толеънома

Толеъномаи 29-уми декабри соли 2022

Ҳамал (21 март-20 апрел)

Дар ин рӯз бояд сари масъалае майна об намоед, ки аз чӣ гуна ҳал шудани он бисёр чизҳо вобастагӣ доранд. Ба саросемагӣ роҳ надода, дар аввал тамоми ҷиҳатҳои мусбату манфиро санҷида, баъдан амал намоед.

Савр (21 апрел-22 май)

Бо нафароне, ки аз таъсирашон зиндагиву коратон вобастагӣ дорад, низоъ накунед. Дар ҳама ҳолат худро аз ҷиҳати хуб нишон дода тавонед. Бегоҳирӯзӣ ба сафари роҳи дур баромаданро тавсия намедиҳем.

Ҷавзо (23 май-21 июн)

Тамоми рӯзро бо баҳсу мунозираи бемаънӣ сипарӣ менамоед. Одати исбот намудани ҳар сафсаттаро, ки худатон ба ҳақиқат доштанаш чандон бовар надоред, аз худ дур созед, вагарна хандахариши атрофиён мегардед.

Саратон (22 июн-22 июл)

Дар ин рӯз бе ягон кӯшишу ғайрат тамоми корҳоятон аз рӯйи нақша амалӣ мегарданд. Тамоми рӯз тартибот ҷорӣ гашта, ягон ҳодиса наметавонад садди роҳи кору нақшаҳоятон гардад. Дар баробари ин воқеаҳои аҷиб рух медиҳанд.

Асад (23 июл-23 август)

Имрӯз сарчашмаи сарфшавии маблағҳоятонро пайдо месозед. Хуб мебуд, ки роҳҳои исрофкориро маҳкам намоеду садди роҳи пулсарфкунӣ шавед, вагарна рӯзҳои наздик аз бепулӣ сахт азият мекашед.

Сумбула (24 август-23 сентябр)

Ба корҳои хатарноку шубҳаомез ҳамроҳ нашавед. Аз роҳу равиши санҷидашуда истифода бурда, дар муддати кӯтоҳ комёб мегардед. Ин қоидаро ҳам дар тиҷорату ҳам рӯзгор ва робита бо одамон риоя намоед.

Мизон (24 сентябр-23 октябр)

Дар ҳалли масъалаи муҳиме дудила мешавед. Ҳар як қадами худро андешида гузоред. Баъди он ки сари қароре омадед, аз шубҳаву дудилагӣ осоре намемонад ва касе наметавонад шуморо аз роҳ гардонад.

Ақраб (24 октябр-22 ноябр)

Имрӯз масъалаи муҳимеро ҳал карданатон лозим меояд, ки аз он натиҷаи кори одамони зиёде вобастагӣ дорад. Дар ин рӯз аз корҳои ҷисмонӣ худдорӣ намоед, вагарна ҷароҳат бардоштанатон эҳтимол дорад. Дар давоми рӯз ба ниёзмандон кумак расонидан мехоҳед.

Қавс (23 ноябр-21 декабр)

Имрӯз имкони дар амал татбиқ намудани ақидаву нақшаҳоятон фароҳам меояд. Вақте расидааст, ки барои ҷашнҳои солинавӣ омода шавед. Дар ҳама кор ба садои қалби худ гӯш андозед. Барои муайян намудани ҳақиқат бо баъзеҳо даст ба гиребон мешавед.

Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)

Дар ин рӯз саломатиятон хубу табъатон болида мегардад. Майли бо дӯстону наздикон дилхушӣ кардан доред. Бо вуҷуди хушҳол буданатон ҳам эҳсосоти худ ва ҳам аз дигаронро идора карда метавонед.

Далв (21 январ-20 феврал)

Имрӯз бо нерӯи дучанд ба кор мечаспед. Қобилияти кориятон баланд гашта, нақшаҳоро амалӣ месозед. Ин рӯзро барои расидан ба муваффақият истифода бубаред, вале дар хотир доред, ки барои кори бештар имконият доред.

Ҳут (21 феврал-20 март)

Дар ин рӯз баҳсҳои молиявӣ имкон доранд. Агар мушкилиҳои пулиятон аллакай чанд муддат давом дошта бошанд, аз он нагурезед, беҳтараш асаби худро эҳтиёт намоед. Дар акси ҳол, муноқиша рух дода, хеле тӯл мекашад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *