Толеъномаи 31-уми августи соли 2022
Ҳамал (21 март-20 апрел)
Дар маҷлисе, ки дар корхонаатон баргузор мегардад, мушкилоти маош дар ҷои аввал қарор мегирад. Масъалаи баланд бардоштани маошатонро на ҳама дастгирӣ мекунанд, вале сардор таваҷҷуҳи худро нишон медиҳад. Дар муносибатҳои ошиқона ташаббусро ба даст гирифтанатон лозим аст.
Савр (21 апрел-22 май)
Ба назар чунин мерасад, ки шумо хӯроку ғизоҳои кӯчагиро аз хӯроки хонагӣ авлотар мешуморед. Ба ҷои он ки мисли кӯдак инҷиқӣ кунед, беҳтараш худатон хӯрокпазиро ёд гиред. Муҳим он аст, ки меъдаро эҳтиёт намуда, бо хӯрокҳои сахт худро бемор накунед. Ҳамёнатонро аз чашми бади дуздон эҳтиёт кунед. Аз сафар намудан дар қатора худдорӣ намоед.
Ҷавзо (23 май-21 июн)
Табъи кориятон дар ин рӯз хушу болида аст. Рӯзи хубест барои рафтан ба назди машшотаву сартарош. На танҳо фикру андешаи худ, балки сарулибоси худро низ ба тартиб оварданатон лозим аст. Баъди нисфирӯзӣ маблағ ба даст меоред.
Саратон (22 июн-22 июл)
Нисбати кору уҳдадориҳое, ки аз ҷониби роҳбарият мегиред, боэҳтиёт амал кунед. Муҳим он аст, ки корро фавран неву босифат анҷом диҳед. Дар ҳаёти оилавӣ бо сабаби норасоии маблағ воҳимаву муноқиша имконпазир аст. Барои он ки боз дучори нофаҳмӣ нагардед, мушкилоти пешомадаро рафъ созед.
Асад (23 июл-23 август)
Рӯзи пур аз рӯйдод аст, вале тамоми фикру хаёли шумо банди ишқу муҳаббат мегардад. Кор ҳатто ба ҷое мерасад, ки супоришҳои роҳбарият ба гӯшатон намедарояд. Нисбати дӯстону рафиқони худ бодиққат бошед, эҳтимол нафаре дар ниқоби дӯст аз пайи бадии шумо аст.
Сунбула (24 август-23 сентябр)
Агар дарк намоед, ки нисбати дӯсти худ аз ҳад зиёд интиқодро раво дидаед, беҳтараш кунҷи танҳоӣ ихтиёр намоед. Рафтори худро таҳлил намоед, он гоҳ сари қарори дуруст омада метавонед. Рӯзи бобарорест барои машғулиятҳои варзишӣ.
Мизон (24 сентябр-23 октябр)
Зодагони мучали мизон дар ин рӯз бо коре машғул шудан нахоста, танҳо дар фикри истироҳат мешаванд. Бо вуҷуди хоҳиши истироҳат карданатон баъди нисфирӯзӣ ташвиши рӯзгор зиёд мешавад. Ташрифи меҳмонони нохондаро интизор шавед. Ба ҳолати асбобҳои техникии худ диққати хоса диҳед.
Ақраб (24 октябр-22 ноябр)
Дар ин рӯз шуморо шиносоиҳои нав ва сафарҳои дарозмуддат интизор аст. Азбаски нерӯятон дар ин рӯз зиёд аст, ба сафар баромада, хато намекунед. Дар масъалаҳои ошиқона лавандӣ накунед. Агар ошиқи худро шод кардан мехоста бошед, армуғони ошиқонаро ба ёд биёред.
Қавс (23 ноябр-21 декабр)
Дар ин рӯз нафароне ба иззати нафсатон мерасанд, ки ба дастгирияшон умед баста будед. Худро барои коре, ки накардаед ва ҳатто дар гӯшаи хаёлатон ҳам набуд, гунаҳкор насозед. Ба мушкилоти ночиз диққат надода, ба танқиду эроди касе гӯш надиҳед. Эҳтимоли сар задани дарди сар вуҷуд дорад, дар ин ҳолат фавран ба духтур муроҷиат намоед.
Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)
Дар ин рӯз чӣ гуна гузаштани вақтро эҳсос намекунед. Эҳтимол зуд-зуд ба шаҳру ноҳия сафар карданатон лозим меояд. Агар дар соҳаи иқтисодӣ чизеро ба нақша гиред, пули зиёдро аз даст медиҳед. Агар қарздор бошед, сари вақт қарзи худро баргардонед, ҳатто аз мушкили камтарин худро канор гиред.
Далв (21 январ-20 феврал)
Зодагони мучали далвро лозим аст, ки нисбати нафароне, ки боз муддати мадид ҳамкорӣ карданашон лозим меояд, дағалӣ накунанд. Беҳтараш касбияти худро нишон диҳед. Ба нишонаҳои аввалини бемории зуком бетаваҷҷуҳ набошед. Табобатро сари вақт оғоз намоед, вагарна беморӣ шуморо аз по меафтонад.
Ҳут (21 феврал-20 март)
Агар зодагони мучали ҳут то ба имрӯз дар касбу кори худ душвориҳоро эҳсос мекарданд, имрӯз эҳсоси сабукӣ мекунанд. На ҳар кас дар зиндагӣ лидер шуда метавонад, аз ин лиҳоз, худро азият надиҳед. Бо шахси дӯстдоштаатон муваққатан ҷудо шуда метавонед.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ