Толеъномаи 5 июл 2017

Ҳамал ( 21 март-20 апрел)

Дар ин рӯз диққати худро ба амалҳое равона созед, ки пешравии коратон аз он вобастагӣ дорад. амалиётҳои косметикӣ, табобат ва масъалаҳои молиявӣ хуб анҷом меёбанд. Зимни ҳисобу китоби пул бодиққат бошед. Аз кӯмаку дастгирии нафарони дилпур рӯ натобед. Хабар ё ҳодисае ба корҳоятон таъсири хуб мерасонад.

Савр ( 21 апрел – 22 май)

Дар ин руз кори табъи дил пайдо намуда, бештар истироҳат намоед. Аз серкорӣ корҳои оилавӣ ва тарбияи фарзандонро фаромӯш насозед. Бегоҳирӯзӣ ба меҳмонӣ рафтан хуб аст. вохӯрии аҷибу хотирмон эҳтимол дорад.ба садои қалб гӯш андозед. Бо сабаби мушкилоти молиявӣ бо дӯстонатон нофаҳмӣ имкон дорад.

Ҷавзо ( 23 май-21 июн)

Дар ин рӯз ҷаззобиятатон чунон зиёд мегардад, ки ҳатто рақибонро ба худ ҷалб месозед. Ба маъракаву ҷашнҳои оилавӣ даъватӣ мегардед. Барои барпо намудани тӯйи арӯсӣ ё бастани ақди никоҳ рӯзи беҳтарин аст. аз саломатиятон ташвиш накашед, вале аз машрубот ва хӯроки равғанин худдорӣ намоед.

Саратон (22 июн- 22 июл)

Дар ин рӯз ба роҳи макру фиреб қадам нагузоред, вагарна ба ҷои бурд бохт мекунед. Барои раҳоӣ ёфтан аз муноқишаҳо бо атрофиён меҳрубон бошед. Мушкилоти молиявӣ боиси сард гаштани муносибат бо дӯстонатон мегардад. дар рафтору гуфтор боэҳтиёт бошед. Мушкилоти молиявиро бо осонӣ рафъ карда наметавонед.

Асад ( 23 июл – 23 август)

Рӯзи душвор аст. мушкилиҳои гуногун ба кӯшишу ғайрат ва корчаллон будан водоратон месозанд. Ба ҷои истироҳат тамоми рӯз заҳмат кашида, лаҳзаи фориғ пайдо карда наметавонед. Бегоҳирӯзӣ имкони хуби бо дӯстон ва аҳли оила нишастанро пайдо мекунед. Аз маслиҳату тавсияҳои нафароне, ки дар масъалаҳои молиявӣ таҷрибаи бой доранд, сарфи назар накунед.

Сунбула ( 24 август- 23 сентябр)

Рӯзи бобарор аст. агар дар рухсатӣ бошед, ҳатман табъи дил истироҳат кунед. хариди калон карданро тавсия намедиҳем. дӯстони дерин ё наздикон маслиҳати хуб медиҳанд. Ҳодиса ё хабаре ба корҳоятон таъсири мусбӣ мерсаонад. Мулоқоти ошиқона табъатонро болида мегардонад.

Мизон ( 24 сентябр- 23 октябр)

Дар ин рӯз ба гапи ғайбатчиёну ҳасудхурон бовар накунед. Ҳар гаперо, ки дар бораи шахси дӯстдоштаатон мешунавед, бовар накунед.

Ақраб ( 24 октябр- 22 ноябр)

Вохӯрии тақдирсоз шуморо ба ҳайрат меорад. Ҳар қадаре бо атрофиён муносибати худро хуб гардонед, ҳамон андоза шарикони нави тиҷоратӣ пайдо мекунед. Ғуруру такаббур боиси сард гаштани муносибат бо атрофиёнатон мегардад. баъди нисфирӯзӣ каме нотоб гаштанатон эҳтимол дорад.

Қавс ( 23 ноябр- 21 декабр)

Дар ин рӯз аз қаҳру ғазаб худдорӣ намоед, вагарна зери таъсири чунин нафарон мемонед. Ба саломатии худ бодиққат бошед, эҳтимоли рух додани садама, хурӯҷи дил ва ҷароҳат бардоштанатон вуҷуд дорад. робита бо шарикони нави корӣ бебарор анҷом меёбад, вале дӯстони дерин ё наздикон маслиҳати судманд медиҳанд.

Ҷаддӣ ( 22 декабр- 20 январ)

Воқеа ё хабаре имкон дорад, ки ба корҳоятон таъсири хуб мерасонад. Нақшаҳои нав даромади хуби пулӣ меоранд. Муносибатҳоятон бо ҳамсафари ҳаётӣ чандон хуб ҷараён намегирад. Сабаб дар рашк ё зихнагӣ буда метавонад. Дурандешона амал намуда, ин мушкилиро рафъ карда метавонед. Барои харидани либос, ороишот ва мебели нав рӯзи бобарор аст.

Далв ( 21 январ- 20 феврал)

Дар ин рӯз ягон чиз садди роҳи пешравиҳоятон намегардад. Далвҳое, ки ба наздикӣ ҷойи кор ёфтаанд, комёб мегарданд. Дар муҳити орому осуда фикру андешаҳои худро ба тартиб оварда, аз вазъиятҳои душвортарин баромада метавонед. Баъди нисфирӯзӣ бо аҳли оила ва дӯстону фарзандон истироҳат карданро тавсия медиҳем.

Ҳут ( 21 феврал- 20 март)

Дар ин рӯз дар рафтору гуфтор озодона амал куне два ба мақсад мерасед. Барои беҳдошти ҳолати ҷисмонӣ ва солимии руҳу ҷон истироҳати бештарро тавсия медиҳем. Агар тамоми рӯзро дар паси компютер мегузаронида бошед, аз хастагӣ раҳоӣ намеёбед. Дар рафтору гуфтор боэҳтиёт бошед, эҳтимоли дар сари рашк муноқиша карданатон вуҷуд дорад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *