Бо ғолиби озмуни “Селфии беҳтарин” шинос шавед!

Имрӯз дар идораи сомонаи «Тajikistantimes.com» озмуни «Селфии беҳтарин» ҷамбаст карда шуд.

Аз байни 45 иштирокчӣ ғолибият насиби Мустафои Раҷабзод, зода ва истиқоматкунандаи ноҳияи Панҷ гардид, ки бо гирифтани 1214 «лайк» -ҳамаро  қоил кард.

Тавре худи Мустафо мегӯяд вай ба ғолибияти хеш боварӣ надошт, аммо озмун шафоф гузашта, барояш комёбӣ овард.

“Ман дар риштаи рӯзноманигории  Донишгоҳи санъати ба номи Мирзо Турсунзода таҳсил мекунам ва силсиламақолаҳоям тариқи матбуот ва сомонаҳои иҷтимоӣ пешниҳоди хонандагон мегардад. Сабаби бурди ғолибияти хешро дар ана ҳамин корам мебинам. Мардум туфайли нигоштаҳоям маро мешиносанд, аз ин рӯ ба ҷонибдориям овоз доданд”-мегӯяд Мустафои Раҷабзод.

Роҳбари Холдинги «Оила» Шарифи Ҳамдампур ғолиби озмунро табрику таҳният гуфта, барояш комёбиҳо нав ба нав орзу кард. Сарпарасти озмуни «Селфии беҳтарин» ширкати «Faberlik»хотири  ғолиби озмунро бо тӯҳфаи зебои хеш болида гардонд.

Ногуфта намонад, ки озмуни «Селфии беҳтарин» дар сомонаи «Тajikistantimes.com» аз саннаи 15-май то саннаи 5 -июл идома ёфта ,  дар ин озмун 45 нафар ҷавонон аз минтақаҳои гуногуни кишвар ширкат варзиданд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *