Омӯзгорону табибони Ҳисор соҳиби қитъаҳои замин гардиданд

Бо иштироки раиси шаҳри Ҳисор Қосим Роҳбар дар мавзеи Ҳалқадашти ҷамоати деҳоти ба номи Турсунзода ба 121 нафар ниёзмандоне, ки солҳо инҷониб дар навбати гирифтани қитъаи замини наздиҳавлигӣ буданд, ба таври озоду шаффоф ва ба тариқи қуръапартоӣ қитъаи замини наздиҳавлигӣ тақсим гардид.

Бино ба иттилои МИҲД-и шаҳри Ҳисор, бо дастури Қосим Роҳбар ба омӯзгорону табибон, нафароне, ки ду фарзандашон адои хизматӣ ҳарбӣ намудаанд, маъюбон, кормандони ҳифзи ҳуқуқу тартибот бе навбат, бе иштирок дар қуръапартоӣ ва бо хоҳиши худашон ҳуқуқи дар ҷойи дилхоҳашон интихоб кардани қитъаи замин дода шудааст. Дигарон ба тариқи қуръапартоӣ соҳиби қитъаи замин гардидаанд.

— Ҳамчунин, аз ҷониби раиси шаҳр Ҳисор дар маъракаи тақсими замини наздиҳавлигӣ иброз гардид, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр минбаъд низ ба нафароне, ки вазифаҳои давлатию хизматии хешро содиқона адо менамоянд, дар дастрасӣ ба замин ва дигар имтиёзҳои давлатӣ бартарият медиҳад. Дар маъракаи тақсими замин ниёзмандон аз ҷамоатҳои шаҳраки Ҳисор ва деҳоти ба номи Мирзо Турсунзода иштирок карданд,- меафзояд манбаъ.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *