Толеъномаи 29-уми сентябри соли 2023
Ҳамал (21 март-20 апрел)
Имрӯз шуморо лозим аст, ки барои ҳалли мушкилиатон роҳи муфидро пайдо кунед, то ин ки дастовардҳоятон шуморо тарк накунанд. Дар нимаи дувуми рӯз ба ҳолати ногувор дучор мешавед. Шом ба мулоқоти ошиқона рафтан муфид аст. Барои беҳтар сохтани саломатиатон ба духтурон муроҷиат намоед ва муолиҷаатонро оғоз намоед.
Савр (21 апрел—22 май)
Дар рӯзи нав саврҳоро корҳои мушкил пеш меоянд. Аз ин рӯ, кӯшиш кунед, ки вақтатонро беҳуда сарф нанамоед. Суҳбатҳои тӯлонӣ бо нафарони гуногунтабақа шуморо интизор аст. Бо ҷамъомадагон бо мулоҳиза суҳбат карданро фаромӯш насозед, зеро миёни онҳо шахсони нозуктабиат ҷой доранд, ки дар корҳои ояндаатон халал ворид нашавад. Бар замми ин, баъзе саврҳоро лозим аст, ки баъзе нақшаҳои худро ба баъд гузоранд.
Ҷавзо (23 май-21 июн)
Ҷавзоҳоро лозим аст, ки барои корҳои минбаъдаашон нақшаҳои нав тарҳрезӣ намоянд. Агар корҳоятон нотамом монда бошанд, онҳоро ба рӯзи дигар гузоред. Нимаи дувуми рӯз бештар хабарҳои ғайричашмдошт мешунавед. Шуморо лозим аст, ки ба муносибати баъзе аз дӯстони нониатон нуқта гузоред. Беҳтараш имрӯз аз сафарҳои хизматӣ даст кашед.
Саратон (22 июн-22 июл)
Аксари саратонҳо тамоми ҳафта хотирпарешонанд. Он шахсонеро, ки дар боварии шумо ҳастанд, бештар ба корҳои асосиатон ҷалб намоед. Нафароне, ки ба корҳои тиҷоратиатон алоқамандӣ доранд, ба ҳолатҳои ногувор дучор мегарданд. Имрӯз шуморо лозим аст, ки истироҳат намоед. Барои ин шумо ба гаштугузори табиат машғул шавед. Ё ин ки ба меҳмонии яке аз пайвандонатон рафтан хеле муфид аст.
Асад (23 июл—23 август)
Дар ин рӯз бо роҳбаратон баҳс накунед. Дар гумон аст, ки шумо дар ин баҳс ғолиб биёед. Асадҳо қувваи зиёдро сарф мекунанд, вале кӯшиш намоед ба корҳое, ки ба тиҷорати шумо дахл надоранд, беҳуда андармон нашавед. Бинед, ки дар куҷо имконияти бештар доред, ҳаётатонро тағйир диҳед. Ҳангоми рондани мошин боэҳтиёт бошед!
Сумбула (24 август-23 сентябр)
Сумбулаҳо вақти зиёдашонро бо корҳои майда-чӯйда сарф мекунанд. Кӯшиш кунед, ки супоришҳои роҳбарро сари вақт иҷро намоед. Дар ин рӯз як қатор корҳоятон бомуваффақият анҷом меёбад. Муносибататонро бо нафароне, ки заҳмати шуморо қадр мекунанд, хуб ба роҳ монед. Бинед, ки корҳои майдаатон то охир ба анҷом нарасанд, онҳоро ба дигар рӯз гузоред. Нисбати саломатиатон бепарво набошеду курсҳои муолиҷавиро то охир ба анҷом расонед.
Мизон (24 сентябр-23 октябр)
Мизонҳоро лозим аст, ки рӯзро дар мавҷҳои муносиб ба ҳаёташон оғоз намоянд. Аз нафаре туҳфа мегиред ва хабари хуш мешунавед. Нимаи дувуми рӯз дар ҷои коратон каме нофаҳмӣ ба миён меояд ва шояд ба шумо супориш диҳанд. Ҳамчунин имрӯз рӯзи мувофиқ барои вохӯрӣ мебошад. Фаромӯш накунед, ки ҳамаи пешравиҳоятон дар дасти худатон аст. Шом дар хона истироҳат намуда, қувваи кориатонро ҷамъ намоед.
Ақраб (24 октябр-22 ноябр)
Дар ин рӯз ақрабҳо шиддати қувваашон зиёд мегардад. Нақшаҳоеро кашед, ки корҳои марказӣ маҳсуб меёбанд. Нимаи аввали рӯз беҳтараш бо маблағҳое, ки аз ғайр меоянд, сарукор гиред. Дар нимаи дувуми рӯз кӯшиш кунед, ки барои муаррифии лоиҳаатон вақт ҷудо намоед. Вақти мусоид барои муносибатҳои ҳамкорӣ фароҳам омадааст. Ҳангоми рондани мошин боэҳтиёт бошед.
Қавс (23 ноябр-21 декабр)
Дар ин рӯз муносибати хубро бо атрофиён ба роҳ монед. Вақти мусоид барои шиносоиҳои нав омадааст. Қавсҳое, ки дар сафари хизматӣ қарор доранд, бояд ба хонаашон баргарданд. Баъзе шахсони зери ин бурҷ таваллудшуда бо пайвандонашон ҷанҷол мешаванд. Созишномаи муфидро ба роҳ монед, то ки дар корҳои минбаъдаатон ба дастоварди бузург соҳиб шавед.
Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)
Ҷаддиҳои меҳнаткашро дар ин рӯз бурдбории зиёд интизор аст. Нимаи дувуми рӯз ба духтур муроҷиат намудан бар манфиати шумо хоҳад буд. Дар ин рӯз аз тарафи шахсони ношинос баҳои баланд мегиред. Кӯшиши бо роҳбаратон баҳс карданро накунед. Барои шиносоии лоиҳаи нав шуморо лозим аст, ки каме маблағ сарф намоед, то ки дар оянда маблағи калон ба даст оред. То дергоҳ ба кор банд нашаведу фароғатро фаромӯш насозед.
Далв (21 январ-20 феврал)
Далвҳоро зарур аст, ки дар бораи худашон фикр кунанд. Кӯшиш кунед, ки барои рушд намуданатон талош намоед ва худро ҳамчун шахси лозимӣ муаррифӣ намоед. Имрӯз рӯзи озодии шумо хоҳад буд. Дар ин рӯз баъзе мушкилиҳои пулӣ ба миён меоянд. Ҳамаи манфиатҳое, ки дар ҳаёти шумо пайдо мешаванд, аз сабру таҳаммул ба даст меоянд.
Ҳут (21 феврал-20 март)
Дар ин рӯз низоъ бо одамоне, ки фаъолияти кориатон бо онҳо оғоз шудааст, бармехезад. Нимаи аввали рӯз вақтеро барои худ муҳайё созед, ки муаммоҳои ҳаётатонро баррасӣ намоед. Дар нимаи дувуми рӯз қувваи зиёдро бо муошират ва шиносоии кори нав сарф менамоед. Дар охири рӯз хабарҳои хуш руҳияатонро мебардоранд ва вохӯрии ғайричашмдошт шуморо интизор аст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ