латифа

Аз таҳти дил бихандед!

Бозгашт

Корманди БДА дар роҳ мошинеро манъ карданӣ мешавад, вале ронандаи он мегурезад. Нозири роҳ дарҳол ба мошини хизматӣ нишаста, ронандаи саркашро пайгирӣ мекунаду баъди чанд километр ӯро дастгир карда, мепурсад:

— Чаро аз ман мегурезӣ? Канӣ ягон баҳонаи боварибахш гӯй, ки туро сар диҳам.

Ронанда мегӯяд:

— Росташро гӯям, соли гузашта занам як корманди БДА-ро гирифта, аз хона рафт. Вақте шумо маро таъқиб кардед, фикр кардам, ки занамро баргардонидан мехоҳед.

Агар ранҷад…

Бачаи бадхоне ба падару модараш гуфт:

— Агар маро дӯст дореду ба гапҳоям гӯш кунед, зинҳор ба маҷлиси падару модарони мактаб наравед!

— Барои чӣ? Боз муаллим наранҷад,- гуфтанд волидайн.

— Муаллим аллакай аз ман ранҷидааст. Агар аз шумо ҳам ранҷад, мактаб бе муаллим намонад мегӯям,- гуфт бача.

Дарси иловагӣ

Муаллиме дар хобаш гап мезад. Занаш пурсид:

— Мардак, барои чӣ ин шаб дар хобатон худ ба худ гап задед? Баногоҳ-ку табатон баланд нашуд?

— Не,- гуфт мард худро ба нодонӣ зада.

— Наход хоб бошеду дод зада, бачаҳоро ин қадар тарсонед?

Мард гуфт:

— Гӯй, бачаҳо натарсанд. Аз афташ, барои талабаҳои бадхон дарси иловагӣ гузаштам.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *