толеънома

Толеъномаи 4-уми июли соли 2023

Ҳамал (21 март-20 апрел)

Рӯзи хубест барои кору истироҳат, ягон монеа сари роҳатон падид намеояд, душвориҳо аз каноратон гузашта мераванд. Эҳтимол дар ҳаётатон воқеаи хотирмон рух медиҳад. Бо нафаре шинос шуда, сахт ошиқ мешавед. Барои табобати бемориҳо рӯзи созгор аст.

Савр (21 апрел-22 май)

Рӯзи душвор аст, аз васвасаву доми фиреб гурехтан душвор мегардад. Эҳтимоли ба садама афтодану аз даст додани маблағи калон вуҷуд дорад. Монеаҳои ҷиддӣ садди роҳи пешравиҳоятон мегарданд. Ҳодисае рух медиҳад, ки ба кору ҳолати саломатиятон таъсири ҷиддӣ мерасонад. Дар хоб дидани саг ё гурба нишонаи хуб аст.

Ҷавзо (23 май-21 июн)

Рӯзи мушкил аст. Бори дигар қисмат шуморо имтиҳон мекунад. Саломатиро эҳтиёт кунед, эҳтимоли рух додани садама, хурӯҷи дил ё ҷароҳат бардоштанатон вуҷуд дорад. Муносибати ошиқона бо сабаби ғурури дутарафа чандон хуб ҷараён намегирад. Барои аз муноқишаи тулонӣ раҳоӣ ёфтан зиракиро пеша намоед.

Саратон (22 июн-22 июл)

Бо сабаби пеш омадани монеаҳои вазнин корҳоятон ба таъхир мемонанд. Дар ин рӯз аз раҳмдиливу мулоимиятон ягон нишона намонда, якраву асабӣ мегардед. Аз ин рӯ, кунҷи танҳоӣ ихтиёр карданатон беҳтар аст. Мулоқоти ошиқонаро ба рӯзи дигар гузоред.

Асад (23 июл-23 август)

Нақшаи корҳо ва қувваи худро тавре тарҳрезӣ намоед, ки аз нобарориҳо эмин монед. Барои сафару саёҳатҳо рӯзи бебарор аст. Барои асадҳои ҳуқуқшинос ва табибон рӯзи бебарор аст. Мардҳо бояд ба саломатии худ диққати бештар диҳанд, дар ин рӯз нерӯятон кам мешавад.

Сумбула (24 август-23 сентябр)

Воқеаҳои имрӯз шуморо саргаранг месозанд. Кумаки шумо ба ҳама лозим мешавад. Наздикон аз дуриятон шиква мекунанд. Худро хаставу абгор эҳсос мекунед. Агар фикрҳои худро ба ягон чизи дигар равона сохтан хоҳед, ба мусиқиву адабиёт рӯ оваред. Баъзеҳо ҷойи зисти худро иваз мекунанд.

Мизон (24 сентябр-23 октябр)

Рӯзи душвор аст. Вохӯриҳо бебарор мешаванд ва орзуҳо амалӣ намегарданд. Ҳодисаҳои манфии рӯзро ба дил наздик қабул накунед. Эҳтимоли каме руҳафтода шуданатон дар назар аст, вале айни замон ба дунёи худ фурӯ рафтанро маслиҳат намедиҳем, аз худро дарун ба дарун хӯрдани шумо суде нест.

Ақраб (24 октябр-22 ноябр)

Рӯзи пурмашаққати муқаррарӣ аст. Аз якравию асабониятатон осоре намонда, ҷойи онро меҳрубониву нармдилӣ мегирад. Ҷонфидоӣ нисбати наздиконатон ҳайрати атрофиёнро меорад. Дар ҷодаи муҳаббат ҳам садоқат мехоҳеду ҳам гуногунрангӣ. Шахси дӯстдоштаатон бо муҳаббат посух гуфта, саратонро ба осмон мерасонад.

Қавс (23 ноябр-21 декабр)

Рӯзи душвор аст. Бори дигар ба имтиҳони қисмат дучор мегардед. Кам шудани нерӯи ҳаётӣ ба қобилияти кориятон таъсир расонида, асабонӣ мегардед. Танқиди атрофиён вазъиятро душвор мегардонад. Робита бо намояндагони ҷинси муқобил хуб ҷараён намегирад. Аксари қавсҳо аз қарзҳояшон халос мешаванд.

Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)

Имрӯз майл ба сафари роҳи дур мекунед. Имкони пайдо намудани сарчашмаҳои нави даромад пайдо мешавад. Кору фаъолияте, ки қувваи зиёди ҷисмониро талаб мекунад, ба саломатиятон беасар намемонад. Ба саросемагиву шитоб роҳ надиҳед, вагарна сахт пушаймон мешавед.

Далв (21 январ-20 феврал)

Рӯзи фиребу иғвогарӣ аст. Аз робита бо нафароне, ки хуб намешиносед, худдорӣ намоед. Муҳити носолим ба руҳу равонатон беасар намемонад. Таваккал накунед, нақшаҳои амалиношуданиро накашед. Бо мурури замон наздикон ба қадри заҳматҳоятон мерасанд.

Ҳут (21 феврал-20 март)

Дар ин рӯз ташвишатон зиёд мегардад. Робита бо наздикон, шиносу ҳамсояҳо низ чандон хуб ҷараён намегирад. Нафароне, ки дар вазифаҳои давлатӣ кору фаъолият мекунанд, бояд тамоми тағйироти сарзадаро ба эътибор гиранд. Саломатии худро эҳтиёт кунед.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *