толенома

Толеъномаи 5-уми ноябри соли 2023

Ҳамал ( 21 март-20 апрел)

ҳамал

Нафарони бекор бояд вақташонро ба кор ҷустан сарф намоянд. Агар ҳамин хел поятонро болои по монда нишастан гиред, ҳолатон табоҳ мешавад.  Нимаи дуюми рӯз ҳамалҳои ошиқро нокомӣ интизор аст, зеро як гапи ночиз ба ҷудоӣ оварда мерасонад. Агар ғуруратонро як тараф гузошта, барои барқарор намудани муносибатҳоятон кӯшиш кунед, шояд ёратон аз гуноҳи шумо гузарад, дар акси ҳол танҳо мемонед.

Савр ( 21 апрел – 22 май)

савр

Дар ин рӯз эҳтиёт шавед, душманонатон дар сари роҳатон чоҳ канда, мехоҳанд шуморо ба он тела диҳанд. Ба рафтору кирдори атрофиён аҳамият диҳед ва ягон ҳуҷҷатро нахонда, имзо накунед. Дар масъалаҳои оилавӣ низ ситораҳо эҳтиёткориро ба зодагони бурҷи савр тавсия додаанд. Сирру асроратонро ба ҳар кас нагӯед, вагарна хонаатонро бо дасти худ оташ мезанед.

Ҷавзо ( 23 май-21 июн)

ҷавзо

Нафароне, ки бо тиҷорат ва дигар корҳои бо савдо алоқаманд сару кор доранд, метавонанд бо дили пур аз пайи кор шаванд. Имрӯз барор ҳамсафари шумост. Барои барқарор намудани муносибатҳои вайроншудаи оилавӣ фурсати қулай фаро мерасад. Бо зан ё шавҳаратон қаҳрӣ бошед, оштӣ мешавед. Вақти он расидааст, ки баҳри хурсанд намудани ҳамсаратон камари ҳиммат баста, ба зиндагиатон рангу бӯйи тоза бубахшед.

Саратон (22 июн- 22 июл)

саратон

Баъзе зодагони мучали саратон дучори каме мушкилиҳои пулӣ мешаванд. Ҷомаи бо маслиҳат кӯтоҳ намеояд гуфтани халқ беҳуда нест, бо кӯмаки дӯстон шумо метавонед мушкили худро осон намоед. Нимаи дуюми рӯз рашки бемавриди ҳамсар ё ошиқатон ва ҷангу ҷанљоли беохираш ба дилатон зада,  фикри ҷудо шудан ба саратон меояд. Саросемагӣ накунед, ки оқибат пушаймон мешавед.

Асад ( 23 июл – 23 август)

асад

Фишори хунатон баланд шуда, ба саломатиятон зарар расиданаш мумкин аст. Бинобар ин, ҳар гапу ҳар ҳодисаро ба дил наздик қабул накунед. Фаромӯш накунед, ки саломати ганҷи ноёб аст. Зиндагӣ бе мушкилӣ намешавад, худро ба даст гирифта, аз пайи иҷрои вазифаҳои бар дӯш доштаатон шавед.

Сунбула ( 24 август- 23 сентябр)

сумбула

Имрӯз ҳама мушкилиҳоро ба уҳдаи худ гирифта, бори бе ин ҳам гарони дӯшатонро боз ҳам гаронтар насозед. Беҳуда сарф кардани пулро тавсия намедиҳем, зеро баъдтар барои ҳалли як мушкилӣ ба шумо маблағи калон лозим шуда метавонад. Кӯшиш намоед, ки таваҷҷуҳи атрофиёнро ба худ ҷалб созед, танҳо бо ҳамин роҳ шумо метавонед бахтатонро ёбед.

Мизон ( 24 сентябр- 23 октябр)

мизон

Ба ҳар коре, ки даст занед, барор мегирад, гӯё кадом қувваи ноаёни сеҳрнок ёру ёваратон бошад. Танҳо дар ҷодаи меҳру муҳаббат ва ҳаёти оилавӣ бо баъзе нофаҳмӣ ва моҷароҳои хурд рӯ ба рӯ мешавед, вале бо ақлу заковати хеш ба зудӣ онҳоро бартараф менамоед. Нимаи дуюми рӯз дӯсти наздикатон як сирри махфиро, ки чанде пеш шумо ба ӯ бовар карда будед, ба ҳама ифшо месозад. Озурда нашавед, ҷангу ҷанҷол накунед, ин ба шумо дарси ибрат мешавад ва минбаъд дӯстро аз душман фарқ мекардагӣ мешавед.

Ақраб ( 24 октябр- 22 ноябр)

ақраб

Имрӯз аз шахсоне, ки ба коратон халал мерасонад, худро дур гиред, зеро як хатогии шумо забони душманонатонро дароз мекунад. Даромади пулӣ нимаи дуюми рӯз насиби нафароне мегардад, ки бо кори савдо сару кор доранд. Баргардонидани қарзҳоятонро фаромӯш накунед. Охири рӯз ақрабҳои ошиқ бо нокомӣ рӯ ба рӯ мешаванд. Ошиқатон ба шумо хиёнат карда, ба дилатон ханҷар мезанад.

Қавс ( 23 ноябр- 21 декабр)

қавс

Имрӯз ҳисси танбалӣ намегузорад, ки ба ягон кор даст занед. Мехоҳед рӯз то бегоҳ дар болои диван дароз кашида, телевизор тамошо кунед, вале бекорхӯҷагиро ба шумо тавсия намедиҳем. Кӯшиш намоед, ки нимаи якуми рӯз ба сайру тамошо баромада, асабҳоятонро ором созед. Дар ин рӯз хариди калон кардан ба манфиати шумо нест.

Ҷаддӣ ( 22 декабр- 20 январ)

ҷаддӣ

Имрӯз барои ҷаддиҳо бисёр бобарор мешавад. Агар поятонро болои по монда, рӯзи дароз дар назди экран нашинед, шумо ба муваффақиятҳои бузург ноил мегардед. Комёбиҳои назарраси шумо метавонад боиси рашку ҳасади атрофиёнатон гардад, бинобар ин, эҳтиёт бошед. Ошиқатон аз серкории шумо хаста шудааст ё дар сар ҳавои ёри дигар дорад, беаҳамиятӣ накунед, вагарна танҳо мемонед.

Далв ( 21 январ- 20 феврал)

далв

Ин рӯз як қадами ноустуворе, ки бо дили нохоҳам мемонед, метавонад ба шумо зарари калон расонад. Оғоз намудани тиҷорати навро ба шумо маслиҳат намедиҳем. Беҳтараш муносибатҳоятонро бо шарикони куҳна мустаҳкамтар намуда, аз пайи ривоҷу равнақ додани коратон шавед. Ҳафта барои далвҳои ошиқ бобарор ва тақдирсоз аст.

Ҳут ( 21 феврал- 20 март)

ҳут

Ин рӯз нафарони оиладор бо нофаҳмӣ ва моҷароҳои оилавӣ дучор шуда, хеле асабонӣ мегарданд. Дар ҳама  ҳолат худро ба даст бигиред, қаҳру ғазаб бар зарари худи шумост. Кисаатон имрӯз бо пул пур намешавад, вале холӣ ҳам намемонад. Нимаи дуюми рӯз фикри иваз намудани манзили зист ба саратон меояд, саросема нашавед, хона ва зангирӣ масъалаҳое ҳастанд, ки одам бояд сад бор андеша карда, баъд хулоса барорад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *