Акмалиддин Каримов: Ба ноҳақиҳои зиёд рӯ ба рӯ шудаам…

Ҳафтаи равон чемпиони ҷаҳон оид ба самбо Акмалиддин Каримов меҳмони ҳафтаномаи “Тоҷикистон” шуд ва дипломи ғолиб дар номинатсияи “Варзишгари сол”-и “Рейтинг-2021”-ро қабул кард. Дар ин дидор бо Акмалиддин суҳбате доштем, ки фишурдаи онро манзури шумо мегардонем.

Шакли видеоии суҳбатро ин ҷо бинед

Варзишгари сол: аз Pressa.tj то 55 group

— Шуморо хонандагони “Тоҷикистон” ва сомонаи Pressa.tj “Варзишгари сол-2021” интихоб карданд. Муборак бошад!

— Ташаккур. Ман ҳам дар навбати худ ба “Тоҷикистон”, Pressa.tj ва нафароне, ки ба воситаи овозҳояшон маро дастгирӣ карданд, раҳмат мегӯям.

— Чӣ гуна ва аз кӣ “Варзишгари сол” шуданатонро фаҳмидед?

— Ростӣ, аз сабабе, ки бо интерет “ҷӯра” нестам, аз ғолиб омаданам хабар надоштам. Ин хабарро шумо ба ман расонидед. Бисёр хурсанд шудам ва шукр ҳам мекунам, ки ба эътимоди мардум сазовор гардидам.

— Чаро дар интернет фаъол нестед?

— Ман бештар дар ҳаёти реалӣ зиндагӣ мекунам, ба интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ завқ надорам. Як сол пеш бо пофишориҳои дӯстон дар Instagram саҳифаи худро кушодам.

— Дар “Рейтинг-2021” рақибони шумо Комроншоҳи Устопирён ва Фаридун Одилов буданд. Бо ин ду варзишгари номвар робита доред?

— Бале, онҳо аз варзишгарони маъруфу номдори кишварамон ҳастанд ва мо робитаи хуб дорем. Якдигарро мешиносем, ба мусобиқаҳо меравем ва аз муваффақиятҳои якдигар ифтихор мекунем.

— Шумо худро “Варзишгари сол” мешуморед?

— Густохӣ нашавад, бале. Соли гузашта унвони қаҳрамони ҷаҳон оид ба самборо ба даст овардам ва ҳам дар ду марҳилаи ҷоми ҷаҳон иштирок карда, дар яке сазовори медали нуқра ва дар дигаре сазовори медали биринҷӣ гаштам. Чун ин дастовардҳоро доштам, бовариам зиёд буд. Илова бар ин, бояд бигӯям, ки ду соли охир ширкати 55 Group маро ҳамчун варзишгари сол эътироф кард.

Ҷабри доварони беадолат

— Акмалиддин, шумо дар чемпионати ҷаҳон оид ба самбо 4 маротиба сазовори медали нуқра ва 3 маротиба гирандаи медали биринҷӣ шудед ва соли гузашта қаҳрамони ҷаҳон гаштед. Чӣ ба ин мусоидат кард: тамрини зиёд, таҷриба, ҳарифони камқувват ё устодон?

— Ман дар 12 чемпионати ҷаҳон оид ба самбо иштирок кардам ва ба он натиҷае, ки гуфтед, ноил гардидам. Барои медали тиллоро ба даст овардан ва унвони қаҳрамони ҷаҳонро соҳиб шудан ман бе танаффус тӯли 7 моҳ дар Русия бо кумаки ҳамсинфам ва дӯсти ҷониям Амриддин Азимов тамрин кардам. Яъне ҳам тамрини зиёду ҷиддӣ ва ҳам таҷрибаи зиёда аз 10-сола.

АКМАЛИДДИН КАРИМОВ «Хочу стать первым в истории Таджикистана двукратным  чемпионом мира» | Новости — Международная Федерация Самбо (ФИАС)

— Пас аз ғолибият ва унвони қаҳрамони ҷаҳонро сазовор шудан дар яке аз суҳбатҳо гуфтед: “Баъди ноҳақиҳои зиёди доварон дар ниҳоят ба орзуи деринаам расидам”. Аз кадом ноҳақиҳо мегӯед?

— Ман дар фаъолияти варзишиям ба ноҳақиҳои зиёд рӯ ба рӯ шудаам. Соли 2014 дар Ҷопон ҷойи сеюмро ба ман доданд, ҳол он ки, ҷойи якум аз ман буд. Маҳз бо ноҳақии доварон ба ҷойи медали тилло медали биринҷӣ гирифтам. Соли 2018 дар Руминия чемпионати ҷаҳон шуда гузашт. Дар вохӯрии нимниҳоӣ ман аз паҳлавони гурҷӣ чор имтиёз боло будам, вале ҳисоб накарданд ва ба финал роҳ наёфтам. Ҳамин тавр, дар Беларус ҳам дар вохӯрии финалӣ бо варзишгари озарӣ ба майдон баромадам, аввал ғалабаро ба ман доданд, вале баъдтар ӯро дастболо карданд.

— Вақте чемпиони ҷаҳон шудед, ашк рехтед. Ин ашки шодӣ, ашки ғалаба буд. Дар ҳолати мағлубият гиря мекунед?

— Варзиш бе бохт намешавад. Вақте соли 2012 бо сабаби ноҳақии доварон ба мақсадам нарасидам, ашк рехта будам.

Чаро стипендияи Президентӣ нарасид?

— Чемпиони ҷаҳон шудан ба шумо чӣ дод?

— Пеш аз ҳама маро ба мақсадам расонд. Парчамамонро боло кард…

— Аз ҷиҳати молиявӣ чӣ?

— Аз ҷониби ташкилкунандагони чепмпионати ҷаҳон барои гирандаи ҷойи аввал 4 ҳазор доллар пешбинӣ гардидааст, ки онро ба ман доданд. Аз соли 2015 ба варзишгароне, ки дар чемпионати ҷаҳон ҷойҳои якуму дуюм ва сеюмро мегиранд, 30, 40 ва 50 ҳазор сомонӣ стипендияи Президентӣ дода мешавад. Ман се маротиба аз ин стипендия гирифтаам, вале ду соли охир аз он бенасиб ҳастам. Соли 2020 дар чемпионати ҷаҳон дар давлати Сербия сазовори ҷойи дуюм шудам, стипендия надоданд ва сабабашро ба вазъи пандемия рабт доданд. Соли гузашта чемпиони ҷаҳон шудам ва бояд ба ман 50 ҳазор сомонӣ медоданд, вале аз он ҳам дарак нест… Ба гумонам, онро ба ман намедиҳанд.

Фикри тарки варзишро надорам!

— Шумо дар 30-солагӣ ба мақсад расидед. Варзишгарони ҷавон чӣ кор кунанд, ки роҳи тайнамудаи шуморо зудтар тай намоянд?

— Аввал бояд пеши худ мақсади калон гузоранд. Баъдан, пайваста талош кунанд, ки ба мақсад расанд.

— Шумо 31-солаед ва…

— Фаҳмидам. Аслан, мардуми мо аз 26-27-солагӣ аз зиндагӣ дилсард шуда, фикри рафтанро мекунанд, вале ман чунин фикр надорам. Барои мисол, дар тими самбочиёни Русия ё Белорус то 40-солаҳо дар майдон ҳастанд. Ҳар нафаре, ки кӯшиш мекунад, дар дилхоҳ сол метавонад қаҳрамон шавад. Ман ҳам ҳоло нияти тарки майдонро надорам.

— Назари аҳли оила чӣ гуна аст?

— Онҳо ҳамеша маро дастгирӣ мекунанд.

Мехоҳам боз чемпион шавам

— Барои варзишгарон боварӣ ба худ муҳим аст. Шудааст ҳолате, ки бовариро аз даст дода бошед?

— Варзиш роҳи душвор аст, аммо ман бовариро аз даст надодаам. Ҳамеша умедвор ҳастам. Бо вуҷуди ноҳақиҳои зиёд, руҳафтода нашудаам. Шояд ҳамин аст, ки билохира қаҳрамони ҷаҳон шудам.

— Акмалиддин, дар филмҳо, саҳнаҳо ва баъзан китобҳо образи варзишгарро нодон муаррифӣ мекунанд. Оё чунин аст?

— Не албатта. Баръакс, ҳар ҳаракати варзишгар ба тафаккуру мантиқ рабт дорад…

— Шумо китоб мехонед?

— Бале, ман китоб мехонам ва бисёр дӯст медорам хонданро.

— Вақте ба мусобиқаҳо омодагӣ мебинед, сарфу харҷатонро кӣ мепӯшонад?

— Кумитаи ҷавонон ва варзиш, сарпарастон, пайвандон…

— Ба ҷуз касеро ба замин бардошта задан, боз чӣ ҳунар доред?

— Ҳеҷ.

— Чӣ нақша доред?

— Як бори дигар қаҳрамони ҷаҳон шавам ва пасон ба ҳайси мураббӣ  чемпионҳои навро омода кунам.

Мусоҳиб

Ҳафизуллоҳ ТОҲИРӢ

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *