Толеъномаи 3 май 2018
Тамоми рӯз рафтори шумо мавзӯи сӯҳбати дӯстону наздикон мегардад. Нимаи дувуми рӯз барои пешниҳоди нақшаҳои нав ба роҳбарият мувофиқ аст. Барои иваз намудани имидҷ рӯзи мувофиқ аст. Саломатиатон шуморо ташвиш намедиҳад.
Савр ( 21 апрел – 22 май)
Имрӯз дар сӯҳбат бо ҷинси муқобил ҳушёр бошед, зеро шӯхиҳои ноҷоятон метавонад боиси озори хотири онҳо гардад. Дар ҷои кор ва хона нофаҳмӣ ба миён меояд, вале нимаи дувуми рӯз он ҳалгашта табъатон болида мешавад. Шомро дар иҳотаи пайвандон гузаронед.
Ҷавзо ( 23 май-21 июн)
Дар маркази диққати ҷавзоҳо маблағ меистад. Вохӯрӣ ва ҷаласаҳое, ки дар ин масъала сурат мегирад, мушкилкушо мегардад. Ба корҳои майда банда шуда, вазифадор будани худро нишон медиҳед. Рӯзи чоршанбе хабари ногаҳонӣ ё вохӯрии ғайриинтизор табъатонро тағйир медиҳад.
Саратон (22 июн- 22 июл)
Ин рӯз барои инкишоф додану мустақилона ба анҷом расонидани баъзе корҳо бояд дар танҳоӣ бошед. Дар коргоҳ ягон навгоние ба назар намерасад. Фаромӯш насозед, ки на ҳамеша воқеъа чунин аст, ки ба чашм менамояд. Яъне баъзан чашм ҳам фиреб мекунад.
Асад ( 23 июл – 23 август)
Ҳарчанд имрӯз баъзе муаммоҳоро кушодан мехоҳед, аммо натиҷааш шуморо шод намегардонад. Розҳо баъзан нуҳуфта монанд беҳтар. Ба он чизе, ё касе , ки дар гузаштаи дӯстдоштаатон буд кор нагиред. Имрӯз, ки бо ҳамед хуш бошед. Охири рӯз каме фишоратон баланд мешавад.
Сунбула ( 24 август- 23 сентябр)
Давоми рӯз ба корҳои мҳим даст назанед. Дар ҳамагуна интихоб ба гапи дилатон гӯш андозед. Агар хоҳед, ки азизи дилатонро аз шумо набаранд ба қавле ғайрататонро кафи даст гирифта гапи дилатонро гӯед. Саломатиатон давоми рӯз шуморо ташвиш намедиҳад.
Мизон ( 24 сентябр- 23 октябр)
Имрӯз бояд диққати асосиатонро ба кор равона кунед. Агар ба дар рафти амалиёт бодиққат набошед метавонед ба хатогии ҷиддие роҳ диҳед. Нисбат ба ҳамкорон беҳурматӣ накунед, зеро ин амал боиси коста шудани обрӯятон гашта метавонад. Барои муносибатҳои маҳрамона ин шом мувофиқ нест.
Ақраб ( 24 октябр- 22 ноябр)
Қобилияти пеш воҷеъа ҳис кардани онро табиат ба ақрабҳо фаровон додааст. Бинобар ин ба гапи дили хеш гӯш андозед хато намекунед. Барои дили касеро ба даст овардан кофист, ки аз ширинсухании хеш кор баред. Дар коргоҳ ягон навгоние ба вуҷӯъ намеояд. Шом ба пурхӯрӣ роҳ надиҳед.
Қавс ( 23 ноябр- 21 декабр)
Давоми рӯз саломатиатон хуб буда, дар кор низ ягон мушкилие намешавад. Аммо сари масъалаҳои иҷтисодӣ бо ҳамсаратон каме гапатон мегурезад. Саросема шуда қарз нагиред ин мушкилот ба зудӣ ҳал хоҳад шуд. Сабукфикрӣ ва булҳавасӣ ба сари қавсҳои муҷаррад мушкилоти зиёд оварданаш мумкин. Ба моликияти дигарон чашм ало накунед.
Ҷаддӣ ( 22 декабр- 20 январ)
Диққати бештари хешро имрӯз ба ҳамсафари ҳаётиатон равона кунед. Беҳуда намегӯянд, ки “Зан ин чеҳраи мард аст” барои дурахшону пок ва пурҷило мондани чеҳраатон вақтро дареғ надоред. Нимаи дувуми рӯз бо яке аз наздикон муноқиша мекунед. Оромиро аз даст надиҳед то ҷанҷол калон нашавад.
Далв ( 21 январ- 20 феврал)
Имрӯз он мушкилиҳое, ки дар ҳаётатон рух медиҳад, ба осонӣ паси сар менамоед. Даромади пулӣ ба даст меоваред ва қарзҳоятонро бармегардонед. Нисбат ба саломатиатон бетаваҷҷӯҳ набошед ва табобати дандонҳоятоонро сари вақт оғоз намоед. Илоҷи воқеъа пеш аз вуқӯъ.
Ҳут ( 21 феврал- 20 март)
Рӯз барои мулоқотҳои корӣ ё ошиқона созгор нест. Бояд бештари вақтатонро дар танҳои гузаронед ва ба эҷод машғул шаведнатиҷаи хуб хоҳад дод. Охири рӯз бо шунидани хабари ногаҳоние хушҳол мешавед. Саломатиатон хуб буда, давоми рӯз шуморо ташвиш намедиҳад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ