толенома

Толеъномаи 30-юми августи соли 2023

Ҳамал (21 март-20 апрел)

ҳамал

Имрӯз дар корҳои эҷодӣ ва ҷодаи муҳаббат навигариву дилхуширо интизор бошед. Нимаи аввали рӯз ба хотири мулоқоти ошиқона аз нақшаҳои корӣ рӯ нагардонед. Агар ба нафаре писанд омадан хоҳед, ба соддалавҳӣ роҳ надиҳед. Ҳамзамон аз иғвогарии шарики кориатон эҳтиёт шавед. Нимаи дувуми рӯз барои табобати бемориҳои музмин вақт ҷудо кунед.

Савр (21 апрел22 май)

савр

Аз субҳ барои ободонии хонаву дар ва тағйир додани муносибатҳои оилавӣ кӯшиш ба харҷ диҳед. Рӯзи бобарорест барои оғози ҳама намуди кори нав. Нимаи дувуми рӯзро беҳтараш дар хона гузаронед, зеро дар кӯча нафаре табъатонро хира мегардонад. Шом барои дидорбинии бобову бибӣ ва волидони пир рафтанро фаромӯш насозед.

Ҷавзо (23 май-21 июн)

ҷавзо

Нимаи аввали рӯз имкони ба даст овардани даромади иловагиро пайдо мекунед. Фаъолияти нав қувваи зиёдатонро талаб намекунад. Нафароне, ки ба тағйироти қатъӣ омода ҳастанд, охири рӯз амал карданашон беҳтар аст. Онҳое, ки дар ҷустуҷӯйи ҷои кор ҳастанд, кори табъи дилро пайдо мекунанд. Аз корҳои душвор наҳаросед, бе ягон душворӣ аз уҳдааш мебароед.

Саратон (22 июн-22 июл)

саратон

Имрӯз иштиҳоятон баста мегардад, вале инро нишонаи ягон беморӣ шуморида, маҷбуран хӯрок нахӯред. Рӯзҳои наздик имкони пулкоркуниро пайдо месозед. Маблағи бадастовардаатон аз фаъолнокии шумо вобастагӣ дорад, аз ин рӯ, ба танбаливу бекорӣ роҳ надиҳед. Дӯстон бо шумо дидорбинӣ кардан мехоҳанд, бо вуҷуди серкорӣ ҳатман барояшон вақт ҷудо кунед.

Асад (23 июл23 август)

асад

Асадҳое, ки мошин меронанд, дар ин рӯз бояд хеле боэҳтиёт бошанд. Бо вуҷуди ба маслиҳати нафаре ниёз надоштанатон, барои ҳарфи оқилонаву кумак изҳори миннатдорӣ кунед, вагарна минбаъд мушкили худро дар танҳоӣ рафъ намудан лозим меояд. Барои аз саломатии худ дилпур будан ҳатман ба табиб муроҷиат намоед. Бо ҳар сабаби ночиз асабонӣ нашавед. Хастагиву бемадориятон нишонаи он аст, ки худро эрка намекунед. Бештар хӯрокҳои серғизо истеъмол намуда, истироҳатро фаромӯш насозед.

Сумбула (24 август-23 сентябр)

сумбула

Дар ин рӯз аксарият аз дарди оринҷу банди даст ва зонувон азият мекашанд. Ҳатман ба табиб муроҷиат кунед ва мустақилона машқи сабуки бадан кунед. Миёнаи рӯз душвор бошад ҳам, хатоҳои дар гузашта содирнамудаи худро ислоҳ мекунед. Нафареро ранҷонида бошед, бахшиш пурсед. Минбаъд кӯшиш намоед, ки дили нафареро наранҷонед. Ҳангоми ибрози ақида кардан ба нуқтаи назари дигарон низ диққат диҳед.

Мизон (24 сентябр-23 октябр)

мизон

Аввали рӯз аз танбаливу бекории атрофиён асабатон хароб мегардад. Бо кори зиёд андармон шуданатон хуб аст, вале наздикони худро низ фаромӯш насозед. Миёнаи рӯз чӣ тавр сарф кардани маблағи худро нафаҳмида мемонед. Охири рӯз аз рафтори шахси дӯстдоштаатон норозӣ мегардед. Бо сабаби тамоми уҳдадориву ташвишро ба дӯши худ бор карданатон, нафаре, ки аз ҷон бештар дӯсташ медоред, болои саратон баромадааст.

Ақраб (24 октябр-22 ноябр)

ақраб

Реҷаи рӯзро риоя кунед. То нимаи шаб кор кардану ба ҷои истироҳат заҳмат кашидан лозим нест. Ҳама кор вақти худро дорад. Ғами саломатии худро хӯрда, ҳама корро пайи ҳам иҷро кунед. Нафареро насиҳату ба коре талқин накунед. Аз худ омӯзгор натарошед, беҳтараш бо маслиҳат кумак расонед. Миёнаи рӯз агар имкон бошад, ба ҷое сафар накунед. Худро нотоб ҳис карда, ҳангоми ба назди духтур рафтану ташхис кардан асабатонро хароб месозед.

Қавс (23 ноябр-21 декабр)

қавс

Ҳар гаперо, ки дар дил доред, ба забон наоред, вагарна чанд нафарро меранҷонед. Миёнаи рӯз имкони ҷароҳат бардоштанатон вуҷуд дорад. Ҳангоми пӯшидани дар ва маҳкам кардани қулф бодиққат бошед. Нимаи дувуми рӯз чанд хабари ногувор мешунавед. Охири рӯз барор ҳамсафари шумо мегардад. Нафарони зиёде аз шумо маслиҳату кумак мепурсанд. Бо мушкили дигарон машғул шуда, саломатии худро дар хатар нагузоред.

Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)

ҷаддӣ

Тамоми фикру хаёлатон ба шахси дӯстдоштаатон банд гашта, хаёлан дар олами орзуҳо парвоз мекунед. Миёнаи рӯз дар саломатиятон мушкилӣ сар мезанад. Ба ҳеҷ ваҷҳ бо худтабобаткунӣ машғул нашавед, ин кори хеле хатарнок аст. Танҳо табиби кордон ва ташхиси дақиқ ба дарди шумо даво меёбад. Барои саломатӣ пулро дареғ надоред. Дар муносибатҳои ошиқонаатон баъзан нофаҳмӣ рух медиҳад. 

Далв (21 январ-20 феврал)

далв

Аслан шуморо асабонӣ кардан кори осон нест, вале дар сурати пеш омадани монеаҳо касе наметавонад садди роҳи қаҳру ғазаби шумо гардад. Ҳар хабаре, ки мешунавед, дурустияшро санҷида, ҷонибдори нафаре нагардед, вагарна ба ғалат роҳ медиҳед. Агар чизе асабатонро хароб мекарда бошад, дар ин бора ба касе чизе нагӯед. Барои ба дили наздикони худ роҳ пайдо кардан кӯшиши зиёд ба харҷ доданатон лозим меояд. Аз ҳад зиёд хаста шудан боиси паст шудани масунияти бадан ва фишори руҳӣ мегардад.

Ҳут (21 феврал-20 март)

ҳут

Бо вуҷуди берангу бемаънӣ будани аввали рӯз шахси дӯстдоштаатон бо туҳфаву армуғонҳояш хотиратонро шод мегардонад. Зуд-зуд ҳавои хонаи худро тоза карда, ҳатман ба сайругашт бароед. Аз ҷойҳои пур аз чанг, аз қабили китобхона ва осорхонаҳо дурӣ ҷӯед. Имрӯз эҳтимоли гирифторшавӣ ба бемории аллергия вуҷуд дорад. Нӯшокиҳои хунук ва яхмос боиси бемории гулӯдард мегардад. Қабл аз оғоз намудани муносибати ошиқона оқибаташро нағзакак андеша намоед.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *