Толеъномаи 6 феврал

Ҳамал ( 21 март-20 апрел)

Аз ҷониби дӯстон дастгириву кӯмак мебинед, вале дар ҳаёти оилавӣ ҷангу муноқиша имкон дорад. Агар нахоҳед, ки муноқиша тӯл кашад, аввалин шуда барои оштишавӣ кӯшиш кунед. Одамгурезӣ накунед, он гоҳ худро танҳо ҳис намекунед.

Савр ( 21 апрел – 22 май)

Барои нафароне, ки мустақилона амал карданро дӯст медоранд, рӯзи хуб аст. Ҳатман аз пайи пайдо намудани даромади иловагӣ шаведу мушкилиҳои оилавиро ҳал кунед. Баъди нисфирӯзӣ босаранҷому ботаҳаммул бошед, вагарна асабатон хароб мегардад.

Ҷавзо ( 23 май-21 июн)

Субҳи худро бо ҷангу муноқиша оғоз накунед, дар акси ҳол тамоми рӯз худро хаставу руҳафтода ҳис мекунед. Баъзе ҷавзоҳо аз зиёд шудани маош шод мегарданд. Мушкили оилавӣ боиси сарфи пули зиёд мегардад. Имкони аз атрофи худ дур кардани душманонро пайдо мекунед.

Саратон (22 июн- 22 июл)

Агар субҳ бо табъи гирифта аз хоб бедор шавед, тамоми рӯзро бо андуҳ мегузаронед. Дилатонро хурсанд гирифта, бо нафарони зиндадил робита намоед, он гоҳ корҳоятон пеш мераванд. Дар ин рӯз саломатӣ ва асабатонро эҳтиёт кунеду пулро сарфа намоед. Қувваи худро ба гапу кори беҳуда сарф накунед.

Асад ( 23 июл – 23 август)

Қаҳру ғазаби худро идора карда натавонистанатон боиси муноқиша бо атрофиён ва бад шудани вазъи саломатиятон мегардад. Дар ин рӯз аз робита бо нафароне, ки дар мучали ҷаддӣ ва далв таваллуд ёфтаанд, худдорӣ намоед. Пулро зиёд сарф накунед, вагарна бе пул мемонед.

Сунбула ( 24 август- 23 сентябр)

Рӯзи душвору пур аз монеа аст. Бо дӯстону наздикон мушкилиҳои ҷиддӣ имкон доранд. Аз муносибатҳои ошиқона худдорӣ намоед, фиреб хурданатон имкон дорад. Мушкилиҳои оилавӣ боиси сарфи пули зиёд мегардад. Дар ҳузури ҳамкорон нисбати сардоратон бадгӯйӣ накунед.

Мизон ( 24 сентябр- 23 октябр)

Аввали рӯз ба асабоният роҳ надиҳед, вагарна нофаҳмиҳои зиёд рух медиҳад. Барои рафъи мушкилиҳои оилавӣ нисбати наздиконатон бодиққат бошед. Ба ҷойҳои серодаму маъракаҳо рафтанро тавсия намедиҳем. Беҳтараш бо аҳли оила нишаста, ғами саломатии худро хӯред.

Ақраб ( 24 октябр- 22 ноябр)

Дар ин рӯз дар ҷойи кор ва дар хона пуштибону сарвар буданатон лозим аст, вагарна дар лаҳзаҳои душвор касе дастатонро намегирад. Бемориҳои куҳнаатон аз нав хурӯҷ мекунанд. Дар масъалаҳои пулӣ ба касе бовар накунед.

Қавс ( 23 ноябр- 21 декабр)

Рӯзи бехатар нест, ба ҳолати ҷисмониву руҳиятон хатар таҳдид мекунад. Аз фориғболии шарикони корӣ ба мушкилиҳои пулӣ гирифтор мегардед. Дар хоб дидани ороишоти занона аз хабари ногаҳонӣ дарак медиҳад. Бегоҳирӯзӣ имкони баланд шудани фишоратон вуҷуд дорад.

Ҷаддӣ ( 22 декабр- 20 январ)

Рӯзи душвору пур аз зиддият аст. Вохӯрӣ бо дӯстон сабабгори нофаҳмиву табъи нохушатон мегардад. Мушкиле, ки ба сару шумову дӯстдоштаатон омадааст, бояд ба зудӣ рафъ намоед. Пул ҳисобро дӯст медорад, инро фаромӯш насозд ва аз меъёр зиёд пул сарф накунед.

Далв ( 21 январ- 20 феврал)

Аз ғайбату туҳмати бадхоҳон ба нохушиҳо гирифтор мешавед. Танҳо бо нафарони бароятон наздик дарди дил кунед. Меҳру муҳаббати худро ба дӯстдоштаатон бо рафтору кирдор собит намоед. Саломатиятон хуб аст, вале ин маънои онро надорад, ки бепарво бошед.

Ҳут ( 21 феврал- 20 март)

Тамоми кӯшишу ғайрататон натиҷаи хуб медиҳанд. Кори саркардаро ба охир расонед. Баъди нисфирӯзӣ асабонияту кам шудани қувватататон имкон дорад. Дар масъалаҳои пулӣ ба ғалат роҳ надиҳед, вагарна роҳи корро гум мекунед.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *