толенома

Толеъномаи 5-уми сентябри соли 2023

Ҳамал (21 март-20 апрел)

ҳамал

Рӯзи ором аст, вале фориғболӣ кардану ба ҷойи кор дер рафтанатон боиси қаҳру ғазаби роҳбарият мегардад. Нафароне, ки ба машрубот дил бастаанд, дучори мушкилиҳои зиёд мегарданд. Аз касе дастгириву кумакро интизор нашавед. Мушкилиҳои ба саратон омадаро мустақилона рафъ карданатон лозим меояд. Вақти бештари худро ба наздикон ва шахси дӯстдоштаатон бахшида, табъатон болида мегардад.

Савр (21 апрел22 май)

савр

Дар ин рӯз сари қарори муҳиме омадану бо касе муноқиша карданро маслиҳат намедиҳем. Бо корҳои оилавӣ машғул шуда, нақшаи корҳои минбаъдаро тартиб диҳед. Дар ҳама кор бодиққат бошед, зеро хатари ба ғалат роҳ додану баъдан ҳама корро аз нав оғоз карданатон лозим меояд. Нимаи дуюми рӯз бо ҳар нафари ношинос дарди дил накунед. Саломатиятон баногаҳ нохуб гашта, бемориҳои куҳнаатон аз нав хурӯҷ мекунанд.

Ҷавзо (23 май-21 июн)

ҷавзо

Нимаи аввали рӯз аз сафару саёҳат дар дохили шаҳр худдорӣ намоед. Рӯзи хубест барои мулоқоти ошиқона ва вохӯрӣ бо дӯстон. Вақтҳои охир мушкилоти оилавӣ шуморо сахт ба изтироб оварда буд, вақте расидааст, ки аз пайи дигар корҳоятон шавед. Дар сафар пул кор карда метавонед. Ҳамсар ё шахси дӯстдоштаатон аз шумо кумаки молиявӣ мепурсад.

Саратон (22 июн-22 июл)

саратон

Дар ин рӯз мулоқоти ошиқонаро ба нақша нагиред. Вазъият дар лаҳзаи охир тағйир ёфта, дар ҳолати ногувор мемонед. Азбаски табиатан ба ақидаи дигарон гӯш дода, амал мекунед, вақте расидааст, ки мустақил бошед. Дар ин рӯзҳо пулҳоятон тамом мешаванду нафаре аз дӯстону шиносҳо дар рафъи мушкилиҳо кумак расонида наметавонад. Эҳтимоли шикастани асбобҳои техникӣ вуҷуд дорад.

Сумбула (24 август-23 сентябр)

сумбула

Ҳамкорон дар рӯятон механданду дар пуштатон ғайбат мекунанд. Ғайбатчиёнро бо насиҳату сухани хуш ба муросо даъват намоед. Айни замон ба муноқиша роҳ доданатон лозим нест. Кору ташвиши зиёд шуморо хаста мегардонад. Бештар истироҳат намоед, нимаи дуюми рӯз барои пешгирӣ намудани бемориҳо ва гирифтани маҳси бадан созгор аст. Вазъи молиявиатон рӯ ба беҳбудӣ меорад. Робита бо дӯстон табъатонро болида мегардонад.

Асад (23 июл23 август)

асад

Аввали рӯз хастагии руҳӣ шуморо мисоли лимӯи ҷабида бемадор месозад. Хеле муҳим аст, ки тарзи ҳаёти солимро риоя намуда, аз ғизои равғанин ва тунду шӯр худдорӣ намоед. Вақте расидааст, ки бо истеъмоли витамину меваҳо нерӯи худро барқарор созед. Аз ҳад зиёд бо мушкилоти шахсии худ машғул шуда, боиси ранҷиши наздикон мегардед. Эҳтимол риштаи дӯстиятон бо нафаре аз дӯстон канда мегардад.

Мизон (24 сентябр-23 октябр)

мизон

Аввали рӯз хуб мебуд, ки пурра бо кор машғул шавед. Барои нафароне, ки бо тиҷорати шахсии худ машғул шудан мехоҳанд, рӯзи мусоид фаро мерасад. Ба баҳсу мунозираҳои пурмоҷаро роҳ надиҳед. Агар бо атрофиён муносибати хубро ба роҳ монед, ягон мушкилӣ пеш намеояд. Дар акси ҳол маблағи зиёди худро аз даст медиҳед. Дар ин рӯз аз рӯи виҷдон амал намуда, ба роҳи макру фиреб наравед.

Ақраб (24 октябр-22 ноябр)

ақраб

Дар ин рӯз дар миёни ҳамкорон нақши миёнаравро бозида, чанд нафарро ба мусолиҳа меоред. Муҳимаш ба касе панду насиҳат нахонед, вагарна ҳарфи гуфтаатонро бар зидди худатон истифода мебаранд. Одати ба кори дигарон бинӣ халониданро партоед, вагарна ба ҳолатҳои пурмоҷаро афтода, худатон зарар мебинед. Аксари намояндагони дар ин мучал тавлидёфта гирифтори руҳафтодагӣ гашта, касеро дидану шунидан намехоҳанд.

Қавс (23 ноябр-21 декабр)

қавс

Нимаи аввали рӯз аз сафарҳо худдорӣ намоед. Эҳтимоли ба садама гирифтор шуданатон зиёд аст. Барои вохӯриву мулоқоти ошиқона рӯзи мусоид фаро мерасад. Нимаи дувуми рӯз нафаре сабаби фишори руҳиятон мегардад. Эҳтимоли ба даст омадани даромади пулӣ вуҷуд дорад, вале агар онро сарфакорона истифода набаред, зуд кисаҳоятон холӣ мегардад. Нимаи дуюми рӯз ташвишҳои худро фаромӯш карда, нағзакак истироҳат намоед. Нафароне, ки аз бемории меъда азият мекашанд, бояд парҳезро риоя намуда, аз хӯрокҳои сахту равғанин худдорӣ намоянд.

Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)

ҷаддӣ

Дар ин рӯз ягон корро аз пеши худ анҷом надиҳед. Ба ҳар коре, ки даст задан мехоҳед, аввал бо одамони таҷрибадор маслиҳат кунед ё назари дӯстонатонро пурсон шавед, то пул дода, барои худ дарди сар нахаред. Дар ҳаёти шахсӣ навигариҳои хуш шуморо интизоранд. Шиносоии тасодуфие, ки нимаи дуюми рӯз ба вуқуъ меояд, метавонад дари бахту саодатро ба рӯятон боз намояд. Даромади пулӣ ин рӯз дар назар нест. Аз бепулӣ азият кашед ҳам, қарз нагиред.

Далв (21 январ-20 феврал)

далв

Далвҳои мансабдор ва тоҷир бояд аз аввали рӯз ба таҷлил ва санҷиши ҳуҷҷатҳо машғул шуда, камбудиҳои ҷойдоштаро ислоҳ намоянд, зеро санҷиши ҷиддие онҳоро интизор аст. Душманонатон мехоҳанд шуморо шармандаву рӯсиёҳ гардонанд, вале зиракию заковати зотиатонро ба кор бурда, шумо метавонед аз чоҳи кандаи онҳо бе ягон хатар бигзаред. Муҳимаш асабӣ нашавед. Далвҳои оиладор бояд нисбати саломатии ҳамсару фарзандонашон бепарво набошанд.

Ҳут (21 феврал-20 март)

ҳут

Ҳутҳо бояд ин рӯз болидаруҳ бошанд ва тамоми мушкилию ноҷуриҳоро сабурона паси сар намоянд. Ба муноқишаю ҷанҷолҳои дигарон қӯш нашавед, то барои худатон дарди сари зиёдатӣ нахаред. Нимаи дуюми рӯз ба мизонҳое, ки дар сари курсии мансаб нишастаанд, чанд шартномаи кориро пешниҳод менамоянд, дар имзо гузоштани ҳуҷҷатҳо набояд ба саросемагӣ роҳ дод. Ҳутҳое, ки фикри хона ё мошин хариданро доранд, имрӯз метавонанд орзуяшонро амалӣ созанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *