Толеъномаи 6-уми феврали соли 2022
Ҳамал (21 март-20 апрел)
Дар ин рӯз таъмири хона, харидани асбобҳои техникӣ ва либоси навро маслиҳат намедиҳем. Аз шамол хӯрдан эҳтиёт шавед, эҳтимоли бемор шуданатон зиёд аст. Аз робитаи нодаркор худдорӣ намуда, пул қарз нагиред ва бо дӯстон масъалаҳои молиявиро ҳаллу фасл накунед, вагарна ҳам дӯстиятон анҷом меёбаду ҳам пул кор карда наметавонед. Нафароне, ки бо дӯстдоштаашон қаҳрӣ буданд, оштӣ мешаванд.
Савр (21 апрел-22 май)
Аз робита бо нафароне, ки асабатонро хароб месозанд, дурӣ ҷӯед. Уҳдадориҳоятон зиёд гашта, қуввати зиёдатонро мегиранд ё маблағи пулиро аз даст медиҳед. Дар муносибатҳои ошиқона беҳбудӣ дида мешавад, вале хабари ногаҳонӣ боиси он мегардад, ки дӯстдоштаи худро фаромӯш мекунед. Даромади хуби пулӣ эҳтимол дорад.
Ҷавзо (23 май-21 июн)
Дар ин рӯз маслиҳат ва миёнаравии дӯстон, дастгирии нафарони воломақом айни муддао мегардад. Эҳтимол бо ишқи деринатон вомехӯред. Ба зихнагӣ роҳ надиҳед, вагарна даромади пулии ночиз ба даст меоред. Саломатии худро фаромӯш накунед, асабонияти пайваста ба саломатиятон зарар мерасонад. Як қисми уҳдадориҳои худро ба дӯши дигарон гузоред.
Саратон (22 июн-22 июл)
Дар ин рӯз уҳдадориҳои навро ба дӯш нагиред. Корҳои муҳим боиси он мегарданд, ки шахси дӯстдоштаро фаромӯш мекунед. Даромади пулӣ имкон дорад, вале табъатон худ ба худ тағйир ёфта, эҳтимоли бо шахси дӯстдошта муноқиша карданатон вуҷуд дорад. Бо нафарони ношинос суҳбат накунед, вагарна дучори мушкилиҳо мегардед.
Асад (23 июл-23 август)
Рӯзи душвор аст. Имкониятҳои худро ба назар гирифта амал кунед, аз робитаҳо худдорӣ намоед. Эҳтимоли сарфи беҳудаи пул вуҷуд дорад. Бо сабабҳои бароятон номаълум имкони ба даст овардани маблағи хубро аз даст медиҳед. Бегоҳирӯзӣ бо нафаре аз хешовандон ё аъзои оила муноқиша имкон дорад. Аз рӯи як гапи ночиз бо дӯстдоштаи худ муноқиша карданатон имкон дорад.
Сунбула (24 август-23 сентябр)
Дар ин рӯз бо фикру андешаҳои худ дар танҳоӣ ва оромӣ будан мехоҳед. Рӯзи хубест барои ба анҷом расонидани корҳои батаъхирмонда. Хобҳоятон амалӣ мешаванд, қобилияти пешгӯӣ кардани ҳодисаҳоро пайдо мекунед, аз ин рӯ, бо амри дил амал кунед. Саломатӣ ташвиш намедиҳад, вале эҳтиёткориро талаб мекунад. Барои изҳори муҳаббат рӯзи бобарор аст.
Мизон (24 сентябр-23 октябр)
Рӯзи мушкил аст. Ба маслиҳату миёнаравии дӯстон, дастгирии нафарони воломақом умед набандед, эҳтимоли фиреб хӯрданатон зиёд аст. Хоҳиши бароҳат сохтани манзили зист боиси сарфи пули зиёд мегардад. Аз ҳад зиёд дил бастан ба ширинӣ боиси фарбеҳ шуданатон мегардад. Меҳрубониву дилёбии шумо дӯстдоштаатонро пару бол мебахшад. Аз нафароне, ки гирифтори бемории зуком ҳастанд, дурӣ ҷӯед.
Ақраб (24 октябр-22 ноябр)
Дар ин рӯз аз натиҷаи кори якҳафтаинаи худ қаноатманд намегардед. Эҳтимол нақшаву ниятҳоятон оид ба истироҳат амалӣ намешаванд. Бо наздикони худ ошкоро бошед. Дар масъалаҳои пулӣ сарфакор шавед. Банду буғумҳои худро аз ҷароҳат бардоштан эҳтиёт кунед. Хусусан пойҳоятонро аз латхӯрӣ ҳифз намоед. Дар муносибатҳои ошиқона навигарӣ дида намешавад.
Қавс (23 ноябр-21 декабр)
Дар ин рӯз аз сафар кардану робита бо нафарони ношинос худдорӣ намоед. Фориғболӣ нисбати саломатӣ ё кори фишоровар боиси асабхаробӣ ё бемории дигар мегардад. Агар нияти бо нафари воломақом шинос шуданро дошта бошед, ин корро ҳамин рӯз ба анҷом расонед. Бемориҳои пайдошударо бо худтабобаткунӣ рафъ карда наметавонед.
Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)
Дар ин рӯз кору ташвиши хона қувваи зиёдатонро талаб мекунад. Босабру таҳаммул бошед, зеро мушкилиҳои молиявӣ сар мезананд. Меҳнатдӯстӣ ва иродаи мустаҳкаматон ҳодисаҳои манфии рӯзро кам месозанд. Хариде карданатон лозим меояд, ки тамоман дар нақша надоштед. Баъди нисфирӯзӣ каме нотоб мегардед, вале зуд ҳолатон хуб мегардад.
Далв (21 январ-20 феврал)
Рӯзи бобарор аст, мушкилиҳои молиявӣ бобарор анҷом меёбанд. Сафару саёҳатҳо бобарор мешаванд. Ба мушкилиҳои ночиз диққат додану хавотир шуданро маслиҳат намедиҳем. Либоси нав харидан ва ба назди табиби дандонпизишк рафтанатон хуб нест. Эҳтимоли бо зане муноқиша карданатон вуҷуд дорад.
Ҳут (21 феврал-20 март)
Дар ин рӯз эҳтимоли фаромӯшхотир шудану ба фориғболӣ роҳ доданатон вуҷуд дорад. Бемор шуданатон имконпазир аст. Барои табобат ба мутахассиси ботаҷриба муроҷиат кунед. Табобатро ба таъхир нагузоред, беморӣ худ ба худ рафъ намегардад. Бо касе шинос шуданро тавсия намедиҳем.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ