толенома

Толеъномаи 7-уми августи соли 2023

Ҳамал (21 март-20 апрел)

ҳамал

Дар ин рӯз ба хотири рафъ сохтани чанд мушкили оилавӣ ҳам вақти холиву ҳам вақти кории худро сарф менамоед. Аз он ки корҳоятон ба таъхир мемонад, озурда нагардед. Ҳамкорон шуморо дастгирӣ мекунанду баъди рафъи мушкилиҳо боз фурсати истироҳат ҳам пайдо мешавад.

Савр (21 апрел-22 май)

савр

Имрӯз хатари зиёд шудани мушкилиҳои пулӣ вуҷуд дорад. Агар вазъи иқтисодиятон номусоид бошад, кӯшиши аз мушкилӣ гурехтанро накунед. Қаҳру ғазаби худро нигоҳ доред, вагарна кор бо ҷангу ҷанҷол анҷом меёбад.

Ҷавзо (23 май-21 июн)

ҷавзо

Рӯзи хубест барои амалӣ намудани нақшаҳои дерина. Корҳои аввалиндараҷаро ба осонӣ ба анҷом мерасонед, чизе наметавонад хотиратонро парешон созад. Маблағи пулиеро, ки интизор будед, имрӯз ба даст оварда наметавонед. Дарди сар қариби бегоҳ рафъ мегардад.

Саратон (22 июн-22 июл)

саратон

Дар ин рӯз чизеро исбот кардану ба саросемагӣ роҳ додан лозим намеояд. Бе шитоб аз пайи кор мешаведу ҳатто баъзе уҳдадориҳои худро ба таъхир мегузоред. Беҳтараш ин рӯзро ба наздиконатон бубахшед. Барои нишастҳои дӯстона, ба театру қаҳвахона рафтанатон мусоид аст.

Асад (23 июл-23 август)

асад

Имрӯз саломатиятон хубу қувваи кориятон дучанд мегардад. Бо атрофиён ба осонӣ дар муошират мешаведу дар ҳалқаи наздикону дӯстон дилхушӣ кардан мехоҳед. На танҳо эҳсосоти худ, балки аз дигаронро низ таҳти назорат гирифтан муяссаратон мегардад. Рӯзи хубест барои шиносоиҳои нав.

Сумбула (24 август-23 сентябр)

сумбула

Дар ин рӯз дар ҳама кор пешсаф будан мехоҳед. Ба зудӣ сари қароре омада, масъулиятро эҳсос мекунед ва дигаронро барои пешравии корҳоятон ҷалб карда метавонед. Ҳамаи ин бе ягон мушкилӣ ба шумо даст медиҳад, зеро атрофиён дар иқдомҳоятон дастгирӣ мекунанд.

Мизон (24 сентябр-23 октябр)

мизон

Дар ин рӯз бодиққат бошед, нафареро, ки бароятон хеле азиз аст, ранҷонида метавонед. Аз уҳдаи тамоми корҳои бар дӯш доштаатон хеле хуб мебароед. Аз тақдир гила накунед, беҳтараш сабру таҳаммулро пеша намоед. Дар ин рӯз бо касе муноқиша накунед, хусусан бо занҳо. Дар акси ҳол пагоҳ пушаймон мешавед.

Ақраб (24 октябр-22 ноябр)

ақраб

Дар ин рӯз бояд тамоми ҷасорати худро ба кор баред. Аз таваккал кардан наҳаросед. Вазъият худ ба худ беҳ мегардад. Даромади пулиятон меафзояду обрӯву нуфузатон зиёд мегардад. Дар бораи пешравиҳоятон овоза накунед, вагарна аз шумо қарз мепурсанд.

Қавс (23 ноябр-21 декабр)

Дар ин рӯз аз машрубот худдорӣ намоед. Беҳтараш бо варзиш машғул шуда, рӯзро хуб гузаронед. Ғизои зараровар хӯрданатон боиси дарди меъдаву рӯдаҳо мегардад. Зудбовар нашавед, вагарна ба доми ҳаннотон меафтед. Нимаи аввали рӯз баъзе ҳодисаҳои ногувор рух медиҳанд. Бо сухани бад касеро наранҷонед.

Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)

ҷаддӣ

Ин рӯзро ба зебоӣ, харидани либос ва бофароғат сохтани хонаву дар бубахшед. Бонувон ба нигоҳубинии мӯйҳояшон бояд диққат диҳанд. Баъди рӯзи корӣ оббозӣ кардан боиси болидаруҳӣ ва хоби бароҳати шумо мегардад. Кореро, ки аз уҳдааш намебароед, ба дӯш нагиред.

Далв (21 январ-20 феврал)

далв

Шуморо имрӯз вохӯриҳову армуғони ногаҳонӣ интизор аст. Бо вуҷуди хеле бобарор будани рӯз ба роҳи макру фиреб наравед, вагарна маблағи калонро аз даст медиҳед. Дар ин рӯз ба кумаки нафарони калонсол ҷасурона умед баста метавонед.

Ҳут (21 феврал-20 март)

ҳут

Имрӯз бароятон лаҳзаҳои зиёди нишотовар меорад. Воқеаҳои рухдода табъатонро болидаву дӯстони наздик дар лаҳзаҳои даркорӣ дастгирӣ намуда, саратонро ба осмон мерасонанд. Ба хабаре, ки баъди нисфирӯзӣ мешунавед, диққати ҷиддӣ надиҳед.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *