Толеъномаи 28 декабр

Ҳамал ( 21 март-20 апрел)

Дар ин рӯз корҳоеро, ки аз уҳдааш намебароед, ба дӯш нагиред. Мутаассифона  корҳоятон хеле зиёд мешаванд. Рӯз барои ба анҷом расонидани масъалаҳои душвор созгор нест. Вазъият ҳар лаҳза тағйир ёфта, дар ҳоли ногувор мемонед.

Савр ( 21 апрел – 22 май)

Дар ин рӯз барои тағйир додани вазъият ва беҳбудӣ коре карда наметавонед. Тамоми рӯз асабиву норозӣ мегардед. Агар асабатонро ором карда тавонед, баъзе мушкилиҳои молиявиро рафъ карда метавонед.

Ҷавзо ( 23 май-21 июн)

Суботкориву мунтазамӣ дар рафторатон дар кору таҳсил ва рӯзгор низ натиҷаи хуб меорад. Аз маҳфили нафароне, ки зарарашон ба шумо расидааст, худдорӣ намоед.

Саратон (22 июн- 22 июл)

Дар ин рӯз имкони амалӣ сохтани нақшаҳоятонро пайдо месозед. Бо нафароне шинос мешавед, ки дар оянда кӯмаку дастгирияшонро зиёд мебинед. Бегоҳирӯзӣ ба хонаатон меҳмон меояд.

Асад ( 23 июл – 23 август)

Вақту диққати худро ба корҳои дуюмдараҷаву суҳбатҳои беҳуда сарф накунед. Беҳтараш андешаҳои худро ба тартиб оварда, мушкилиҳои шахсии худро бартараф намоед.

Сунбула ( 24 август- 23 сентябр)

Мушкилиҳои дар ин рӯз пайдошударо кӯшиши мустақилона рафъ кардан накунед. Беҳтараш аз дӯсти наздике, ки нисбати шумо бефарқ нест, маслиҳат пурсед. Дар акси ҳол имкони мусоидро барои ислоҳ сохтани вазъият аз даст медиҳед.

Мизон ( 24 сентябр- 23 октябр)

Дар ин рӯз нисбати корҳоятон ҷиддӣ муносибат намоед. Рафтори беандеша ё сари ғазаб анҷом додаатон оқибати нохуш ба бор оварда метавонад. Вазъи саломатиятон хеле хуб аст, вале барор метавонад ҳар лаҳза аз шумо рӯй тобад.

Ақраб ( 24 октябр- 22 ноябр)

Ситораҳо имкон медиҳанд, ки ҳаёти худро куллан тағйир диҳед. Ба маслиҳати дӯстону наздикон гӯш андохта, сару либоси худро нав кунед. Ба мушкилоти майда-чуйдае, ки шуморо аз кори асосӣ дур месозад, машғул шавед.

Қавс ( 23 ноябр- 21 декабр)

Имрӯз хатари зери таъсири бегонагон афтиданатон зиёд аст, аз ин хотир аз робита бо нафарони ношиносу онҳое, ки ба шумо писанд нестанд, худдорӣ намоед, вагарна ба хатогиҳои зиёд роҳ медиҳед. Дар ин рӯз харидани молҳои косметикиро маслиҳат намедиҳем.

Ҷаддӣ ( 22 декабр- 20 январ)

Дар ин рӯз муносибататон бо шахси дӯстдошта мисли филмҳои ҳиндӣ зебо мегардад. Имрӯз вохӯриҳои ошиқона, армуғонҳо, изҳори муҳаббат, муноқиша ва оштишавии дилдодагон хотирмон мегузаранд.

Далв ( 21 январ- 20 феврал)

Имрӯз ба мазмуни мушкилиҳо сарфаҳм рафта роҳи ҳалли масъалаи душворро пайдо месозед. Мутаассифона дар амал татбиқ намудани ин ақида бе ягон дастгирӣ бароятон душвор мегардад.

Ҳут ( 21 феврал- 20 март)

Дар ин рӯз эҳтимоли зери таъсири бегонагон афтиданатон зиёд аст. Аз ҷойҳои серодам худдорӣ намуда ба сергапӣ, худситоӣ ва лофзанӣ роҳ надиҳед. Ба доми дуздону ҳаннотон афтиданатон имкон дорад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *