толеънома

Толеъномаи 6-уми августи соли 2022

Ҳамал (21 март-20 апрел)

Эҳтимоли сар задани ҷангу ҷанҷолҳои оилавӣ вуҷуд дорад, бинобар ин, кӯшиш намоед, ки бо ягон ҳарфи ноҷо хотири пайвандонатонро наозоред. Дар ҷойи кор гапатон бо касе мегурезад. Эҳтиёт бошед, душманонатон дар сари роҳатон чоҳ кофтан мехоҳанд.

Савр (21 апрел-22 май)

Дар ин рӯз саврҳо танҳо истироҳат кардан мехоҳанд, на кори муҳим, на мушкилоти молиявӣ ва на душвориҳои оилавӣ садди роҳи истироҳати бофароғати шумо гашта наметавонад. Истироҳат албатта хуб аст, вале дар масъалаҳои ҳаётан муҳим бепарвоӣ зоҳир накунед, вагарна пушаймон мешавед.

Ҷавзо (23 май-21 июн)

Орзуи бузурге, ки кайҳо боз дар дили худ мепарваридед, ҷомаи амал мепӯшад. Заҳматҳоятон самараи хуб меоранд, агар дар ҷойи кор бо тамоми қувват кор карда, донишу малакаи худро нишон диҳед. Бо вуҷуди серкорӣ оилаатонро фаромӯш насозед.

Саратон (22 июн-22 июл)

Зимни ҳал кардани мушкилоти корӣ танҳо ба ақли солим такя намоед. Дар масъалаҳои пулӣ аз калонсолон ё аз шахсоне, ки сарашонро дар ҳисобу китоб сафед кардаанд, маслиҳат пурсед. Табъатон болида, корҳоятон бобарор, кисаҳоятон пури пул хоҳад гашт.

Асад (23 июл-23 август)

Дар ин рӯз тамоми фикру зикри асадҳо танҳо ба мушкилоти оилавӣ банд мешавад. Ҷангу ҷанҷолҳои баҳудаю беҳудаи ҳамсаратон ба дили аз алами бепулӣ ғамбори шумо намак пошида, хотиратонро озурда месозад. Касеро гунаҳкор накунед, беҳтараш ин давраи душвори зиндагиро оромона паси сар намоед.

Сунбула (24 август-23 сентябр)

Бурдборӣ шуморо дар ҳама ҷода пайгир мешавад, ҳам дар касбу кор ва ҳам дар ҳаёти шахсӣ. Барои он ки мурғи бахт аз бағалатон рамида нагурезад, ҳавобаландиву мағрурӣ накунед, тамоми туҳфаҳои тақдирро бо лабханд қабул намуда, бештар кори хайр кунед.

Мизон (24 сентябр-23 октябр)

То даме, ки дар хонаи шумо ҷангу ҷанҷол ҳукмфармо аст ва ҳамсаратон бераҳмона ба торҳои асабатон нохун мезанад, коратон пеш намеравад. Душвор бошад ҳам, тоқат кунед ва бо кадом роҳе, ки набошад, ёри ба ғазаб омадаатонро ором созед.

Ақраб (24 октябр-22 ноябр)

Дар ҷойи кор ва дар хона чизе боиси мушавваш гаштани шумо намегардад. Вохӯрии тасодуфӣ бо як одами воломақом дари имкониятҳои нави кориро ба рӯятон боз мекунад. Дар дили ақрабҳои муҷарраде, ки то ин дам аз оиладоршавӣ қимоб буданд, якбора хоҳиши ҳарчи зудтар оила бунёд кардан пайдо мешавад.

Қавс (23 ноябр-21 декабр)

Қавсҳоро дар ин рӯз вохӯриҳои аҷиб интизоранд. Ба корҳое, ки боиси рехтани обрӯву эътиборатон мегардад, даст назанед. Қавсҳои мошиндор ба кумаки устои мошин ниёз пайдо мекунанд. Нафароне, ки нияти ба хонаи нав кӯчиданро доранд, бо дили пур метавонанд манзилашонро иваз кардан гиранд.

Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)

Ҷаддиҳо бо мақсади хариди калон кардан аҳли оилаи худро ба сарфакорӣ маҷбур мекунанд. Дӯсти деринатон қарзи ким-кайҳо гирифтаашро ба шумо баргардонида, хотиратонро шод месозад. Овозаҳои дар атрофи номатон пайдошуда наметавонанд обрӯи шуморо резонанд, агар қадаматонро дониста гузоред.

Далв (21 январ-20 феврал)

Дар ин рӯз далвҳо ба оромиву нишот ниёз пайдо мекунанд. Ҳисси танбалиатон боло гирифта, мехоҳед рӯзи дароз дар болои чор қабат кӯрпача бароҳат хобед. Агар нисбати кор бепарвоӣ намоед, на варақаи корношоямии духтур шуморо наҷот дода метавонаду на узру маънӣ ва баҳонаҷӯйӣ, кафшҳоятонро пеши поятон монда, шуморо аз кор меронанд.

Ҳут (21 феврал-20 март)

Ҳутҳо нақшаи калонеро тарҳрезӣ карда, бо кумаки дӯстони содиқашон осону бе ягон мамоният ба мақсад мерасанд. Ташвишу воҳимаи шумо аз назари атрофиёнатон пинҳон намемонад, вале баъди ба муроди дил расидан обрӯву нуфузатон чандин карат зиёд мегардад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *