Толеъномаи 4 октябр 2018
Ҳамал ( 21 март-20 апрел)
Имрӯз ба ҷашну маъракаҳо рафтанро тавсия намедиҳем. Робитаатон бо дӯстон, хусусан намояндагони ҷинси латиф бар асари муноқишаи бемаънӣ вайрон мегардад. Даромади пулие, ки нимаи дуюми рӯз ба даст меоред, як қисми хароҷотатонро рӯйпӯш менамояд. Хариди бобарор мекунед. Шумораи ошиқонатон зиёд мегардад, вале агар дӯстдошта дошта бошед, беҳтараш рашки ӯро бедор насозед.
Савр ( 21 апрел – 22 май)
Рӯз барои бастани ақди никоҳ чандон мусоид нест. Нафаре барои хизматҳоятон бо маблағи пулӣ қадрдонӣ мекунад. Шахси дӯстдоштаатон кӯшиши ба зиндагии шумо ворид гаштану ба даст овардани қалби шуморо мекунад, вале шумо алҳол ӯро ба дунёи худ ворид кардан намехоҳед. Бо аҳли оила муноқиша карданро тавсия намедиҳем, вагарна бе хонаву дар мемонед. Охири рӯз аз ҷойҳои серодам худдорӣ намуда, бо нафарони шубҳанок робита накунед.
Ҷавзо ( 23 май-21 июн)
Рӯзи нав барои ҷавзоҳо шодиву нишот меорад. Ба ҷашну маъракаҳо пайи ҳам даъватӣ мешавед, кӯшиш намоед дӯстону ҳамфикрони худро зиёд гардонед. Кӯшиши чизеро дар зиндагӣ тағйир доданро мекунед, навигарӣ мехоҳед. Чунин имкониятро шумо аз шабакаҳои интернет ба даст меоред. Аз мулоқотҳои пинҳонии ошиқона худдорӣ намуда, аз нафарони доғи судидошта худро канор гиред. Мушкилоти молиявӣ асабатонро хароб сохта, бо наздикон гапатон мегурезад. Чунон асабӣ мешавед, ки аз ҳар гапу кори ночиз бо атрофиён ҷангу ҷанҷол мекунед.
Саратон (22 июн- 22 июл)
Шахсеро, ки дер боз интизораш будед, дар назар аст, ки вомехӯред. Корҳои тиҷоратиро дар заминаи нақша оғоз намудан, ба манфиати фаъолияти минбаъдаи шумо хоҳад буд. Имрӯз бо шахсе, ки ба шумо лозим аст, вохӯрдан мушкил мешавад. Беҳтараш ин мулоқотро дар рӯзи дигар гузоред.
Асад ( 23 июл – 23 август)
Шуморо лозим аст, ки таҷрибаи навро дар самтҳои гуногуни ҳаёти шахсӣ омӯзед. Хабарҳои зиёде шуморо нигарон кардааст. Дар охири ҳафта ба саволҳои беҷавобатон посух меёбед. Кӯшиш кунед, ки корҳои супориширо дар сатҳи пешбинишуда ба анҷом расонед. Агар шумо бо як рӯҳияи болида рӯзи кориро оғоз намоед, ҳамаи корҳои имрӯзаатон анҷоми хуб меёбад.
Сунбула ( 24 август- 23 сентябр)
Тамоми рӯз барояи сумбулаҳо хушу гуворо хоҳад гузашт. Дӯстонатон тайёранд, ки дар ҳама ҳолат ба шумо кумак намоянд. Рӯз барои сафари хизматӣ рафтан хуб аст. Кӯшиш кунед, ки дар вохӯриҳои расмӣ иштирок намуда, лоиҳаи худро пешниҳод намоед. Шомро дар ҳалқаи пайвандон гузаронидан муфид аст.
Мизон ( 24 сентябр- 23 октябр)
Барои он ки ҳама нақша ва вохӯриҳоятон дар сатҳи лозима гузарад, бояд дар доираи муайян амал намоед. Кӯшиш кунед, ки таҳаммулро аз даст надиҳед, зеро нофаҳмиҳои байни ҳамкорон ва роҳбаратон шуморо ба ғазаб меорад. Вақти қимататонро бо суҳбатҳои хушку сарф нанамоед. Ба аёдати наздикону пайвандон рафтанро дар рӯзҳои истироҳат ба нақша гиред.
Ақраб ( 24 октябр- 22 ноябр)
Рӯз барои нақшаҳои нав нисбат ба ақрабҳо рӯзҳои муфид аст. Набояд вақтро беҳуда гузаронед, беҳтараш барои ҳаёт ва муносибатҳои шахси мубориза баред. Тиҷорататонро бояд назорати ҷиддӣ баред, чунки дар айёми буҳрони иқтисодӣ каме хисорот ба миён омаданаш мумкин аст. Бар замми ин ба садои дилатон гӯш кардан низ ба манфиат хоҳад буд.
Қавс ( 23 ноябр- 21 декабр)
Дар ин рӯз васеъ кардани доираи дӯстонатон манфиатовар хоҳад буд. Имконияти пайдо кардани шарикони корӣ фароҳам омадааст. Беҳтараш барои амалӣ намудани нақшаатон шитобед. Он чизеро, ки амалӣ карда наметавонед, ба кӯдакон ва волидон ваъда надиҳед.
Ҷаддӣ ( 22 декабр- 20 январ)
Кӯшиш накунед, ки бар зидди вақт қувваи зиёд сарф намоед. Баръакс созишро роҳандозӣ намоед. Имрӯз худатонро дар назди роҳбарият зиёд нишон надиҳед, то ин ки ҳолати ногувор рух надиҳад. Нимаи дувуми рӯз вохӯрӣ бо наздикону ақрабо дар назар буда, омадани дигар меҳмонон ба хонаатон рӯҳи шуморо болида мегардонад.
Далв ( 21 январ- 20 феврал)
Корҳоятон бисёр мешавад. Ин барои ба даст овардани маблағи зиёд ба шумо мусоидат мекунад. Корҳое, ки чанд вақт пеш тарҳрезӣ карда будед, вақти амалкунии он расидааст. Муоширатро ба дӯстони деринаатон пайванд намоед. Маслиҳати атрофиёнро гӯш карда, ба он амал карданатон ба манфиати шумо хоҳад шуд.
Ҳут ( 21 феврал- 20 март)
Айни ҳол шуморо сертакаббурӣ нобино кардааст. Барои ин бояд корҳои аввалиндараҷаатонро ба анҷом расонед. Исбот намоед, ки шумо ба ҳама кор қодиред. Хушбахтона, дар нимаи дувми рӯз нерую қувваи шумо зиёд гашта, анҷоми супоришҳо саривақтӣ мегардад. Беҳтараш пас аз кор ба кори хона машғул шавед.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ