Толеъномаи 5 июл 2018

Ҳамал ( 21 март-20 апрел)

Чуноне мегӯянд барои расидан ба мақсад ҳама роҳҳо хубанд, аммо  шумо маҷбур намешавед, ки аз роҳҳои нодуруст ва ғайриқонунӣ истифода кунед. Нимаи аввали рӯз имконияти истифода бурдан аз ёрдаму дастгирии шиносҳои деринаро ба даст меоваред. Барои нишон додани қобилиятҳои хеш нимаи дувуми рӯз мувофиқ аст. Аз фурсат истифода намоед ва обрӯи хешро зиёд гардонед. Дар ҳаёти шахсиатон эҳтимоли шиносоиҳои нав ва мулоқотҳои пинҳонӣ вуҷуд дорад.

Савр ( 21 апрел – 22 май)

Давоми рӯз дар корҳои вобаста ба маблағ комёбӣ ҳамроҳи шумост. Имконияти имзо намудани шартномаҳои нави ҳамкорие, ки дар наздиктарин муддат ба шумо манфиати калон мебиёрад вуҷуд дорад. Нимаи дувуми рӯз дар дилатон каме ҳарос ва нобоварӣ ба худ пайдо шуда, пешравии коратонро халалдор мекунад. Шубҳаро аз дил берун намуда роҳи пешгирифтаатонро давом диҳед муввафақ хоҳед гашт. Дар ҳаёти шахсиатон ягон навгоние рух намедиҳад.

Ҷавзо ( 23 май-21 июн)

Рӯз барои оғози корҳои шарикӣ ва бастани қарордоҳои нави корӣ мувофиқ аст. Чун қобилиияти дилёбӣ ва ширинсуханиатон барои кори колективона мувофиқ аст. Мушкилоти оилавӣ ва кории хешро ба таври беҳтарин ҳал хоҳед кард. Ҳарчанд дар ишқу ошиқӣ низ ситораҳо ба шумо барорро пешгӯӣ кардаанд, боз ҳам хатогиҳои пешина пеши роҳатонро мегиранд. Бояд ба гузаштаи худ аз дигар тараф назар кунед то хатогиятонро такрор накунед.

Саратон (22 июн- 22 июл)

Аз ташвишҳои зиёде, ки имрӯз  пеш меоянд, худро гум накунед. Кори зиёд ба дилатон зада, мехоҳед ҳамаашро зудтар ба сомон расонед. Аз наздиконатон кумак пурсед, нафаре ҳатман ба додатон мерасад.  Ошиқатон ба мулоқот даъват мекунаду хабари хушеро мерасонад. Аз имкон дур нест, ки ба наздикӣ пӯшидани ангуштарини арӯсӣ насиби шумо ҳам мешавад.

 Асад ( 23 июл – 23 август)

Вақте расидааст, ки ҷиҳози нодаркору либосҳои куҳнашударо партоеду манзили худро тоза кунед. Дар муносибат бо атрофиён дағалӣ накунед, фаромӯш насозед, ки захми шамшер мераваду захми сухан не. Охири рӯз дилатон худ ба худ сиёҳӣ оварда, руҳафтода мешавед. Озурда набошеду саломатиятонро эҳтиёт кунед. Ошиқатон бе ягон сабаб баҳонаҷӯйӣ карда, аз шумо рўй метобад. Худро ба даст гиреду аввалин шуда барои оштишавӣ нашитобед. Бигзор хатояшро дарк намуда, аз шумо узр пурсад.

Сунбула ( 24 август- 23 сентябр)

Аввали рӯз тамоми корҳои нотамомро ба сомон расонед, зеро нимаи дувуми  он  шуморо ба ҷамъомаде, ки бароятон зарур аст, даъват мекунанд. Дар ин маҳфил пайдо намудани дӯстони нав аз эҳтимол дур нест.Сире, ки тайи чанд вақт аз шумо пинҳон медоштанд, фош мегардад. Қисми дуюми ҳафта бемор шудани шахси наздикатон шуморо хавотир месозад. Воҳима набардошта, касалро аз ташхиси духтур гузаронед ва мувофиқи тавсияҳои табиб амал намоед.

Мизон ( 24 сентябр- 23 октябр)

Имрӯз худро хеле бемадору нотавон ҳис мекунед. Сабаб дар ҳавои гарми тобистон аст. Барои ба худ омадан бештар мева ва сабзавот истеъмол кунеду масуниятатонро бақувват кунед.Нимаи дуюми рӯз лоиҳае, ки кайҳо тарҳрезӣ шуда буд, дар амал татбиқ мегардад. Даромади калоне, ки кайҳо интизораш будеду барои ба даст оварданаш меҳнати зиёде сарф кардед, табъу завқатонро баланд мебардораду имкони харидани ашёи орзуҳоятон пайдо мешавад.

Ақраб ( 24 октябр- 22 ноябр)

Имрӯз шуморо шинохта намешавад, дилатон чизи дигар мехоҳаду забону рафторашон чизи дигар мегуяд. Барои ба худ омадан, аз шахси наздиктаринатон маслиҳат пурсед. Нимаи дуюми рӯз якбора чанд мушкилот пеш меояд. Бе маслиҳат ва ёрии дӯстон аз уҳдаи коре намебароед. Шом омадани меҳмонҳоро интизор бошеду бо хўрокҳои болаззат меҳмондорӣ кунед, зеро меҳмон атои Худост.

Қавс ( 23 ноябр- 21 декабр)

Имрӯз  ситораҳо ором буданро тавсия медиҳанд. Асабонияти зиёд сабаби бадгуию ранҷиши дигарон хоҳад шуд. Агар худро ба даст нагиред, ба решаи дарахти меҳру муҳаббататон теша хоҳед зад. Шуморо зарур меояд, ки сатҳи донишатонро такмил диҳед, зеро вазифаеро, ки лоиқи шумо донистаанд, масъулияти зиёдеро талаб мекунад.Охири рӯз хабари хушеро мешунавед, ки кайҳо интизораш будед.

Ҷаддӣ ( 22 декабр- 20 январ)

Агар имрӯз оромиро риоя кунеду ба ҳар кори майда чуйда аҳамият надиҳед, худро аз нохушиҳо эмин доштаметавонед.Маблағеро, ки қарз дода будед, ҳамин рӯзбармегардонанд. Нақшаву идеяҳоятонро маҳфуз нигоҳ доред, вагарна рашки душманон балоеро ба саратон меорад. Нимаи дуюми рӯз шиносоии аҷибе дар назар аст. Ҳангоми кор бо асбобҳои техникӣ кӯдаконро беназорат нагузоред.

Далв ( 21 январ- 20 феврал)

Аз бевафоии ёр руҳафтода нашавед, рӯзҳои наздик ҷуфти ҳақиқии худро ҳатман пайдо мекунед.Нимаи дуюми ҳафта вазъи саломатиятон каме ноҷур мешавад, беморие, ки кайҳо нороҳататон намекард, якбора хурўҷ мекунад. Аз ин рӯ, кор гуфта, худро қурбон накунеду зуд ба табобат машғул шавед. Ғами дигаронро хӯрданатон хуб аст, вале баъзан худро ҳам фаромӯш насозед. Даромади пулӣ охири рӯз табъатонро болида мегардонад.

Ҳут ( 21 феврал- 20 март)

Имрӯз шанси аҷибе пайдо мешавад, агар ақлатонро кор фармоед, ба қуллаҳои баланди муваффақият мерасед. Ба сафари корӣ баромаданатон дар назар аст. Ҳангоми бастани шартнома эҳтиёткор бошеду ба ҳар ҳуҷҷати нахонда имзо нагузоред, вагарна балоеро ба саратон меореду касе ба додатон намерасад. Дар коргоҳ шахсеро, ки дӯст мешуморидед, бо мақсади ишғол намудани вазифаатон шуморо назди роҳбарият шармсор кардан мехоҳад, вале тираш хок мехӯрад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *