Боридани борон дар назар аст

Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои камабри тағйирёбанда шуда, дар баъзе минтақаҳо боридани борон ва дар баландии   3000 м боридани барф дар назар аст.  Дар ин бора аз Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон иттилоъ додаанд.

Ба иттилои манбаъ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои абрнок ва борони кӯтоҳмуддат  пешгӯӣ шуда,  шабона дар бадандии 3000 м боридани барф дар назар аст.  Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 5-10, рӯзона 21+26 ва дар шарқи ин вилоят шабона -0-5 ва рӯзона +7+12 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Суғд  ҳавои абрноки тағйирёбанда шуда,       шамол аз самти ғарб 3-8    метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона +10+15  ва рӯзона +27+32  дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон ҳавои камабри тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар водиҳо шабона 10-15 ва рӯзона 28+33 дараҷа гарм хоҳад шуд.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои абрноки тағйирёбанда  шуда, ҳарорат шабона ба +8 +13 ва рӯзона ба +27+32 дараҷа мерасад.

Дар шаҳри Душанбе ҳаво абрноки тағйирёбанда шуда, шабона +9+11 ва рӯзона +28+30 дараҷа гарм мешавад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *