толеънома

Толеъномаи 29-уми августи соли 2022

Ҳамал (21 март-20 апрел)

Дар ин рӯз мушкилоти молиявӣ маҷбуратон месозад, ки нақшаҳои аввалиндараҷаи худро ба таъхир гузошта, аз пайи корҳои дигар шавед. Дар зарурат аз дӯстону наздикон кумак пурсида метавонед, вале беҳтар мебуд, ки назди касе муҳтоҷ буданатонро нишон надиҳед. Бегоҳирӯзиро ҳамроҳи шахси дӯстдоштаатон гузаронед. Рафту муҷаррад бошед, барои шиносшавӣ омода бошед.

Савр (21 апрел-22 май)

Дар ин рӯз монеаву мушкилиҳои зиёде дар касбу коратон пеш меояд. Мардҳо орзуи деринаро ҷомаи амал мепӯшонанд. Зиндадилиятон бонувонро ба ваҷд меорад, аз ин рӯ, аз дағаливу якравӣ худдорӣ намоед. Бонувон ба асабхаробӣ ё хасташавӣ мубтало мегарданд. Имкони дарди сар, ғамгинӣ ё бемадорӣ вуҷуд дорад.

Ҷавзо (23 май-21 июн)

Нохуб шудани вазъи саломатиятон ба касбу коратон таъсир мерасонад. Эҳтимол муносибататон бо ҳамкорон, роҳбарият, дӯстону наздикон бад мегардад. Қабл аз хоб сайругашт карда, як пиёла ширу асал нӯшед. Вохӯрие имкон дорад, ки ногувориҳои зиёде ба бор меорад. Ғалатҳои худро дар масъалае ба гардан гирифта, пушаймон намешавед.

Саратон (22 июн-22 июл)

Диққататон ба мушкилиҳои корӣ равона мегардад. Мушкилоти молиявӣ зуд рафъ мегардад. Ба саломатии худ диққат дода, ба асабоният роҳ надиҳед. Баъди нисфирӯзӣ дар муҳити ором истироҳат намоед. Дӯстдоштаи худро наранҷонед, вагарна оштӣ шуданатон душвор мегардад. Ҳангоми ба мағозаву бозор рафтан аз харидани чизҳои нодаркор худдорӣ намоед.

Асад (23 июл-23 август)

Қобилиятҳои кориятон баланд мегардад, вале хабар ё рафтори шахси наздик боиси хира гаштани табъатон мегардад. Вохӯриҳои корӣ бобарор анҷом меёбанд. Меҳнати дастаҷамъона дар ин рӯз самар намеорад, аз ин рӯ, танҳо ба қувваи худ умед бандед. Саломатии худро дар мадди аввал гузоред. Изҳори муҳаббат карданро дар ин рӯз тавсия намедиҳем.

Сунбула (24 август-23 сентябр)

Барои он ки муносибатҳоятон бо шахси дӯстдошта вайрон нагардад, бояд якдигарро дарк карда тавонед. Ин кор бароятон бо душворӣ даст медиҳад, вале сабру таҳаммул ба шумо мадад мерасонад. Айни замон мушкилиҳои ҷиддӣ пеши роҳатон намеоянд. Маблағи дар даст доштаро сарфакорона истифода кунед, рӯзҳои наздик маблағи хуб ба даст намеоред.

Мизон (24 сентябр-23 октябр)

Рӯзи бобарор аст. Муносибататон бо ҳамкорон, роҳбарият, дӯстон ва наздикон беҳтар мегардад. Вохӯрии ошиқона табъатонро болида ва хурсандатон месозад. Нимаи дуюми рӯз каме нотоб гаштанатон имконпазир аст. Қабл аз хоб сайругашт кардан хуб аст. Маблағеро, ки кайҳо боз интизор будед, ҳамин рӯз ба даст меоред.

Ақраб (24 октябр-22 ноябр)

Дар ин рӯз ҳодисаҳое имкон доранд, ки шуморо ба тағйироти судманд водор месозанд. Вақте расидааст, ки вазъи зиндагии худро беҳтар гардонед. Корҳои нотамомро ба анҷом расонида, мушкилиҳоро рафъ намоед, то ки дигар пайдо нашаванд. Дар ҳаёти шахсиятон оромӣ ҳукмфармо бошад ҳам, ба тағйироти ногаҳонӣ омода бошед. Саломатӣ аз шумо эҳтиёткориро талаб мекунад.

Қавс (23 ноябр-21 декабр)

Дар ин рӯз дар масъалаҳои пулӣ хеле сарфакор бошед. Ба касе қарз надиҳед. Ҳар чизе, ки бо сарф кардани маблағ вобастагӣ дорад, гузашт накунед. Ҳангоми харидорӣ намудани чизҳои даркорӣ ва хӯрока маблағи зиёд сарф карданро маслиҳат намедиҳем. Вохӯрии ошиқона ногувориҳои зиёдеро ба саратон меорад.

Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)

Рӯзи бебарор аст. Қабл аз кореро ба анҷом расонидан вазъиятро нағзакак ҳаллу фасл намуда, варианти беҳтаринро интихоб намоед. Маблағи хуб ба даст оварда наметавонед. Саломатиятон дар ин рӯз хуб аст, вале каме худро бемадор эҳсос мекунед. Дӯстдоштаатон бо рашкаш табъатонро хира мегардонад.

Далв (21 январ-20 феврал)

Дар ҷодаи касбу кор танҳо бо майлу хоҳиши худ амал намоед. Вохӯриву масъалаҳои корӣ бобарор анҷом ёфта, даромади хуб ба даст меоред. Дар ҳаёти шахсиятон тағйирот имкон дорад, хусусан мардҳоро навигарӣ интизор аст. Беморие, ки имрӯз пайдо мешавад, табобаташ тӯл мекашад.

Ҳут (21 феврал-20 март)

Рӯзи душвор аст. Ба бурдбории рӯякӣ нигоҳ накарда, дар дилатон изтиробу асабоният ҷой мегирад. Барои он ки ба ғалат роҳ надиҳед, боқимондаи рӯзро дар танҳоӣ гузаронед. Саломатиятон аз шумо истироҳати бардавом ва чораҳои пешгирикунандаи бемориҳоро талаб мекунад. Ба нафаре, ки худро ошиқи шайдо мегирад, бовар накунед.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *