надиҳед, вагарна дӯстдоштаатон аз шумо гурезон мешавад.
Қавс (23 ноябр-21 декабр)
Дар ин рӯз худро хеле хуб ҳис намуда, аз уҳдаи кори зиёде мебароед. Нофаҳмиҳое, ки дар ҷойи кор рух медиҳанд, муваққатиянд, вазъият ба зудӣ рӯ ба беҳбудӣ меорад. Эҳтимоли ба сафари берун аз шаҳр баромаданатон вуқуд дорад. Нисбати шахси дӯстдошта меҳрубонӣ зоҳир намуда, бар ивазаш меҳрубонӣ мебинед.
Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)
Рӯзи пур аз воқеаҳои аҷибу хурсандибахш аст. Аз баҳсу мунозира бо роҳбарияти коргоҳ ва ҳамкорон худдорӣ намоед. Дар ин рӯз ба хӯроки худ диққати хоса доданатон лозим аст. Баъди нисфирӯзӣ бо шуғли дӯстдоштаи худ машғул шуда, хастагиро фаромӯш месозед.
Далв (21 январ-20 феврал)
Рӯзи пур аз шодиву нишот аст, табассуми хурсандибахш ягон лаҳза шуморо тарк намесозад. Фаромӯш насозед, ки шуморо дӯст медоранду ба қадратон мерасанд ва муҳимаш аз ними гап мефаҳманд. Ягона чизе, ки шуморо ташвиш медиҳад, вазъи молиявӣ аст.
Ҳут (21 феврал-20 март)
Ба супоришу дархости нафароне, ки дар таги дасташон кор мекунед, масъулияти бештар зоҳир намоед. Роҳбарият кӯшиши шуморо ҳатман қадр мекунад. Аз нафароне, ки пайваста аз зиндагӣ шиква мекунанд, дурӣ ҷӯед. Ба саломатӣ диққати бештар дода, ба хастагӣ роҳ надиҳед.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ